logo

илм

Забонро аз қолабҳои сунъии бегона озод намоем

 
Нигоҳе ба сайри таърихии садонокҳои забони тоҷикӣ аз аҳди бостон то имрӯз
 
Забони модарии мо, ки дар даврони истиқлол барои рушду густариши он тамоми имконияту шароит фароҳам шудааст, дар давоми 20 соли истиқлолият ҳамчун забони давлатӣ ба муваффақияту дастовардҳои чашмгире ноил шудааст.
Эмомалӣ Раҳмон, Президенти кишвар, дар асарҳову суханрониҳои хеш ба донишмандон, забоншиносону фарҳангиёни тоҷик дар баробари таҳқиқу баррасии масъалаҳои бунёдии инкишофи забони модарӣ, барои тавсеаву инкишофи минбаъдаи забони тоҷикӣ вазифаҳои мушаххас мегузоранд. Аз ҷумла, дар Паёми Президенти кишвар ба муносибати Рӯзи забон («Ҷумҳурият», 23 июли соли 2009) чунин омадааст: «Аз ин рӯ, яке аз муҳимтарин масъалаҳое, ки бояд мавриди таҳқиқи ҷиддии донишмандон, махсусан забоншиносон қарор гирад, масъалаи муқаррар намудани меъёрҳои забони адабӣ мебошад. Забони давлатиро бояд бар пояи меъёрҳои адабӣ устувор сохта, онро аз ҳама гуна қолабҳои сунъии бегона ва унсурҳои лаҳҷавӣ озод кардан лозим аст. Дар робита ба ин, таъкид месозам, ки инкишофи устувори забонро танҳо дар асоси риояи қоидаҳо ва қонуниятҳои меъёрӣ ва таърихии он таъмин кардан мумкин аст».
 
 
То расидан ба ҳолати имрӯзии худ забони тоҷикӣ дар тӯли таърихи чандҳазорсолаи хеш чандин марҳилаву давраҳои рушду инкишофро тай намудааст. Аз рӯи санаду далелҳои забоншиносӣ забонҳои эронӣ, ки забони тоҷикӣ яке аз онҳост, давраи ориёӣ ё ҳиндуэрониро (дар ин давра як забони поя ба номи ориёӣ вуҷуд доштааст) тай карда, сипас ба гурӯҳҳои эронӣ ва ҳиндӣҷудо мешаванд. Ин ду гурӯҳи забонӣ дар марҳилаи аввали рушд бо ҳам дар сатҳи лаҳҷа ё гӯиш наздикӣ доштаанд, ки сохтори забонии китоби муқаддаси зардуштиён «Авесто» ва «Ведо»-ҳои ҳиндӣ аз ин наздикӣ шаҳодат медиҳад. (Основы иранского языкознания. Древнеиранские языки. -М., 1979. -С. 129-130).
Таърихи инкишофи забонҳои эронӣ шартан ба се марҳила ҷудо мегардад:
1. Марҳилаи бостон ё қадимӣ. Ин марҳила аз оғози ҳазораи дувуми пеш аз милод шурӯъ шуда, то садаҳои IV-III то милод идома доштааст. Мувофиқи санаду далелҳои то ба ҳол бадастомада забонҳои эронии давраи бостонӣ – забони форсии бостон, забони авестоӣ (аз номи китоби «Авесто»), модӣ (аз номи қабилаҳои мод) ва скифӣ (аз номи қабилаҳои эронии сакоии ҳавзаи Баҳри Сиёҳ ва даштҳои назди Волга) мебошанд.
2. Марҳилаи миёна ё давраи асримиёнагии рушди забонҳои эронӣ (ин ном шартӣ буда, ба истилоҳи «давраи асри миёна»-и фанни таърих иртибот надорад). Ин марҳила аз асрҳои IV-III пеш аз милод то садаҳои VIII-IX баъди милод идома доштааст. Забонҳои ин марҳилаи рушди забонҳои эронӣ-форсии миёна, портӣ, суғдӣ, хоразмӣ, сакоӣ, аланӣ (сарматӣ), бохтарӣӯшонӣ, тахорӣ ё балхӣ) мебошанд.
3. Марҳилаи нав ё давраи нави инкишофи забонҳои эронӣ. Ин марҳила аз асрҳои VIII-IX баъди милод шурӯъ шуда, то имрӯз идома дорад. Забонҳои нави эронӣ тақрибан 40 забонро ташкил медиҳанд, ки онҳо форсӣ, тоҷикӣ, дарӣ (се гунаи як забон ҳисоб мешаванд), ҳазора, пушту (афғонӣ), осетинӣ (аланӣ), курдӣ, балучӣ, тотӣ, толишӣ, гелонӣ, мозандаронӣ (табарӣ), забонҳои помирӣ (бадахшонӣ), шуғнонӣ, рӯшонӣ, хуфӣ, бартангӣ, орошорӣ, сарикӯлӣ, вахонӣ, язгуломӣ, ишкошимӣ, мунҷонӣ, ормурӣ, парачӣ, яғнобӣ (суғдии нав), забонҳо ва гӯишҳои хурди марказ ва ғарби Эрон (яздӣ, габрӣ, натанзӣ, хурӣ, симнонӣ, ласгардӣ, сурхеӣ, сангисорӣ, шемерзодӣ, токистонӣ…) ва дигар минтақаҳои Эрон мебошанд. Баъзе забоншиносон ин гурӯҳбандиро ба гурӯҳҳои забонҳои матруки эронӣ (забонҳои бостонӣ ва давраи миёна) ва забонҳои зиндаи эронӣҷудо мекунанд.
Забонҳои эронӣ аз рӯйи талаффузи баъзе овозҳо (овозҳои ҷарангдори б, д, г, (b, d, g), вуҷуд доштан ё надоштани овозҳои тс (ц) ва ҷ (dж), афтидан ё наафтидани овози ҳ (h) ба гурӯҳҳои забонҳои эронии ғарбӣ (ғарбии шимолӣ – модӣ (марҳилаи бостон), портӣ (марҳилаи миёна), курдӣ, толишӣ, симнонӣ, балучӣ ва ғ. (марҳилаи нав), ғарбии ҷанубӣ – форсии бостон (марҳилаи бостонӣ), форсии миёна (марҳилаи миёна), форсӣ, тоҷикӣ, дарӣ, тотӣ, ҳазора, лаҳҷаҳои Форс ва ғ. (марҳилаи нав) ва гурӯҳи забонҳои шарқӣ (шимоли шарқӣ – скифӣ (марҳилаи бостон), марҳилаи миёна (аланӣ, суғдӣ, хоразмӣ), марҳилаи нав (осетинӣ ё осӣ ва яғнобӣ) ва ҷануби шарқӣ (марҳилаи миёна – сакоӣ, бохтарӣӯшонӣ), марҳилаи нав – афғонӣ (пашту), мунҷонӣ, забонҳои помирӣ, вахонӣ, язгуломӣ, ишкошимӣ) гурӯҳбандӣ шудааст.
Азбаски забони авестоӣҳам хусусиятҳои забонҳои ғарбӣ ва ҳам хосиятҳои забонҳои шарқии эрониро дорад, он ба ин гурӯҳҳо дохил карда нашудааст. Аз забони бохтарӣӯшонӣ) ҳам аз марҳилаи бостонӣ санаду далелҳои мушаххас боқӣ намондааст, мисли дигар забонҳое, ки ҳатто аз давраи миёна (пашту, курдӣ, балучӣ ва ғ.) далел надоранд.
Фарқияти ин ду гурӯҳи забонҳои эрониро метавон дар намунаи зерин баръало мушоҳида кард. Вожаи «пой» дар забони эронии қадим агар дар шакли pāda вуҷуд дошта бошад, он дар форсии бостон дар шакли «pād» ва дар форсии миёна (паҳлавӣ) дар шакли «pāy» ва дар форсӣ ва тоҷикии имрӯз он дар шакли pā(у) таҳаввули овоӣ пайдо кардааст. Ҳамин калима дар гурӯҳи забонҳои шарқии эронӣ дар намунаи забонҳои сакоии аҳди бостон дар шакли «pād», дар забони аланӣ (осетинии давраи миёнаи рушди забонҳои эронии шарқӣ) ба шакли «fād» ва дар забони осетинӣ (осӣ) ба шакли «fad» тағйири овоӣ пайдо кардааст. Дар нақша ин тағйиротро чунин тасвир кардан мумкин аст.  
Бояд гуфт, ки умумияти забонҳои эронӣ ва ба халқҳои эронии форсҳо, модҳо, ариҳо (сокинони Ҳирот ва атрофи он), бохтариён, суғдиҳо фаҳмо будани забонҳои онҳо на танҳо аз тарафи забоншиносон, балки аз тарафи муаррихон ва ҳатто сайёҳон ба таври махсус қайд шудааст. Масалан, Страбон қайд мекунад, ки форсҳо, модҳо, ариҳо ва суғдиҳо дар асри яки милодӣ ба забонҳои тақрибан якхела сӯҳбат мекунанд. (Основы иранского языкознания. Древнеиранские языки. -М., 1979.-С.91.)   Бичурин Н.Я. низ аз гуфтаи сайёҳи Чин Чжан-Тсян (асри II пеш аз милод) ин нуктаро айнан меорад: «Аз Давон (Фарғона) ба тарафи ғарб то давлати Ансӣ (Порт), ҳарчанд ки дар лаҳни гуфтугӯ фарқият зиёд аст, забони онҳо ба ҳамдигар хеле монанд аст ва дар гуфтугӯҳамдигарро мефаҳманд». (Бичурин Н.Я. Собрание сведений о народах, обитавших в Средней Азии в древние времена. -Т.1-3, 2 изд. М – Л., 1950-1953. -Т.II. -С.161-188).
Ин умумият ва ягонагии забонии мардуми эронитабор ва вуҷуд доштани як забони умумии ориёӣҳамчун забони расмии давлатдории шоҳаншоҳиҳои мо дар намунаи катибаи Бесутуни Дориюши Кабир (забони ориёӣ) ва катибаи Работаки Канишкаи Кабир, шоҳаншоҳи Кӯшониён, дар ибтидои ҳазораи аввали милодӣ (забони ориёӣ) дар асари Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон «Тоҷикон дар оинаи таърих. Китоби дуюм. Аз Ориён то Сомониён» ба таври муфассал баррасӣ шуда, аз ҷумла гуфта мешавад: «Ногуфта намонад, ки қабл аз Канишкаи Кабир яке аз бунёдгузорони империяи ҷаҳонии Ҳахоманишӣ – Дорои I дар катибаи Бесутун бо забони ориёӣ китобат шудани навиштаҷоти Бесутунро низ зикр намудааст, ки ин аз мавҷудияти забони умумӣ ва ба ҳамдигар наздики қавмҳои ориёитабор – аз Бохтар кашида то Порс шаҳодат медиҳад». (Эмомалӣ Раҳмон. Тоҷикон дар оинаи таърих. Китоби дуюм. Аз Ориён то Сомониён. Душанбе, 2004, -С.114). 
Ин маълумоти умумӣ барои он оварда шуд, ки аксари муҳаққиқоне, ки имрӯз дар матбуот оид ба забони тоҷикӣ ва хусусиятҳои он андешаронӣ мекунанд, мутаассифона, дар бораи масъалаҳои бунёдии забони мо бе донистани асосҳои аввалияи илми забоншиносӣ пешниҳодҳои ба ном «илмӣ» мекунанд. Мо ин амалро дар бахши садонокҳои забони тоҷикӣ дар солҳои охир зиёд мебинем. Бинобар ин тасмим гирифтем, ки дар бораи сайри таърихии садонокҳои забони тоҷикӣ аз марҳилаи бостон то имрӯз дар асоси пажӯҳишҳои бунёдии илми забоншиносии эронӣ маълумоти мухтасаре пешниҳод намоем.
Пеш аз ҳама аз тамоми забонҳои эронӣ ба забони тоҷикӣ ва сохтори овоиву дастурӣ ва вожагонии он забонҳои марҳилаи бостон - авестоӣ ва форсии бостон, марҳилаҳои миёна - портӣ, форсии миёна, бохтарӣӯшонӣ) ва суғдӣ таъсири зиёде доранд. Аз ин забонҳо забони форсии бостон ҳамчун забони поягузори забони тоҷикӣ дар аҳди бостон ва забони форсии миёна ҳамчун забони поягузори мустақими забони мо дар аҳди миёна ҳисоб мешаванд ва аз рӯи ақидаи аксари муҳаққиқони эроншинос, шартӣҳам бошад, забони тоҷикӣ (форсӣ, дарӣ) давомдиҳандаи бевоситаи забонҳои форсии бостон ва миёна ба шумор меравад. Забони портӣ, ки ба гурӯҳи забонҳои ғарбии эронӣ ва бохтариву суғдӣ, ки ба гурӯҳи забонҳои шарқии эронӣ дохил мешаванд, дар такомули забони тоҷикӣ нақши муҳиме доштаанд. Бояд ёдовар шуд, ки забони тоҷикӣ дар давраи сароғози пайдоиши худ, пеш аз ҳама, дар минтақаи паҳншавии ин забонҳо, яъне забонҳои портӣ, бохтарӣ ва суғдӣ пайдо шуда, сипас дар асрҳои XI-XII милодӣ ба қисматҳои дигари Эронзамини таърихӣ густариш ёфтааст. Намунаҳои аввалини осори тоҷикӣ (форсии нав) дар Балху Марв ва Бухорову Самарқанд ин ақидаро собит месозад. Бинобар ин дар шаклгирии меъёрҳои забони адабӣ забонҳои авестоӣ, форсии бостон, портӣ, форсии миёна, забони бохтарӣ ва забони суғдӣ таъсири мустақим доранд.
Дар ташаккулёбӣ ва густариши забони тоҷикӣ як гурӯҳ забонҳои эронии шарқӣ низ нақши бузург доранд. Ин забонҳо – забони бохтарӣ ва забони суғдӣ мебошанд, ки дар давраи нави инкишофи забонҳои эронӣ бештар дар бахши вожагон ва камтар дар бахши овоиву дастурӣ хеле аз хусусиятҳои худро ба забони тоҷикӣ додаанд.
Яке аз хусусиятҳои хоси овозҳои забонҳои бостонии эронӣ ба таври мушаххас фарқ кардани садонокҳо аз лиҳози дарозии овоз мебошад. Забони форсии бостон, ки падарбузурги забони тоҷикӣҳисоб мешавад, дар таркиби худ, тавре ки дидем, се ҷуфти садонокҳои одӣ(i - ī, - a - ā, u - ū) ва чор садоноки мураккаб (ai, aī, au, aū) дорад. (Bartholomae Chr. Awestisch und Altpersisch || Grundriss der iranischen Philologue. Bd. I. Alt.1.Strusslbug, 1895-1901,187; Meillet A. Grammaire du v ieux perse, Paris, 1931 .-С. 47-48.). Инкишофиминбаъдаисадонокҳодарзабонифорсиимиёнавапортӣнишонмедиҳанд, кидусадонокҳоимураккабaiваauмутаносибанбасадонокҳоидарозиēваōтабдил ёфтаанд, дарзабонифорсиимиёнадардавраиоғозиниинкишофизабониклассикиифорсӣ-тоҷикӣшумораисадонокҳобаҳаштсадонок(i, ī, ē, a, ā, u, ū, о,)мерасад.
Моинсадонокҳородаросоришоиронунависандагонидавраиклассикииадабиётифорсутоҷик (асрҳои IX-XX) мебинем. Дариндавра дарозивукӯтоҳии садонокҳобаандозаеаҳамиятдоштанд, кидаривазишеъриҳиҷоииадабиётимошеъриарӯзбавуҷудомад. Инамрагаразяктарафзеритаъсириадабиётиараббавуҷудомадабошад, азтарафидигар дарпайдоишииннавъишеър нақши садонокҳоикӯтоҳвадароз хелезиёдаст. Инмуқобилгузориисадонокҳобасадонокҳоидарозукӯтоҳдаралифбоиарабиасоситоҷикӣҳаминъикосёфт. Овозҳоисадонокҳоидарозиīваē боҳарфиی-йоваū, ōбоҳарфи (و) вовнавиштамешуданд. Садонокҳоикӯтоҳи i бокасра (), u – бозамма (ваабофатҳа () ишорамешуданд, кибаъзаннишондоданамешуданд. Даралифбоиарабиасосимобароидусадонокибароиарабҳономаълумēваōистилоҳҳои «йо-имаҷҳул» ва «вов-имаҷҳул» истифодамешавад. Яънеагарīйо-имаъруфбошадванавиштботалаффузмувофиқаткунад, пасē - йо-имаҷҳулваū - вовимаъруфбошад пасōвовимаҷҳул мебошад. Агаринистилоҳҳоизабоншиносӣваовонавиштионробоалифбоиимрӯзабаргардонем, ӯ-идароздаркалимаҳоигӯш, рӯз, бӯйвағайравови маҷҳулвау-идарозикалимаҳоидуд (форсиимиёнаdūt), дур (форсиимиёна dur) хун (форсиимиёна xӣn) вовимаъруфмебошанд. Иновозҳодарзабонифорсииимрӯзбововнавишташуда, ҳамчуну-идарозифодамешаванд, валедарзабонитоҷикӣонҳобархебоӯ-идарозвабархедигарбоу-икӯтоҳнавиштамешавад, киҳолосарчашмаибаҳсидоманадоридонишмандонгардидааст. Айнанҳаминусулдарнавиштийо-имаҷҳулвайо-имаъруфдарзабонитоҷикӣвафорсӣмушоҳидамешавад. Агарйо-имаҷҳулдарзабонитоҷикӣбасадонокиалоҳидаиē табдилёфтабошад, ондарзабонифорсӣбоовозиīякҷо шуда, бойо (ی) навиштамешавад. Масалан, калимаҳоишерваширдарзабонифорсӣякхелнавиштамешавад, валемаъноҳоигуногунроифодамекунанд. Боядгуфт, кидарҳардумавридхусусиятҳоихосизабонитоҷикӣдарфорсиимиёнадидамешавад, валедарфорсии имрӯзшоядзеритаъсириомилҳоизабонҳоибегонатағйиркардабошад. Дарвазниарӯз i (и-икӯтоҳ), кибокасра () ифодамешавадваī (и-идароз) маҷҳул, кибойо (ی) ифодамешавадбоҳамдигардаршеърҳамвазннестанд, вале бархеаз шоиронимобаиллатичуниндигаргуниинодурустисолҳои 40-умисадаиХХдаримлоизабон масаланкалимаидилробоНилқофиямебанданд, кидарвазниарӯзхатоимаҳзҳисобмешавад.
Ҳаминтариқ, агарсодатаргӯем «вовимаъруф» бароиарабҳоӯ-и маълумаствабоиналоматишоратмешавад, вале «вовимаҷҳул» ӯ-иномаълумастяънебаарабҳоошнонест, валеонҳамбововишорамешавад. Ба истилоҳи дигар вов – ҳарфи арабист, ки бо аломати «و» ифода мешавад. Дар алифбои арабиасоси тоҷикӣ ин ҳарф ба ғайр аз овози «в» ӯ-и дарозро (ū) ифода мекунад. Истилоҳи «вови маъруф» ба ҳамин овоз дар калимаҳои дур, хун, буд ва ғайра марбут аст. Овози ӯ-и дароз (ō) дар калимаҳои рӯз, бӯй, гӯш ба арабҳо маълум набуд ва дар алифбои арабӣҳам вуҷуд надошт ва азбаски барои арабҳо овози номаълум буд, онро бо ҳарфи вов (و) ишора карда, «вови маҷҳул», яъне «вови ноошно» номиданд.
«Йо» номи ҳарфи ی дар алифбои арабиасоси тоҷикӣ мебошад. Ин ҳарф дар алифбои арабӣ овози ī-ро (ӣ-и дароз дар калимаҳои бино, пир, шир, сир…) ифода мекунад. Овози ē ( дар калимаи шер, деҳ, пеш, …) барои арабҳо ноошно буд, вале ин овозро ҳам бо йо (ی) ишора мекунанд. Биноан аввалиро «йо-и маъруф» ва овози ē-ро «йо-и маҷҳул», яъне ноошно ва номаълум номиданд. Овози е дар забони тоҷикӣ аз дарозӣ ба устуворӣ гузашта, садоноки ī-(и-и кӯтоҳ) калимаҳои арабиро пеш аз ҳамсадои ҳ, ки дар арабӣ бо ī талаффуз мешаванд, (иҳтимол, иҳтиром ва ғ.) ба худ тобеъ намуда, онро дар шакли эҳтимол, эҳтиром, эҳдо овардааст. Бояд гуфт, ки садоноки ē (аз таркибҳои овоии эрони қадим ai, aуa) дар тамоми лаҳҷаҳои забони тоҷикӣ устувории худро нигоҳ доштааст.
Дар марҳилаи нави инкишофи забонҳои эронӣ забони тоҷикӣ дар гурӯҳи забонҳои ҷануби ғарбӣҳамроҳ бо забонҳои форсӣ, дарӣ, ҳазора, тотӣ мебошад. Албатта, ин тақсимбандӣ шартӣ буда, фақат барои нишон додани хусусиятҳои умумӣ ва фарқкунандаи ин забонҳои ба ҳам наздик шартан сохта шудааст. Тавре ки аз ин тақсимбандӣ мебинем, ба ғайр аз забони тотӣ, ки фарқиятҳои он аз забонҳои дигари ин гурӯҳ бештар мебошад, забонҳои дигар (форсӣ, дарӣ, тоҷикӣ, ҳазора) тақрибан хусусиятҳои гӯишӣ ва лаҳҷавии як забони умумиро доро мебошанд. Ин умумиятро метавон ба ҳамон умумияти забонҳои ориёӣ итлоқ кард, ки дар аҳди қадим бо номи «забони ориёӣ» (забони форсии қадим ва забони бохтарии кӯшонӣ дар сангнавиштаҳои шоҳони Ҳахоманишӣ ва Кӯшонӣ забони ориёӣ номида шудааст) номгузорӣ шудааст. (ЭмомалӣРаҳмон. Нигоҳебатаърихватамаддуниориёӣ, Душанбе, 2006, с.211.).
Забониклассикиифорсиитоҷикиимо, кибаивазизабонҳоифорсиимиёна, портӣ, бохтарӣвасуғдӣдарқаламравипаҳншавииинзабонҳоҷойгузинионҳогардид, азлиҳозихусусиятҳоиовоӣ, дастурӣвавожагонӣаззабонҳоихешовандибостониихешхеледуррафта, хусусиятҳоихосихудропайдокард. Пешазҳама, дарбахшифонетикаёовошиносӣмасъалаитағйиротватаҳаввулисифатӣбаривазитағйиротимиқдорӣбаҷоиаввалмебарояд. Дарзабонитоҷикиидавраиклассикӣмислизабонифорсиимиёнаҳанӯзҳамҳаштсадонок (сеҷуфтикӯтоҳидарози i-ī, a-ā, u-ūвадусадонокидарозиазсадонокҳоимураккабиai>ēваau>ōпайдошуда) вуҷуддорад, валедарзеритаъсиритағйиротисифатӣдарҳолитағйирёфтанаст. Ҳаминтариқ, дарзабонитоҷикииклассикӣ (форсиидарӣ) ҳаштсадонок(i, ī, ē, a, ā, u, ū, ō)вуҷуддорад. Бароитаҳаввулиҳамсадоҳоииндавраизабонимотағйиротизиёдисифатӣдарҷобаҷогузориионҳодидамешавад.
Дарбахшисарфунаҳвтағйротиасосӣазҳолатитасрифӣ (синтетикӣ) баҳолатитаҳлилӣ (аналитикӣ) гузаштаниҳиссаҳоинутқмебошад.
Азбайнрафтаниҷинсиятутасрифипадежӣвагузаришиҳолатиҷамъбан­диисегона (танҳо, дугонаваҷамъ) баҷамъбандиидугона (танҳоваҷамъ) хусусиятҳоихосиҳолатитаҳлилиизабонмебошад, киинтағйиротҳоҳанӯздарзабонҳоифорсиимиёна, портӣвақисмандарзабонибохтарӣнамудоршудабуданд. Албатта, дардавраиаввалиинкишофизабониклассикиифорсиитоҷикӣхусусиятҳоимаҳаллӣвалаҳҷавииинзабондарминтақаҳоигуногунигустаришиондидамешудватаҳияифарҳангулуғатномаҳоигуногуншоҳидиингуфтаҳост. Валехусусиятҳоиумумӣвамеъёриизабониадабӣбароиинзабонтоимрӯзбоқистваметавонгуфт, киалорағмихусусиятҳоихосигунаҳоитоҷикӣ, форсӣвадарӣбайниинсегунаизабониадабӣумумиятҳоазфарқиятҳодидахелебештараст.
Таврекимаълумаст, талаффузи «вовимаҷҳул», киазрӯиақидаизабоншиносонимрӯздарзабонифорсииЭрондиданамешавад, дарзабонитоҷикӣвадарииАфғонистонбоқӣмондааст. Албатта, фонемаиӯёбатавридигару-идароздарзабонитоҷикӣтаҳқиқиҷиддӣмехоҳад, зерокишаклиталаффузионбавовимаҷҳуликлассикӣшартанмуқоисамегардад. Тарзиталаффузиондарзабонифорсиимиёнавафорсиидарӣётоҷикииаҳдиклассикӣбатавримушаххасмаълумнестваоназрӯианъанавасуннатидарозталаффузкарданионбаррасӣмегардад. (Основа иранского языказнания. Новоиранские языки, М.1982, с. 20.). Ин масъаларо метавон ба таври муфассал дар намунаҳои мувофиқати таърихии ин овоз аз форсии бостон то забони тоҷикӣ баррасӣ намуд.
Вови маҷҳул дар забони классикии форсии тоҷикӣ аз ҳисоби ба садоноки дарози ū табдил ёфтани садоноки мураккаби aū ва ба воситаи дароз талаффуз кардани баъзе аз таркибҳои овозӣ пайдо шудааст, ки мушаххасан дар мисолҳои зерин дида мешавад:
1. Дар калимаҳои монанди рӯй, гӯш, бӯӣ, рӯд, рӯй, дар асоси табдил ёфтани садоноки мураккаби забонҳои авестоӣ ва форсии қадим au ба садоноки дарози ū пайдо шудаанд:   
