logo

энергетика

Тоҷикистон: дурнамои энергетикаи офтобӣ

Он инқилоби илмию техникие, ки бо оғоз дар асри ХIХ дар Аврупо то ҳол дар саропои ҷаҳон идома дорад, вобастаи баҳрабардории башар аз манбаъҳои энергиязое мисли ангишт, нафт ва газ мебошад. Тамоми таҳаввулоти шигарфи тамаддуни моддӣ ва дастовардҳои бесобиқаи илмию  технологии инсонҳо аз ҳамин инқилоб маншаъ мегирад ва ҳаёт бидуни ин манбаъҳо маҳкум ба нобудист. Аммо ангишту нафту газ ва низ уран манбаъҳои таҷдиднопазиранд ва тибқи муҳосибаи коршиносон, батахмин пас аз 50-70 сол захоири онҳо билкул интиҳо меёбад.

Аз рӯи хабари сомонаи интернетӣ, олимони чинӣ як шеваи нави коркарди сӯхти атомиро кашф кардаанд, ки имкон медиҳад нерӯгоҳҳои атомии Чин се ҳазор сол бо сӯхт таъмин бошанд ва ҳол он ки то кунун гуфта мешуд, ки захираҳои урани ин кишвар ҳамагӣ барои 70 соли оянда кофист. Агар ин гузориш ҳақиқат дошта бошад ҳам, башар фоҷиаи нерӯгоҳи ҳастаии Чернобилро аз ёд набурдааст ва такрори он дар ҳар нерӯгоҳи ҳастаӣ имконпазир хоҳад буд. Бар илова манбаъҳои энергияи таҷдиднопазир бо эҷоди газҳои гулхонаӣ мӯҷиби гармоиши иқлими сайёра ва обоиш (обшави)-и пиряхҳо шудаанд, ки офатест ниҳоят азим, ки бақои тамаддунро зери суол мебарад. Ин обхезиҳо, тӯфонҳо ва гирдбодҳои нобаҳангом ва маҳорнашуданӣ, ки дар чаҳор сӯи олам рӯ ба афзоиш ниҳодааст, ҳосили бархӯрди нобихрадонаи инсон ба сарчашмаҳои ёдшуда мебошад.
Аз ин лиҳоз,  башар доимо дар ҷӯишу пажӯҳиши манбаъҳои таҷдидпазири ғайрисуннатӣ буду бошад. Ин сон манбаъҳо дар олами табиат ҳастӣ доранд. Об, бод ва офтоб аз ин зумраанд, ки то поёни ҷаҳон ба мавҷудияти худ давом хоҳанд дод. Дар ин миён офтоб ҷойгоҳу нақши комилан мустасноӣ дорад. Офтоб пайваста фурӯзон аст, нерӯю иқтидори он асло таназзул намеёбад ва барои миллионҳо сол ниёзҳои башарро кифоят мекунад. Бар афзун, офтоб поктарину дастрастарин, тавонотарину густурдатарин намуди энергияи ҷаҳонист ва аз нигоҳи экологӣ партовҳои зиёнбор надорад. Офтоб -ин ситораи меҳварии Роҳикаҳкашон, ки сайёраи Заминро аз он нуру ҳарорат, ҳаёту нишот, сарсабзию хуррамист, иқтидори фавқулода бузургеро дар худ нуҳуфта дорад, ки ҳудудан 500 баробар афзунтар аз эҳтиёҷи ниҳоии тамаддуни башарӣ ба энергия мебошад. Басанда аст, ки барои исботи аҳамияти истисноии энергияи офтобӣ як мисоли дигар оварем. Ба бароварди мутахассисон, энергияи офтобие, ки тайи се рӯз дар қаламрави Русия аз осмон фурӯ мерезад, аз тамоми энергияи барқие, ки ин кишвар дар як сол тавлид мекунад, бештар аст.
