мулоқотҳо
Мулоқоти Эмомалӣ Раҳмон бо Роҷиҳ Собир Аббуд ал-Мӯсавӣ
4 май Эмомалӣ Раҳмон, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Роҷиҳ Собир Аббуд ал-Мӯсавӣ - сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Ироқ дар Тоҷикистонро ҳамчунин алоҳида ба ҳузур пазируфт.
Дипломати ироқӣ паёми шахсии Ҷалоли Талабонӣ - Президенти Ҷумҳурии Ироқро ба Эмомалӣ Раҳмон, Сарвари давлати Тоҷикистон, тақдим намуд. Дар он аз ҷумла аз Эмомалӣ Раҳмон даъват карда шудааст, ки дар вақти барои худ мувофиқ ба Ҷумҳурии Ироқ боздиди расмӣ анҷом диҳад.
Зимни сӯҳбат изҳори боварӣ карда шуд, ки сафари расмии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Ҷумҳурии Ироқ метавонад барои таҳким ва густариши муносиботи миёни ду кишвари дорои умумиятҳои амиқи таърихӣ заминаи ҳуқуқиву сиёсӣ эҷод намояд.
Баёни ақида (0) Санаи нашр: №: Мутолиа карданд: 2132