мулоқотҳо
Барои Тоҷикистон ду грант ҷудо хоҳад шуд
12 май Эмомалӣ Раҳмон, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Теодор Алерс, директори Бонки ҷаҳонӣ доир ба стратегия ва амалиёт дар минтақаи Аврупо ва Осиёи Марказӣ ва Моту Конишӣ - директори минтақавии ин бонк доир ба кишварҳои Осиёи Марказиро ба ҳузур пазируфт.
Дар мулоқот масоили ҳамкории дуҷониба, аз ҷумла рафти ташхиси техникӣ - иқтисодии лоиҳаи сохтмони нерӯгоҳи Роғун, омӯзиши таъсири иҷтимоӣ- экологии ин иншоот ва дастгирии рушди иҷтимоию иқтисодии Тоҷикистон, баррасӣ шуд.
Тавре зикр гардид, натиҷаи марҳалаи аввали ташхис доир ба корҳои дар зарфи 30 соли гузашта анҷомёфта ҳафтаи равон ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод карда шуд ва натиҷаҳои марҳалаи дуюм тирамоҳи соли равон омода хоҳад шуд.
Иттилоъ дода шуд, ки ҷанбаҳои гуногуни лоиҳаи нерӯгоҳи Роғун ва натиҷаҳои марҳалаи аввали ташхиси он зимни нишасти намояндагони ҳукуматӣ ва аҳли ҷомеаи кишварҳои минтақаи Осиёи Марказӣ ва Афғонистон, ки ҳафтаи оянда аз ҷониби Бонки ҷаҳонӣ дар шаҳри Алмаатои Қазоқистон доир мегардад, баррасӣ хоҳад шуд. Ба гуфти Теодор Алерс, ҳадаф аз ташхиси ҳамаҷонибаи лоиҳаи бунёди нерӯгоҳи Роғун ва ҳам муҳокимаи ин мавзӯъ бо ҳамаи ҷонибҳои манфиатдор "дарёфти беҳтарин роҳҳои қобили қабул ва мусоидат ба ҳалли мушкилоти сангини энергетикии Тоҷикистон мебошад".
Бо назардошти иштироки ширкатҳо ва коршиносони мӯътабари ҷаҳонӣ дар ташхиси лоиҳаи бунёди нерӯгоҳи Роғун, изҳори боварӣ карда шуд, ки натиҷаи кори онҳо ба баҳсу мунозираи кишварҳои минтақа атрофи ин мавзӯъ хотима мегузорад.
Рафти ташхиси техникӣ-иқтисодии лоиҳаи бунёди хатти баландшиддати барқии КАСА - 1000 низ аз мавзӯъҳои сӯҳбат буд.
Таваҷҷӯҳи зиёд ба дастгирии рушди иҷтимоию иқтисодии Тоҷикистон, аз ҷумла дар шароити болоравии нархи маҳсулоти нафтӣ ва озуқаворӣ зоҳир карда шуд.
Зикр гардид, ки аз ҷониби Бонки ҷаҳонӣ ба Тоҷикистон ду грант ҷудо карда мешавад, ки яке ба дастгирии буҷети давлатӣ ва дувумӣ ба соҳаҳои кишоварзӣ, маорифу тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии ниёзманд равона хоҳад шуд.
Баёни ақида (0) Санаи нашр: №: Мутолиа карданд: 2164