Баҳрабардорӣ аз зарфият ва тавонмандиҳои Офтоб аз нимаи дуюми асри XX дар Аврупои Ғарбӣ ва ИМА шурӯъ шуд ва имрӯз қариб тамоми кишварҳои дунё ба ин энергияи бепоёну бебадал рӯ овардаанд. Бино ба пешбинии Кунгураи энергетикии ҷаҳонӣ, соли 2020-ум 5,8 дарсади ниёзи ҷаҳонии энергия аз ҳисоби манбаъҳои энергиязои ҷойгузин таъмин ва 70 дарсади фонди маскунии Иттиҳоди Аврупо бо ин нерӯ рӯшану гарм хоҳад шуд. Коршиносони Оҷонси байналмилалии энергетикӣ (IEA) ҳадс мезананд, ки энергетикаи офтобӣ пас аз 40 сол ҳамзамон бо мавҷудияти технологияи пешрафта бо тавлиди қариб 9 ҳазор теравватсоат ё 20-25 дарсади нерӯи барқи мавриди ниёзи башар ҳар сол 6 миллиард тонна партови гази карбонро коҳиш хоҳад дод.
Ҳукумати Тоҷикистон ба далели афзоиши ниёзи сол ба соли ҷумҳурӣ ба анвои энергия, ояндадорӣ ва берақибии энергетикаи ғайрисуннатӣ ва қарор гирифтани сарзамин дар камарбанди хуршедии ҷаҳон, ки шумори рӯзҳои офтобии он дар як сол ба андозаи миёна 280 рӯзро ташкил медиҳад ва рӯ ба афзунӣ ниҳодани миқдори ин рӯзҳо ба ангезаи гармоиши иқлим моҳи феврали соли 2007 барномаи ҷомеи истифода аз манбаъҳои энергияи таҷдидпазир дар Тоҷикистон барои солҳои 2007-2015-ро омода сохт.
Дар ростои ин тарҳ аввалин дастгоҳҳои офтобии обгармкун ва панел (тахтаоҳан)-ҳои офтобӣ ба ҷумҳурӣ ворид ва аввалин хиштҳои сангбинои энергетикаи офтобӣ гузошта шуд. Алҳол дар ҷумҳурӣ калонтарин тарҳи рушди ин намуди энергетика дар соҳаи тандурустӣ пиёда мешавад, ки онро Бонки ҷаҳонӣ сармоягузорӣ мекунад ва ҳадафи он насби дастгоҳҳои хуршедӣ дар бемористонҳои бахше аз рустоҳои кишвар мебошад. Инак, дар шаҳри Душанбе ва ноҳияҳои Хуҷанду Бохтар се нерӯгоҳи барқӣ бо панелҳои офтобӣ фаъол мебошанд, ки сифати пахтаро месанҷанд. Ин тарҳро Бонки Осиёии Рушд  сармоягузорӣ кардааст.
Ба қавли Қурбонҷон Кабудов, раиси Маркази таҳқиқ ва истифодаи манбаъҳои энергияи таҷдидпазири ҷумҳурӣ, номзади илмҳои техникӣ, дар Тоҷикистон шароити басо мусоиди баҳрабардорӣ аз энергияи офтобӣ вуҷуд дорад ва Донишгоҳҳои давлатии Хуҷанду Хоруғ ва Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон муҷриёни ин барнома мебошанд. ӯ афзуд, ки махсусан ин масъала барои деҳоти дурдасти кӯҳистон хеле муҳим аст, ки кашондани хати барқ ба он мавзеъҳо мушкил мебошад ва ҳамчунин дар баъзе аз минтақаҳои вилоятҳои Суғду Хатлон ва навоҳии тобеи ҷумҳурӣ метавон дастгоҳҳои истифода аз энергияи бодро насб кард ва ҳоло партовҳои кишоварзӣ (биомассаҳо) коркард намешаваду ба энергия табдил намеёбад, аммо дар ин росто ҳам кор идома дорад. Аз рӯи муҳосибаи пешопеши коршиносон, соли 2020 энергетикаи алтернативӣ беш аз 10 дарсади ҳаҷми энергияи барқии тавлидшавандаи ҷумҳуриро ташкил хоҳад дод. Албатта ин рақам, аз назари мо, асоси воқеӣ надорад, вале ҷои шакку шубҳа нест, ки иқдомоте дар ин масир анҷом мегирад.
Зикр шуд, ки яке аз сарчашмаҳои таъмини аҳолии кӯҳистон бо барқ насби нерӯгоҳҳои офтобӣ ва бодии хурд дар ин манотиқ мебошад ва ҳар хонавода метавонад аз ин нерӯгоҳ барои таъмини худ баҳра ҷӯяд. Ин нерӯгоҳҳо аз Олмон, ИМА, Ҷопон, Чин ва Курёи Ҷанубӣ оварда мешаванд. Ҳоло дар бархе аз навоҳии кӯҳистон (мисли Ховалинг, Шӯрообод ва Мӯъминобод) садҳо нерӯгоҳи офтобӣ ва бодии хурд фаъол мебошанд ва мӯҳлати истифода аз онҳо ҳудудан 20-25 сол аст.
Соли 2010 бо ибтикори Вазорати энергетика ва саноат 196 нерӯгоҳи барқи офтобӣ бо иқтидори 25 то 50 ватт дастрас ва дар остонаи 13-умин солгарди таҷлили рӯзи Ваҳдат ба хонаводаҳои нодору иштирокдорони Ҷанги Бузурги Ватанӣ ва бемористони ноҳияи Мурғоби Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон эҳдо шуд. Низ ин вазорат бо вазорати федеролии иқтисоду технология ва бундестаги Олмон дар мавриди ҷалби сармоя барои сохтмони нерӯгоҳҳои офтобиву бодии хурд гуфтугӯ анҷом дод ва гурӯҳи корие аз намояндагони тиҷорию саноатии ин кишвар барои омӯзиши масъала ба Тоҷикистон ташриф овард.
Тавлиди панелҳои офтобӣ ҳам дар ҷумҳурӣ роҳандозӣ шуд. КМ "Само"-и КВД "Садаф" соли гузашта беш аз 150 панел тавлид кард ва қисме аз онҳо ба фурӯш рафт. Як панели дорои нерӯи 120 Вт 850 доллар арзиш дорад. Ин корхона генератори бодӣ ҳам тавлид мекунад, ки 600 Вт нерӯ ва 1350 доллар қимат дорад. Ба ақидаи мутахассисон, баъзе аз корхонаҳои ҷумҳурӣ мисли ТАЛКО қодиранд, ки тавлиди коллекторҳои хуршедиро ба роҳ монанд.
Дар ду соли охир дар ҷумҳурӣ чанд ҳамойиши илмӣ баргузор шуд, ки дар онҳо муаммои манбаъҳои энергияи таҷдидпазир мавриди баҳсу баррасӣ қарор гирифт. Дар Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи Муҳаммади Осимӣ озмоишгоҳи "Энергияи ноб" созмон ёфт ва магистратураи "Технологияи энергияи таҷдидпазир" ифтитоҳ гашт. Дар кишвар бозори дастгоҳҳо ва панелҳои хуршедӣ шакл мегирад ва Анҷумани энергияи таҷдидпазир оғоз ба фаъолият кард.
Қурбонҷон Кабудов - раиси Маркази таҳқиқ ва истифодаи манбаъҳои энергияи таҷдидпазир ақида дорад, азбаски энергетикаи офтобӣ дар ҷумҳурӣ нахустин гомҳои худро мегузорад ва ояндаи дурахшоне дорад, бояд аз сӯи давлат дар саргаҳи шаклгириаш мавриди таваҷҷӯҳи махсус қарор гирад: соҳибкороне, ки ба овардани ин дастгоҳҳо машғуланд, барои чанд сол аз пардохти андоз озод ва барои ҳавасмандсозии мардум грантҳо ҷудо шаванд.
Ҳамин тариқ, дар ҷумҳурӣ энергетикаи офтобӣ, ки ғайрисуннатӣ буда, бо дарёфти энергияе, ки тавассути табдили нурафшонии офтобӣ бо ёрии нерӯгоҳҳо, коллекторҳо, панелҳо ва модулҳо ҳосил мешавад, таваллуд ёфт, вале онро бо дилсӯзии ҳамаҷониба бояд ба по нишонд, қудратманд кард ва азамат бахшид.

 А. Солеҳиён, "Ҷумҳурият"


Баёни ақида (0)    Санаи нашр:    №:    Мутолиа карданд: 3908
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед