маориф
Барои дастгирии соҳибистеъдодҳо хазина таъсис меёбад
Дар нишасти матбуотии Донишгоҳи технологии Тоҷикистон нахуст чанд лоиҳаи инноватсионии донишҷӯён муаррифӣ гардид. Нуралӣ Шоев, ректори муассисаи таълимӣ, иброз дошт, ки барои татбиқи амалии онҳо маблағҳои зарурӣ ҷудо карда мешавад. Ва саъй ба харҷ меравад, ки то Рӯзи дониш боз таҳияи чанде аз ин гуна лоиҳа ба анҷом расад. Ҳамчунин гуфт, ки бо ҷамъбаст ва натиҷагирии озмуни лоиҳаҳои тарғиботии гурӯҳҳои академӣ ғолибон бо мукофотҳо сарфароз мегарданд. Инчунин барои фаъолияти инноватсионӣ Ҷоизаи ректор таъсис ёфтааст, ки 25 май супурда мешавад.
Маъмурият барои иҷрои Барномаи ҷустуҷӯ ва дастгирии соҳибистеъдодҳо ҳама саъю кӯшишро ба харҷ медиҳад. Аз ҷумла ба ин хотир аз 1 сентябри соли равон бо ворид намудани маблағи калон хазинаи махсус таъсис меёбад.
Ректор афзуд, ки "дар самти бозомӯзии касбӣ ва такмили ихтисоси омӯзгорон чанд барномаи дигарро амалӣ менамоем. Масъулияти омӯзгорро баланд мебардорем. Пас аз ҳар як ду моҳ бо истифодаи технологияи комютерӣ фаъолияти онҳо натиҷагирӣ карда мешавад".
Дар посух ба пурсиши хабарнигори рӯзнома ректор гуфт, ки ба хотири боло бурдани масъулият ҳамаи донишҷӯёне, ки тариқи буҷет таҳсил мекунанд, аз аттестатсия мегузаранд. Таъсиси ихтисосҳои нав, аз қабили имиҷология ё худ нуфузшиносӣ ва бехатарии фаъолияти корхона, дар назар аст.
Абдулқодири РАҲИМ
Баёни ақида (0) Санаи нашр: №: Мутолиа карданд: 5584