logo

маориф

ДТТ: Маркази нави муҳандисиву техникӣ ба кор шурӯъ кард

 Анвар Абдурасулов, ректори Донишгоҳи  техникии Тоҷикистон дар нишасти матбуотӣ ба намояндагони ВАО аз ин хусус мужда расонида, мусоидат намуд, ки онҳо дар фарҷоми нишаст ба  озмоишгоҳ ташриф оранд. Саҳни марказ  васеъ буда, дар он даҳҳо дастгоҳҳои муосири коркарди қисмҳои  хурди мошинҳои гуногуни  нақлиётӣ насб шудааст ва бо ёрии компютерҳо идора мешавад.  Дастгоҳҳо аз корхонаҳои Ҳиндустон харидорӣ шуда, васли онҳо низ бо ёрии мутахассисони ин кишвар сурат гирифтааст. Инчунин бо дастгирии Ҳукумати Ҳиндустон устодони донишгоҳ дар корхонаҳои шаҳри Бангалор барои ошноӣ бо кори дастгоҳҳо бозомӯзӣ ва такмили ихтисос намудаанд.
Бино ба иттилои ректор марказ айни замон  имкон дорад, ки  дар баробари  баргузории машғулиятҳои амалии муҳандисони оянда ва озмоишҳои таҳқиқотии устодон, макони бозомӯзиву такмили ихтисоси мутахассисони корхонаҳои саноатии кишвар, мисли  "Алюминийи тоҷик" ва "Тоҷиктекстилмаш" бошад.
Тавре ки  Анвар Абдурасулов хотирнишон шуд, ба кор оғоз намудани Маркази муҳандисиву механикӣ гоми навбатӣ дар такмили сохтории  донишгоҳ буда,  омодасозии мутахассисони ҳирфаии замони нав бидуни он ғайриимкон аст. Аз ин лиҳоз мавсуф тасмим гирифта, ки дар пояи  факултаҳои мавҷуда минбаъд чандин донишкада таъсис диҳад, то заминаҳои таълимиву таҷрибавии онҳо ҷавобгӯи талаботи замон гарданд. Ва корҳои ободониву сабзкорие, ки  шогирдону устодони донишгоҳ дар  шаҳраки донишҷӯён, собиқ шаҳраки Политехникум,  оғоз бахшиданд, ба ҳамин хотир аст.

Хайринисои Расулӣ


Баёни ақида (0)    Санаи нашр:    №:    Мутолиа карданд: 5620
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед