маориф
ДИТ: барномаҳои таълимӣ такмил ёфтанд
Умаралӣ Назаров, ректори Донишкадаи исломии Тоҷикистон ба номи Имоми Аъзам Абӯҳанифа Нӯъмон ибни Собит, ба намояндагони расонаҳои иттилоотӣ оид ба фаъолияти донишкада дар семоҳаи аввал ҳарф зада, аз ҷумла зикр намуд, ки дар ин давра барномаҳои таълимӣ мувофиқи талаботи меъёрҳои стандарти давлатӣ такмил дода шуда, як силсила китобҳои дарсиву дастурҳои методӣ аз нав таҳия гаштанд. Ба ин васила ҳамаи норасоиҳои таълимиву методие, ки мӯҷиби нигаронии Вазорати маорифи кишвар гашта буд, комилан рафъ шуданд.
Тибқи маълумоти ректор теъдоди умумии донишомӯзон 679 нафар, аз ҷумла духтарон беш аз 220 нафаранд ва дар курсҳои омодасозӣ низ дар маҷмӯъ наздики 200 нафар таҳсил мекунанд. Ба хотири баланд бардоштани сифати таълим дар риштаҳои омӯзиши забону адабиёти араб ва илоҳиёт устодони варзида аз мактабҳои олии кишварҳои хориҷӣ даъват шудаанд, ки ду нафари онҳо бонувонанд.
Ректори донишгоҳ дар мавриди қабули донишҷӯёни ба Ватан гаштаи макотиби динии кишварҳои хориҷӣ изҳор намуд, ки аз 52 донишҷӯи довталаб баъди санҷиши сатҳи донишашон 26 нафар дар донишгоҳ бо таълим фаро гирифта шуд.
Хайринисои Расулӣ
Баёни ақида (0) Санаи нашр: №: Мутолиа карданд: 5647