мулоқотҳо
Паёми Маҳмуди Аҳмадинажод ба Эмомалӣ Раҳмон
10 май Эмомалӣ Раҳмон, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Муҳаммадризо Шайбонӣ - муовини вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Исломии Эронро ба ҳузур пазируфт.
Дар оғози сӯҳбат Муҳаммадризо Шайбонӣ паёми Маҳмуди Аҳмадинажод, Президенти Ҷумҳурии Исломии Эронро ба Эмомалӣ Раҳмон, Сарвари давлати Тоҷикистон, расонид. Бо ин паём аз Эмомалӣ Раҳмон даъват карда шудааст, ки дар Иҷлоси байналмилалии "Муборизаи ҷаҳонӣ бар зидди терроризм", ки ба наздикӣ дар шаҳри Теҳрон баргузор мегардад, иштирок намояд.
Дар мулоқот ҳамчунин доир ба мавзӯъҳои гуногуни ҷаҳонию минтақавӣ ва ҳамкории дуҷонибаи Тоҷикистону Эрон гуфтугӯйи судманд сурат гирифт.
Зимни сӯҳбати пурмӯҳтаво ҳарду ҷониб бори дигар омодагӣ ва ҳавасмандии худро ба рушди ҳамкории гуногунпаҳлӯ, аз ҷумла ба густариши робитаҳои иқтисодию сармоягузорӣ, таъкид намуданд.
www.president.tj
* * *
Раванди ҳамкориҳои Тоҷикистону Эрон, ба вижа дар умури иқтисодӣ ва сармоягузорӣ, қобили ситоиш аст. Дар ҳамин ҳол зарфиятҳои зиёди дигаре низ вуҷуд доранд, ки онҳо бояд мавриди омӯзиш қарор гирифта ва ба манфиати муштараки ду кишвари ҳамзабон равона гарданд.
Ин ва дигар масъалаҳои вобаста ба равобити Тоҷикистону Эрон дар мулоқоти Эмомалӣ Раҳмон, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, бо Муҳаммадризо Шайбонӣ, муовини вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Исломии Эрон, мавриди баррасӣ қарор гирифт.
Муҳаммадризо Шайбонӣ, ки ба манзури супурдани паёми Маҳмуди Аҳмадинажод, Президенти Ҷумҳурии Исломии Эрон, ба Эмомалӣ Раҳмон, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, вориди кишвари мо шудааст, аз сатҳи ҳамкориҳо ва татбиқи пружаҳои муштарак изҳори хушҳолӣ кард. Бино ба гуфти ӯ, ҳар ду кишвар имконоти фаровонеро ҷиҳати пешбурди сареътари ҳамкориҳо дар ихтиёр доранд, ки он бояд дар нишастҳои коршиносон ва комиссияҳои муштарак баррасӣ гарданд.
-Барои дар амал пиёда намудани ҳадафҳои созанда ва густариши бештари ҳамкориҳо вуҷуди иродаи қавии сиёсӣ дар сатҳи олии ду давлати ба ҳам дӯст мусоидат хоҳад кард, - изҳор дошт муовини вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Исломии Эрон.
Дар сӯҳбати ҷонибҳо ҳамчунин оид ба мавзӯъҳои гуногуни ҷаҳони муосир ва таҳаввулоти ҳасос дар Ховари Миёна табодули назар карда шуд.
Фирӯзи РАҲМОНИЁН,
"Ҷумҳурият"
Баёни ақида (0) Санаи нашр: №: Мутолиа карданд: 2118