рӯз < форсии миёна ва портии rōz (форсии миёнаи давраи аввал ročфорсии бостон raučah ба маънои рӯз, авестоии raočan – равшан < эронии қадим raučah). Бояд гуфт, ки забони эронии қадим дар асоси матнҳои «Авесто» ва форси бостон бозсозӣ ва барқарор шудааст. Калимаи авестоии raočan имрӯз дар забони тоҷикӣ дар шакли равшан ва рӯшан вуҷуд дорад ва ин мисол исбот мекунад, ки имрӯз ҳам кӯтоҳшавии садонокҳои мураккаб (ав-и тоҷикӣ ва оӯ-форсӣ) дар забони мо идома дорад. Равған ва рӯған ҳам шоҳиди ин гуфтаҳост.
Гӯш < форсии миёна – gōҷ < форсии бостон gauҷa, авестоии gaoҷa< эронии қадим gauҷa;
бӯй < форсии миёнаи bōy < авестоии baoδa < эронии қадим bauda;
рӯд < форсии миёнаи rōd < форсии бостон rautah < эронии қадим rautah;
рӯй < форсии миёнаи rōy < авестоии raoδa < эронии қадим rauda ба маънои намуди беруна.
2. Бо роҳи ба садоноки дарози ū табдил ёфтани таркибҳои овозӣ:
а) аз эронии қадими aua:ӯ ба маънои шахси сеюми вай < форсии миёнаи ōy < форсии бостон avahya аз ҷонишини ишоратии ava – он, вай < эронии қадим ava;
фурӯ ба маънои поин < форсии миёна frād < форсии бостон frauatа – ба пеш, ба поин;
зӯр ба маънои тавоноӣ, қудрат < форсии миёна zōr< форсии миёнаи давраи аввал zavar, портии zāvar < авестоии zāvar;
пӯст < форсии миёна pōst< форсии қадим pavasta;
ту < форсии миёна tō< авестоии tava < эронии қадим tava ба маънои «аз ту»;
б) аз таркиби овозии форсии бостон agu >avuōu > ō;
 мӯбад < форсии миёна mōubad (давраи аввал - mōupat) < форсии бостон magupati – рӯҳонии зардуштӣ;
в) аз таркиби овозии va > ō;
вожаи ду < форсии миёнаи dō < авестоии dva, форсии бостон duva. (Муфассал ниг.: Основы иранского языкознания. Новоиранские языки. М., 1982, с.42-43.).    
Ин таркибҳои овозии авестоӣ ва форсии бостон дар забони тоҷикии имрӯз бояд овози ӯ-ро диҳанд, ки тавре аз имлои имрӯз бармеояд, на ҳамаи ин овозҳо бо ӯ ишора мешавад. Ҳол он ки дар забони мо бе доштани меъёри таърихӣ як силсила қоидаҳо (аз қабили пеш аз овози (h)ҳ дар калимаҳои кӯҳна, куҳан ва пеш аз овозҳои h ва айн (аломати сакта) дар калимаҳои арабӣ талаффуз кардани ӯ пайдо шудаанд, ки имрӯз онҳоро ҳамчун хусусиятҳои хоси забони тоҷикӣқаламдод мекунанд. Ҳол он ки хусусияти хоси ин овозҳоро, яъне ба ӯ-и дароз табдил ёфтани у-и кӯтоҳ дар лаҳҷаҳои шимолии Тоҷикистон, аз ҷумла дар лаҳҷаҳои «самарқандӣ-бухороӣ, ленинободӣ-конибодомӣ, аштӣ, чустӣ, косонсоӣ, ӯротеппаӣ, шаҳристонӣ» дар намунаҳои ӯҳда, мӯҳтоҷ, мӯмин (арабии муъмин) ҳанӯз дар соли 1964 муҳаққиқи рус В. Расторгуева қайд карда чунин гуфта буд: «Гузариши u (у-и кӯтоҳ) ба ů (ӯ-и дароз) дар зери таъсири ҳамсадои гулӯӣ танҳо дар лаҳҷаҳои шимолӣ (ҷое, ки садоноки ū (ӯ-и дароз) дорад) ва махсусан дар лаҳҷаҳои самарқандиву бухороӣ, лелинободиву конибодомӣ, аштӣ, чустӣ, косонсоӣ, уротепагӣ, шаҳристонӣ дида мешавад». (Расторгуева В.С. Опыт сравнительного изучения таджикских говоров. М., 1964. -С.29). Яъне ин падида дар аксарияти дигари лаҳҷаҳои минтақаҳои тоҷикнишини тоҷикони Осиёи Марказӣ ва лаҳҷаҳои марказӣ, ҷанубӣ ва ҷануби шарқии Тоҷикистон аз тарафи муҳаққиқон маълум карда нашудааст ва онро ҳамчун меъёр ба забони адабӣ дохил кардан ба назар дуруст намерасад. Агар меъёрҳои забони адабиро ба баъзе минтақаҳои тоҷикнишини Ӯзбекистону Тоҷикистон маҳдуд накарда, онро ба тамоми сарзамини тоҷикон мансуб донем, нодурустии ин меъёр боз ҳам равшантар ва бармалотар аён мегардад. В. Расторгуева таъсири забонҳои туркӣ ва махсусан забони ӯзбекиро дар пайдо шудани овози ӯ дар калимаҳои арабӣ ва тоҷикӣ дар намунаи лаҳҷаҳои Чирчиқи боло, Риштон ва атрофи он зикр намуда чунин мегӯяд: «Ин фонема (овози ӯ дар назар аст) хати инкишофи ō-и маҷҳули куҳанро идома намедиҳад. Он дар ин ҷо аз забони ӯзбекӣ иқтибос шудааст ва фақат дар калимаҳои иқтибосии ӯзбекӣ дида мешавад» (мисолҳо ҳам оварда мешавад).
Баъдан ӯ дар ҳамин ҷо зикр мекунад, ки «ō-и маҷҳул дар ин ҷо ба монанди лаҳҷаҳои марказӣ ба овози ū табдил ёфтааст: rūz, rūy, mūy ва ғ.». (Расторгуева В.С. Опыт сравнительного изучения таджикских говоров. М., 1964. -С.41, Тагирова К. Таджикские говоры Бастандоскского района Узбекской СССР, Сталинабад, 1959. -С.10-11). (яъне ба у-и дарози калимаҳои дур, пур, гур ва ғ.)
Бояд гуфт, ки масъалаи садонокҳои забони тоҷикӣ дар даврони шӯравӣ борҳо мавриди баррасӣқарор гирифтааст ва то ин дам шумораи садонокҳои забони тоҷикиро пажӯҳишгарон гоҳ дар асоси шумораи садонокҳо дар забони классикии форсӣ-тоҷикӣ 8 садонок, гоҳҳафт садонок ва асосан шаш садонок ҳисоб кардаанд.
Дар ибтидои асри ХХ, солҳои 1927-1928 дар давраи омодагӣ барои гузариш ба алифбои лотинӣ баҳс сари садонокҳои дарозу кӯтоҳи ūu ва iī хеле доманадор буд ва ин баҳсҳо аввал бо қабул кардани ҳашт садонок i, ī, e, a, o, ů, ū,u анҷом ёфт. Дар натиҷа китобҳои аввалини дарсӣ барои забони тоҷикӣ, ки солҳои 1929-1930 чоп шуданд, бо овардани ҳашт садонок дар забони тоҷикӣ нашр гардидаанд. (Сухарева О. А. Руководство для изучения таджикского языка, Самарканд, 1929; Громатович, Дмитриевский, Хашимов. Учебник таджикского языка, ташкент, 1931; Соколова В.С. Фонетика таджикского языка. М.-Л., 1949.-С.11.).
Абдуррауфи Фитрат дар китоби худ бо номи «Қоидаҳои забони тоҷик (сарф ва наҳв)», ки соли 1930 ба чоп расидааст, чунин менависад: «Босадоҳои (садонокҳои - С.Н.) забони тоҷик 8 адад буда, ба 3 ҷуфт ва 2 тоқа тақсим мешаванд. 6 босадои ҷуфт-ҷуфт:
 

Кӯтоҳ
 
у, и, а
 
Дароз
 
ӯ, ӣ, о
 

 
Ду бо садои тоқа: е, ӯ» (Абдуррауфи Фитрати Бухороӣ. Қоидаҳои забони тоҷик (Сарф ва наҳв). – Душанбе, Сино, 2009. -С.40-41.).
Вале баъдан Комиссия оид ба омодагӣ ба анҷумани илмӣ-забоншиносии Тоҷикистон садонокҳои забони тоҷикиро 6-то муқаррар намуд ва овозҳои i - ī ва u - ū-ро на аз рӯйи дарозӣ, балки дар асоси устуворӣ муайян намуд. (К вопросу об едином литературном таджикском языке, терминологии и латинизированном таджикском алфавите. Материалы работ комиссии по подготовке научно-лингвистического съезде в Сталинабаде, Сталинабад, 1930.).  
Дар солҳои 1937-1940 дар давраи гузариш ба алифбои кириллӣ масъалаи садонокҳои забони тоҷикӣ аз нав мавриди баррасӣқарор гирифт. Боз фарқ кардани iī ва ūu масъалаи асосӣ гардид. Соли 1940 китоби Лутфулло Бузургзода «Фонетикаи забони адабии тоҷикӣ» бо ҳуруфи лотинӣ чоп шуд, ки дар он масъалаи дарозӣ ва кӯтоҳии садонокҳои i - ī ва ūu аз нав тасдиқ гардида, барои забони тоҷикии меъёр ҳашт садонок муқаррар гардид. Аз ҷумла, ӯ дар бораи овози i: - ī менависад: «i: Ин овоз аз ҷиҳати ҷой ва усули ташаккул аз «i» фарқ надорад, яъне овози қатори пеши ғайрилабӣ ва танги болоӣ буда, аммо аз «i» андак кашидатар (дарозтар) талаффуз карда мешавад: i:d, bi:пo, si:r (sī:rikosa), si:r, zi:n, zi:пa, xi:ra, pi:v, di:па, di:ruz//di:rūz, ki:па, si:. Ин овоз дар як қисм шеваҳо монанди забони адабӣ фонемаи мустақил ба шумор равад ҳам, дар як қисм шеваҳо (Самарқанд, Ленинобод) аз «i» фарқ карда намешавад». (Бузургзода Л. Фонетикаи забони адабии тоҷик, Сталинобод, 1940, -С.39; Соколова В.С. Фонетика таджикского языка, М.-Л., 1949. -С.11-12.). Л.Бузургзода дар бораи u:(ū) ҳам чунин ақидаро пешниҳод мекунад ва барои намуна мисолҳои du:r, hu:ҷ, ҷu:ҷ, пu:r, du:d-ро меорад. (Л.Бузургзода ва Б.Ниёзмуҳаммадов. Грамматикаи забони тоҷикӣ, Сталинобод, 1941, с.21; Соколова В.С. Фонетика таджикского языка. М.-Л., 1949, с.12.). Тавре ки аз ин намунаҳо мебинем ва худи муаллиф ҳам қайд мекунад, ин дарозиву кӯтоҳӣ агар дар забони адабӣ ва баъзе аз шеваҳо фонемаи мустақил бошад ҳам, вале дар лаҳҷаҳои Самарқанду Ленинобод аз овози «i» фарқ надорад. Бинобар ин дар имлои забон ҳам минбаъд дар назар гирифта нашудаанд. Вале баъд аз як соли нашри ин китоб китоби дигаре бо номи «Грамматикаи забони тоҷикӣ» нашр мешавад, ки дар он ҳафт садонок (a, e, u, ӣ, o, y, ӯ) барои забони адабии мо муқаррар шудааст. 
Забони тоҷикӣ алорағми гуногунӣ ва мавҷуд будани шумораи зиёди лаҳҷаву шеваҳои мухталиф, ки дар гуногунии талаффузи садонокҳо бештар акс ёфтаанд, умумияти байни ин гӯишу лаҳҷаҳоро дар худ инъикос намудааст. Ин гӯишу лаҳҷаҳо аз лиҳози овозҳо дар зинаҳои мухталифи тағйирёбии сифатӣ ва миқдорӣ нисбат ба овозҳои забони адабӣқарор дошта, ҳангоми таҳлилу баррасиҳои илмӣ умумияти таърихии овозҳои забонҳои эрониро ба таври возеҳ ошкор менамояд. Тавре ки аз сайри таърихии овозҳои забони тоҷикӣ аз авестоиву форсии бостон то забони форсии миёнаву бохтариву суғдӣ дидем, ин забонҳо ба ҷуз аз тағйиротҳои умумӣ, ки дар зинаҳои таҳаввулу такомул ва дар марҳилаҳои рушди таърихӣ ва хусусиятҳои хоси забонҳои шарқӣ ва ғарбии эронӣ дида мешаванд, умумияти равиши таърихии умумиэронӣ доранд.
Талаффузи садонокҳои i ва ī, яъне и-и кӯтоҳ ва ӣ-и дароз дар лаҳҷаҳои забони тоҷикӣ аз рӯйи устуворӣ ва ноустуворӣ ба ду гурӯҳи калон ҷудо мешаванд. Гурӯҳи лаҳҷаҳои шимолӣ (дарёи Зарафшон, тахминан марзи лаҳҷаҳои шимоливу ҷанубӣ мебошад) ва гурӯҳи лаҳҷаҳои ҷанубӣ. Дар лаҳҷаҳои шимолӣ фарқияти байни i ва ī аз рӯи аломати устуворӣ ва ноустуворӣ боқӣ мондааст. Дар лаҳҷаҳои ҷануби Тоҷикистон (шева ва лаҳҷаҳое, ки дар қисмати ҷануби дарёи Зарафшон воқеъ мебошанд) ҳар ду овози i -и кӯтоҳ ва ī -и дароз ба як садоноки ī табдил ёфтаанд. (Расторгуева В.С. Опыт сравнительного изучения таджикских говоров. -М., 1964.-С.19-20).
Масъалаи талаффузи садонокҳои таърихии u, ū, ō (у ва ӯ-и дароз ва ӯ-и маҷҳул)-ро дар лаҳҷаҳои забони тоҷикӣ, В. Расторгуева ба панҷ навъ ё панҷ намуд ҷудо кардааст. (Расторгуева В.С. Опыт сравнительного изучения таджикских говоров. -М., 1964.-С.23-29).
Дар лаҳҷаҳои навъи аввал ва навъи дувум, ки ба гурӯҳи аввал Бухоро, Айнӣ, Чуст, Консой, Хуҷанд, Конибодом, Исфара, Истаравшан, Шаҳристон, Панҷакент ва ба гурӯҳи дувум лаҳҷаҳои шаҳри Самарқанд, болооби Варзоб, Бойсун, лаҳҷаҳои кӯҳистони Ҳисору Қаратоғ дохил мешаванд, овози садоноки маҷҳули «ō» боқӣ монда, аз лиҳози устуворӣ дар муқобили «ū» ва «u» (дар гурӯҳи аввал) ва «u» (дар гурӯҳи дувум) қарор дорад. (Расторгуева В.С. Опыт сравнительного изучения таджикских говоров. -М., 1964.-С.23-27; Соколова В.С. Фонетика таджикского языка, с. 27-29.).
Дар лаҳҷаҳои гурӯҳи сеюм, (лаҳҷаҳои Мастчоҳ, Фалғар, Шайдон, болооби дарёи Чирчик), чорум (лаҳҷаҳои Кӯлоб, Ғорон (Бадахшон), Хумдара, Вахёи боло, Чилдара, Қаротегин, қисмати ҳамвории водии Ҳисор, бахше аз Варзоб) ва гурӯҳи панҷум (лаҳҷаи Дарвоз) хусусиятҳои умумӣ дар талаффузи ин садонокҳо дида мешавад:
 Дар ҳар се навъ ё гурӯҳ садоноки таърихии ō (ӯ-и дароз) дар калимаҳои гӯш, бӯй, рӯз ба овози дарози ū-ӯ табдил ёфтааст.
Овози садоноки дарози ӯ дар калимаҳои хун, дуд, дур, низ бо ō (ӯ-и дароз) якҷо шудааст. Фақат дар лаҳҷаҳои типи сеюм ба ū (у-и дароз) табдил ёфтани (у-и кӯтоҳ) дар баъзе ҳолатҳо дида мешавад.
Дар лаҳҷаҳои типи чорум ва панҷум u (у-и кӯтоҳ) боз ҳам кӯтоҳтар шуда, ба ъ табдил ёфтааст, ки аз ҳамаи садонокҳои забони тоҷикӣ имрӯз кӯтоҳтарин садонок дар забони тоҷикӣ мебошад. Фақат дар лаҳҷаҳои гурӯҳи панҷум (Дарвоз) ҳар ду ҳолат, ҳам кӯтоҳшавии u (у-и кӯтоҳ) ба ъ ва ҳам нигоҳ доштани хусусияти ō (ӯ-и дароз) дар калимаҳои монанди рӯз, гӯш, дида мешавад. (Расторгуева В.С. Опыт сравнительного изучения таджикских говоров. -М., 1964.-С.23-27; Соколова В.С. Фонетика таджикского языка, с. 27-29.).
Қонунмандиҳои инкишофи дохилии лаҳҷаҳои забони тоҷикии қаламрави собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ (Тоҷикистон, Ӯзбекистон ва Қирғизистон) аз лиҳози овошиносии садонокҳои одӣ шумораи ин садонокҳоро аз 6 садонок то 8 садонок нишон медиҳад. Садонокҳои лаҳҷаҳои забони тоҷикӣ ба таври умум аз лиҳози таҳаввули таърихӣҳадди ақал ду роҳи инкишофи худро тай кардаанд.
Аввал аз лиҳози дарозии талаффуз садонокҳои ҳамгун ба ҳам омада, якҷоя мешаванд, ки дар намунаи якҷояшавии садонокҳои ҳамгуни ōӣ, u ва i, ī, e бо равишҳои мухталиф дида мешаванд. Дувум, садонокҳо аз лиҳози хусусиятҳои сифатӣ аз ҳамдигар фарқ мекунанд. Ин тағйирот дар лаҳҷаҳои забони тоҷикӣ ба тариқи зерин мушоҳида мешавад. (Инъикоси ин таҳаввул аз лиҳози минтақавӣ аз шимол ба ҷануб, яъне аз лаҳҷаҳои шимолӣ ба самти лаҳҷаҳои ҷанубӣ мебошад):
1. Овозҳои садоноки навъи шимолӣ дар се марҳила дараҷаи инкишоф ва таҳаввули садонокҳоро ба самти якҷояшавӣ ё ҳамроҳшавӣ нишон медиҳад.
а) Марҳилаи аввал дар лаҳҷаҳои гурӯҳи якум (Бухоро, Панҷакент, ӯротеппа, Шаҳристон, Хуҷанд, Конибодом, Исфара, Консой, ҷануби Ашт дар намунаи гузаштан аз садонокҳои дарозу кӯтоҳ ба садонокҳои устувору ноустувор (баъзе ҳолатҳои муқобилгузории дарозу кӯтоҳ) дида мешавад. Ин лаҳҷаҳо дорои ҳашт садонок i, (ī), е, a, о, u, (ū), ů, мебошанд;
б) марҳилаи дувум якҷояшавӣ ва баҳамоии u ва ū (у-и дарози калимаҳои дур, нур…) бо нигоҳ доштани муқобилгузории i ī дар ҳолати ноустуворӣ ва устуворӣ (i ва ī дар намунаи калимаҳои дил-пир, китоб- ширин ва ғ.). Дар ин лаҳҷаҳо (танҳо лаҳҷаи Самарқанд ва атрофи он) ҳафт садонок (i,(ī), е, a, о, u, ů,) дида мешавад;
в) марҳилаи савум баҳамоии садонокҳои i ва ī (ӣ, и) дар намунаи калимаҳои пир, дил, шир, ва ғ. ва вуҷуд доштани шаш садонок (i , е, a, о, ů, u) дар лаҳҷаҳои кӯҳистони Ҳисор, Бойсун, Дарбанд, Варзоби боло. Бояд гуфт, ки ин лаҳҷаҳо бештар зери таъсири лаҳҷаҳои ҷанубӣӯлобӣ ва қаротегинӣ) қарор дошта, дар онҳо баҳамоии ū ва ů (дар намунаи калимаҳои рӯ > ру, бӯ > бу, сӯ >су) дида мешавад.
2. Лаҳҷаҳои марказӣ (болооби Зарафшон, Мастчоҳ, Фалғар, Сух) бо хусусияти ҳафтсадонокӣ (i, ī, a, о, е, ū, u), лаҳҷаҳои ҷанубӣӯлобу Вахш, Бадахшон, Рашт, қисмате аз ноҳияи Дарвоз ва Варзобу Ҳисор бахше аз минтақаҳои ҷудогонаи вилояти Фарғонаву Андиҷон) бо хусусияти шашсадонокӣ (i, е, a, о, ъ, ū,) ва лаҳҷаҳои ҷанубу шарқӣ (Дарвоз, асосан Дарвози боло) бо доштани даҳ садонок, (i, е, a, о, ū, u, ъ, ь) ва дорои хусусиятҳои ҳам шимолӣ ва ҳам ҷанубӣ дорои аломатҳои зерин мебошад.
а) Хусусияти умумии тағйироти сифатии садонокҳо бо гузаштани садонокҳои таърихии кӯтоҳи u (у) ва дарози ū (у) ба ů (ӯ) дар лаҳҷаҳои марказӣ;
б) гузариши садоноки таърихии ū ба ь дар лаҳҷаҳои ҷануби шарқӣ;
в) маҳдуд шудани дарозии садоноки маҷҳули ō (ӯ) ва гузаштани он ба ū (у) дар лаҳҷаҳои марказӣ;
г) гузаштани u (у-и кӯтоҳ) ба ъ, яъне боз ҳам кӯтоҳшавии у-и кӯтоҳ дар лаҳҷаҳои ҷанубӣ.
Ҳамин тариқ, дар лаҳҷаҳои забони тоҷикӣ бештар садонокҳои таърихии қатори ақиб ба тағйироти сифатӣ дучор шудаанд. Агар мо тағйироти сифатии лаҳҷаҳои тоҷикии Афғонистонро (махсусан лаҳҷаҳои шимоли шарқӣ ва маркази Афғонистон- Балх, Бадахшон, Қундуз, Тахор, Самангон, Парвон, Кобул) бо лаҳҷаҳои Тоҷикистону Ӯзбекистон муқоиса кунем, пас умумияти ин лаҳҷаҳо бештар бо лаҳҷаҳои ҷануби Тоҷикистон дида мешавад ва дар маҷмӯъ лаҳҷаҳои шимолӣ бо доштани хусусиятҳои қадимӣ (асосан доштани ҳашт садонок) аз як тараф ва лаҳҷаҳои ҷанубӣ бо лаҳҷаҳои шимол ва маркази Афғонистон (бо доштани хусусияти ҳафтсадонокӣ ва шашсадонокӣ) дар байн ва лаҳҷаҳои забони форсӣ бо доштани хусусияти шашсадонокӣ аз тарафи дигар қарор мегиранд. (Расторгуева В.С. Опыт сравнительного изучения таджикских говоров. -М., 1964. -С.38-41; AвdulChafarFavhadi. lepersanparleenAfghanistan. GrammaiveduKaboli/ Paris. 1955; Саколова В.С. Исследования по фонетикие иранских языков. (Автореф. докт. диссерт.). Л., 1954. -С. 29-36. ).
Тавре ки аз муқоисаи овозҳои садоноки забонҳои баррасишуда ва таҷассуми онҳо дар алифбо аз рӯи барқарор кардани он овозҳо бар асоси таҳқиқот ва пажӯҳишҳои забоншиносон дидем, забонҳои эронии ғарбӣ ва шарқӣ ба таври умум дар ҳолатҳои гуногуни фонетикӣ аз ҳам фарқ мекунанд.
Забонҳои ҷануби ғарбӣ бошад дорои хусусиятҳои зеринанд:
1. Забонҳои форсии бостон, форсии миёна ва марҳилаи классикии инкишофи забони тоҷикӣ хусусияти хоси ба ҳам муқобил гузоштани овоӣ (фонетикӣ)-и садонокҳои кӯтоҳ ва садонокҳои дарозро доранд. Масалан, забони форсии бостон дар ибтидо дорои се овози садоноки дароз (ā, ū, ī) ва се садоноки кӯтоҳ (a, u, i) мебошад. Баъдан ду овози садоноки мураккаб (дифтонгҳо) ба овозҳои садоноки дароз (ē аз садоноки мураккаби ai) ва (ō аз садоноки мураккаби au) ба ин гурӯҳҳамроҳ мешаванд. Бояд гуфт, ки ин муқобилгузории садонокҳои дарозу кӯтоҳ дар ин забон аз рӯи андозаи дарозиву кӯтоҳии овозҳо он қадар зиёд нест.
2. Муқоисаи забонҳои бостонӣ ва миёнаи форсӣ бо забонҳои нави эронӣ дар намунаи забонҳои эронии гурӯҳи ҷануби ғарбӣ чунин тағйиротҳои овоиро нишон медиҳад:
а) таҳаввули сифатӣ ва миқдории садонокҳо дар ин забонҳо;
б) мутобиқати таърихии садонокҳо;
в) таҳаввули умумии таркиби садонокҳо.
Садонокҳои забонҳои муосир пеш аз ҳама хусусияти муқобил­гузории сифатии худро ба дарозу кӯтоҳ гум карда, садонокҳои дароз хусусияти маъноии худро аз даст дода (инро мо дар намунаи тағйироти овоии калимаҳои вови маҷҳулдор дидем), ба хусусиятҳои дувумдараҷа табдил меёбанд. Ҳамин тариқ, муқобилгузории садонокҳо аз рӯи хусусияти кӯтоҳиву дарозӣ, ки барои забонҳои ду даври аввал хос мебошанд, ба таври умум дар ҳоли аз байн рафтан мебошанд.
Садонокҳои забонҳои эронӣ имрӯз аз рӯи хусусияти устувор ва ноустувор муайян мешаванд. Аз рӯи ин хусусият шумораи онҳо гуногунанд.
 

 
забонҳо
 
устувор
 
ноустувор
 
садонокҳои мураккаб
 
1.
 
забонҳои форсии Эрон
 
Ī, ā, ū
 
е, д, o
 
ei, ou
 
2.
 
дарӣ (форсии кобулӣ)
 
ē, ī, ā, ū, ō
 
i, a, u
 
ai, au
 
3.
 
забони тоҷикӣ
 
ē, ō, ů
 
i, a, u
 
ai, au
 
4.
 
ҳазора
 
ē, ō, ū
 
i, a, u
 
ai, au, eŭ
 
5.
 
тотӣ
 
x, a
 
i, ŷ, u
 
ei, au, ѳy
 

 
Дар забонҳои тотӣ ва баъзе лаҳҷаҳои тоҷикӣ дар баъзе ҳолатҳо садонокҳои дарози таърихии решаӣ (тоти: ā, i, ū ва тоҷикӣ: i, ū) дида мешавад.
Ба ғайр аз садонокҳои дарозу кӯтоҳ дар забонҳои номбурда садонокҳои мураккаби дуовоза (дифтонгҳо) дида мешавад. Аз ҷумла:
Забони форсӣei, au (meidān, jouҷan) – мейдон, ҷоушан);
Забони тоҷикӣai, au (maidān, jauҷan) – майдон, ҷавшан);
Забони дарӣai, au (maidān, janҷan) – майдон, ҷавшан).
Тавре ки аз ин муқоиса мебинем, дар таркиби садонокҳои мураккаб фарқ байни форсии Эрон аз яктараф ва тоҷикиву дарӣ аз тарафи дигар дида мешавад. (Основы иранского языкознания. Новоиранские языки, кн. 1, М., Наука, 1982, с. 28-50; Языки Азии и Африки, М., 1978, т. 2, с.156-158.).
Ҳамсадоҳои забонҳои муосири гурӯҳии забонҳои ҷануби ғарбӣ аз ҳамсадоҳои забони форсии бостон сарчашма мегирад. Дар забони давраи классикии мо 22 ҳамсадо (p, t, k, b, d, g, č, j, f, s, ҷ, x, h, n, z, ћ, y, γ, m, n, v) вуҷуд дошт. Имрӯз забони форсии Эрон низ 22 ҳамсадо дорад. Фақат дар забони тоҷикӣ ва дарӣ, лаҳҷаҳои тоҷикии минтақаи Форс ба ин ҳамсадоҳо як ҳамсадои q (қ) илова мешавад, ки он ҳам бештар дар калимаҳои иқтибосии забонҳои арабӣ ва туркӣ дида мешавад.
Ҳамин тариқ, дар натиҷаи таҳлили садонокҳои забонҳои эронии гурӯҳи ҷануби ғарбӣ ба хулосаҳои зерин омадан мумкин аст:
1. Дар забонҳои эронии гурӯҳҳои эронии ғарбӣ (шимоли ғарбӣ ва ҷануби ғарбӣ) аз аҳди бостон то ба ҳол ба ҷуз аз баъзе хусусиятҳои овоӣ будани шаш садоноки кӯтоҳу дароз ва аз шаш то ду садоноки мураккаб (дифтонгҳо) дида мешавад.
2. Садонокҳои мураккаб дар муддати инкишофи забонҳо ба садонокҳои дароз табдил ёфта, дар баъзе ҳолатҳо бо садонокҳои дарозу кӯтоҳи забонҳои баъдӣ якҷо шуда, хусусиятҳои овоии худро аз даст додаанд ва имрӯз ҳам дар намунаҳои равшан – рӯшан, равған –рӯған идома дорад.
3. Садонокҳои мураккаб дар забонҳои эронӣ бархилофи ётбарсарҳои забони тоҷикӣ доимо дар асоси дар аввал омадани садонокҳои кӯтоҳу дароз (ai, au, oy, ei ва ғ.) омадаанд ва дар таркиби садонокҳои дароз ҳамсадоҳо ба назар намерасанд.
4. Сайри таърихии садонокҳои забони тоҷикӣ аз аҳди бостон то имрӯз собит месозад, ки дар забонҳои эронии ду давраи аввал (бостон ва миёна) доимо сухан дар бораи овозҳои кӯтоҳу дароз ва дар марҳилаи нави инкишофи забонҳои эронӣ садонокҳои устувору ноустувор меравад ва таҳлили садонокҳо дар забони тоҷикӣ ва забонҳои эронии ба он наздик (гурӯҳи ғарбии эронӣ) аз байн рафтани ҳам дарозӣ ва ҳам устувории садонокҳои дарозро нишон медиҳад.

Сайфиддин Назарзода,
доктори илми филология


Баёни ақида (0)    Санаи нашр:    №:    Мутолиа карданд: 6468
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед