logo

паёмҳо

Паёми табрикии Эмомалӣ Раҳмон, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, ба шарафи 66 - умин солгарди Ғалаба бар фашизм, 9 майи соли 2011

Ҳамватанони азиз!
Ветеранҳои арҷманд!

Ҳамаи шуморо ба шарафи санаи бузург ва муқаддас - Рӯзи Ғалаба, ки 66 сол муқаддам ба яке аз ҷангҳои даҳшатноктарин ва фоҷиабори асри ХХ хотима гузошт, самимона табрик гуфта, бароятон сулҳу оромӣ ва саломативу хушбахтӣ орзу менамоям.
 Ин Ғалаба озодиву истиқлолро натанҳо барои собиқ халқи шӯравӣ ҳифз намуд, балки тамоми мардуми Аврупоро аз вабои фашизм наҷот бахшид.
 Нӯҳуми майи соли 1945 дар таърихи мардуми сулҳпарвару озодихоҳи тоҷик ҳамчун натиҷаи корнамоиҳои беназир ҳам дар ҷабҳаи набард ва ҳам дар ақибгоҳ арзёбӣ мегардад. Зеро хурду бузурги кишвар ба хотири ҳифзи Ватан ва таъмини ҳарчи зудтари пирӯзӣ дар ҷанг қаҳрамониҳои бемислу монандеро нишон доданд. Дар асарҳое, ки ба ин ҷанги фоҷианоки таърихи башарият бахшида шудаанд, ба корномаҳои ҷангиву меҳнатии мардуми сарбаланди мо саҳифаҳои зиёде бахшида шудаанд.
 Дар ин ҷанги ҷаҳонӣ Тоҷикистон даҳҳо ҳазор фарзандони худро талаф дод. қисме аз онҳо дар қабристонҳои бародарӣ дар хоки Русия, Украина, Беларус, кишварҳои соҳили Балтика, Молдова, Аврупо ва дигар ҷойҳое, ки муҳорибаҳо барпо гашта буданд, дафн шудаанд.
 Корнамоиву диловариҳои ҳамватанони мо дар таърихи Ҷанги Бузурги Ватанӣ бо ҳарфҳои заррин сабт гардидаанд. Тоҷикистон дар солҳои Ҷанги Бузурги Ватанӣ барои мардуми зиёди собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ хонаи дуюм гардид. Ҷумҳурии мо аз тамоми гӯшаву канори наздик ба хати ҷабҳа -  шаҳрҳои Ленинград, Киев, Москва ва дигар шаҳрҳои мамлакат зиёда аз 40 ҳазор нафар, аз ҷумла 9500 кӯдакро дар паноҳи худ гирифт. Халқи тоҷик онҳоро бо муҳаббати хоса ва тамоми шароити зарурии зиндагӣ фаро гирифта буд.
Ҳарчанд, ки ҷанг аз Тоҷикистон хеле дур буд, вале таъсири он дар ҳама ҷо ва дар ҳар як хонавода эҳсос мегардид. Бо вуҷуди тамоми мушкилоту маҳрумиятҳо мардум дар он замон бо шиори "ҳама чиз барои фронт, ҳама чиз барои ғалаба" заҳмат мекашид.
Агар дар солҳои ҷанг ақибгоҳи мустаҳкаму тавоно намебуд ва фидокориву қаҳрамониҳои меҳнатии заҳматкашон намешуд, ҳаргиз мо ба ғалаба намерасидем.
Қувваи асосии корӣ дар ақибгоҳ занону наврасон ва пиронсолон буданд. Онҳо, сарфи назар аз шароити сангини замони ҷанг, супоришҳои давлатиро барзиёд иҷро мекарданд. Худ гуруснаву бараҳна буданд, вале ба хотири таъмини ғалаба ва ояндаи нек ҳамаи дороиашонро ба ҷабҳа мефиристоданд. Танҳо дар се моҳи аввали ҷанг 30 корхонаи бузурги саноатӣ ба Тоҷикистон кӯчонида шуд.
Корхонаҳои саноати бофандагӣ, хӯрокворӣ, саноати сабук ва саноати маҳаллии Тоҷикистон ба истеҳсоли маҳсулоти барои ҷабҳа зарурӣ пардохтанд. Дар солҳои душвори ҷанг Тоҷикистон инчунин дар масъалаи таъмини аҳолии кишвар бо ғалла низ саҳми назаррас дошт.
Корномаву диловарии фарзандони баору номуси он солҳо намунаи ибрати наслҳои зиёди имрӯзаву оянда хоҳад буд. Омӯзиши таҷрибаи зиндагӣ, маслиҳату машваратҳои муфид, кору пайкор ва зиндагиву фаъолияти собиқадорони ҷангу меҳнат ба наслҳои имрӯзу фардои халқи тоҷик барои эъмори давлати демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва пешрафта ҳамеша дастури зиндагиву фаъолият мебошад.
 Қавӣ гардондани ирода ва рӯҳи сарбозону афсарон, ҳифзи ормонҳои абадзиндаи ватандӯстӣ, эҳтиром ба муқаддасоти Ватан ва таҳкими ифтихори миллӣ самтҳои асосӣ ва муҳими кори тарбиявӣ мебошанд, ки шумо, ветеранҳои мӯҳтарам, дар амалӣ гардонидани ин амали хайр нақши арзанда гузоштаед ва ҳоло ҳам тимсоли ибрат мебошед.
 Итминони комил дорам, ки шумо бо истифода аз таҷрибаи бузурги ҳаётӣ ва бо панду насиҳатҳои судманди худ ба наврасону ҷавонон роҳбалад шуда, барои устувор намудани аркони давлатдорӣ, иқтидори мудофиавии мамлакат, рушди иқтисодиву иҷтимоии он, боз ҳам баланд бардоштани ҳисси ватандӯстии ҷавонон, ифтихори миллӣ ва хештаншиносӣ саҳми арзанда мегузоред. Мо ҳеҷ гоҳ корнамоиҳои диловаронаи шуморо фаромӯш нахоҳем кард.
 Ҳамчунин сабақҳои талхе, ки ин ҷанги хонумонсӯз ба сари тамоми инсоният оварда буд, ҳаргиз фаромӯш нахоҳанд шуд. Ҳамаи ин моро водор месозад, ки сулҳу оромиро ҳифз намоем, ба қадри он расем ва насли ҷавонро дар рӯҳияи сулҳу субот, ватанпарастиву башардӯстӣ тарбия намоем.
Дар баробари ин мехоҳам хотирнишон созам, ки беҳтар намудани шароити зисту зиндагии собиқадорони ҷангу меҳнат ва ғамхорӣ дар ҳақи онҳо ҳамеша дар маркази диққати давлат ва Ҳукумати Тоҷикистон қарор дорад, зеро шумо собиқадорони азиз, посдори анъанаҳои пуршарафи гузашта, тимсоли мардонагӣ ва меҳанпарастӣ барои насли имрӯзаи Ватани маҳбуби мо - Тоҷикистон ҳастед.
 Бори дигар ҳамаи шумо ва тамоми халқи азизи Тоҷикистонро бо Иди ғалаба табрик гуфта, ба ҳамагон саломативу хушбахтӣ, рӯзгори обод ва сулҳу осоиш орзу дорам.
Иди Ғалаба муборак, ҳамватанони азиз!


Баёни ақида (0)    Санаи нашр:    №:    Мутолиа карданд: 5957
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед