logo

мулоқотҳо

Мулоқоти Эмомалӣ Раҳмон бо Армен Смбатян

13 май Эмомалӣ Раҳмон, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Армен Смбатян -директори иҷроияи Хазинаи байналмилалии ҳамкории гуманитарии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақилро ба ҳузур пазируфт.
Дар мулоқот масоили ҳамкории гуманитарии кишварҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил баррасӣ шуд.
Эмомалӣ Раҳмон, Сарвари давлат, нақши робитаҳои гуманитариро, аз ҷумла дар соҳаҳои илму маориф, фарҳанг ва ҳунарҳои мардумӣ, дар таҳкими муносиботи миёни давлатҳо ва мардумони қаламрави Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил басо муҳим номида, таъкид дошт, ки Тоҷикистон пайваста ба густариши чунин ҳамкорӣ талош менамояд.
Армен Смбатян Тоҷикистонро аз аъзои фаъолу ташаббускор дар ҳамкории гуманитарии кишварҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил номида, ба нақши фарҳанги тоҷикон дар таҳким ва густариши чунин робитаҳо баҳои баланд дод.
Зикр гардид, ки имсол низ чун ҳама солҳои дигар дар сарзамини Тоҷикистон чорабиниҳои зиёди Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил, аз ҷумла тадбирҳои гуманитарӣ, баргузор мегарданд. Конфронси байналмилалии илмӣ-амалӣ доир ба эҳёи дубораи маркази кайҳоншиносии Помир-Чақалтай, ки моҳи сентябри соли равон дар Тоҷикистон баргузор мегардад, аз ҷумлаи муҳимтарин чорабиниҳо дар ин самт арзёбӣ гардид.

www.president.tj 


* * *
Армен Смбатян, директори иҷроияи Хазинаи байналмилалии ҳамкории гуманитарии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил, аз нақши Тоҷикистон дар таҳкими ҳамкориҳои гуманитарӣ миёни давлатҳои узви иттиҳод ситоиш кард. Ӯ аз таваҷҷӯҳи амиқи Эмомалӣ Раҳмон, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, оид ба густариши ҳамкориҳо дар бахши фарҳанг, маориф ва ҳунарҳои мардумӣ хушҳолӣ намуд. Бино ба гуфти Армен Смбатян, арзишҳои фарҳангии Тоҷикистон дар заминаи ба ҳам овардани муносиботи ҳасана миёни кишварҳои узви Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил таъсири мусбат гузоштааст.
Панҷ сол муқаддам ба манзури густариши ҳамкориҳои гуманитарӣ дар ҳавзаи кишварҳои узв санаде ба имзо расид, ки дар партави он фаъолияти Хазинаи байналмилалии ҳамкории гуманитарии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ба роҳ монда шуд. Армен Смбатян дар сӯҳбат бо хабарнигорон зикр намуд, ки дар саргаҳи амалӣ намудани ин тадбири судбахш Тоҷикистон беш аз дигар давлатҳо фаъолтар буд ва имрӯз ҳам роҳбарияти ин кишвар ҷиҳати тавсеаи фаъолияти ниҳоди мазкур саҳми босазо мегузорад.
Ҷалби ҷавонон ба омӯзиши илмҳои гуманитарӣ, ба роҳ мондани робитаҳои илмӣ ва эҳтироми арзишҳои ҳамдигарӣ дар қаламрави Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил аз вазифаҳои умдаи ин ниҳод ба ҳисоб меравад. Дар ҳоли ҳозир хазина барномаҳое дар самти омӯзиши илмҳои кайҳоншиносӣ ва ба роҳ мондани робитаҳои нави ҳамкориро дар даст дорад, ки ба зудӣ бо ҷалби ҷавонон амалӣ хоҳанд шуд.

Фирӯзи РАҲМОНИЁН,
"Ҷумҳурият"


Баёни ақида (0)    Санаи нашр:    №:    Мутолиа карданд: 2046
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед