маориф
Мактаби моро аз гимназияву литсейҳо беҳтар донистанд,
мегӯяд Мавлуда Ҳомидҷонова, директори мактаби таҳсилоти ҳамагонии №42-и пойтахт
Мактаби таҳсилоти ҳамагонии № 42 ноҳияи Фирдавсӣ, ки таълими он ба забонҳои тоҷикӣ ва русист, ғолиби озмуни "Мактаби беҳтарин"-и шаҳри Душанбе дониста шуд ва бо хонаи сеҳуҷрагӣ қадр гардид. Аз сирри муваффақият ва дигар ҷузъиёти ба он марбут бо Мавлуда Ҳомидҷонова, ки 20 сол боз директори ин мактаб аст, сӯҳбат доштем.
-Муаллима, ба Шумо чӣ гуна муяссар гашт, ки унвони "Мактаби беҳтарин"-ро соҳиб гардед?
-Таълим дар мактаби мо ҷавобгӯи талаботи рӯз аст. Усули дарсдиҳӣ интерактивӣ мебошад. Дарсҳои гурӯҳбандӣ, саёҳат, миёни синфҳо мусобиқаҳои фаннӣ мегузаронем. Аз дигар усулҳо, мисли тест, васеъ истифода мешавад.
Хонандагон дар озмуну олимпиадаҳои фаннӣ хеле фаъолона ширкат мекунанд. Ин чорабиниҳо барои мактабу омӯзгор ҳам имтиҳони ҷиддии донишу маҳоратанд. Имсол хонандаи мактаби мо Бахтиёр Рӯзиев дар озмуни ҷумҳуриявӣ аз фанни информатика ҷои якумро соҳиб гашта, аз ҷониби вазири маорифи ҷумҳурӣ бо медали тилло қадрдонӣ гардид ва соҳиби роҳхат ба факултаи математика ва информатикаи Донишгоҳи техникии Тоҷикистон шуд. Амиршоҳи Ҳайдар дар озмуни ҷумҳуриявӣ аз фанни математика ҷои сеюмро ишғол карда, медали биринҷӣ гирифт. Ба ӯ барои дохил шудан ба факултаи иқтисодии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон роҳхат доданд.
-Шартҳои озмун кадомҳо буданд?
-Ҳуҷҷатнигорию коргузорӣ, ҳолати журналҳои синфӣ, дафтардорӣ, китобдории талабаҳо, тозагию ободии мактаб ва гирду атрофи он, ҳолати компютерҳо ба назар гирифта шуд. Мактаби мо дар ин масъалаҳо намунаи ибрат аст.
Мактаб 45 компютер, тахтаи электронӣ, 2 адад видеопроектор, 16 нуқтаи назорати камеравӣ, 35 телевизору DVD, экрани ҳаракаткунанда, студияи мусиқӣ, физлабораторияи ҳозиразамонро дорост ва ҳамаи он дар ҳолати хуби корӣ қарор дорад. Аз ин таҷҳизот дар дарсҳо самаранок истифода мешавад.
-Чанд фисади хонандаҳои мактаб ҳар сол ба макотиби олӣ дохил мешаванд? Ва кадом соҳаҳоро бештар интихоб мекунанд?
-Порсол аз 96 хатмкарда 81 нафар ба макотиби олии кишвар дохил гардид. Яъне беш аз 90 фисад номи донишҷӯро сазовор гашт, ки ин боиси ифтихори мактаб аст. Шогирдони мо дар макотиби олии Русия, Қазоқистон, Чин, Украина, Итолиё, Амрико ва ғайра низ таҳсили илм мекунанд. Бештари онҳо таҳсилро дар соҳаи иқтисоду молия, алоқа, ҳуқуқ ва барқ интихоб кардаанд.
-Оё хонандаҳо дар олимпиадаҳои байналмилалӣ ширкат мекунанд?
-Имсол дар даври дуюми озмуни байналмилалӣ, ки дар ҷумҳурӣ доир гашт, 18 хонандаи мактаби мо ғолиб дониста шуд ва дар даври сеюми он дар шаҳри Екатеринбурги Федератсияи Русия ва Туркия ширкат меварзанд. Як хонандаи мо дар озмуни варзишӣ ғолиб омад ва дар олимпиадаи миёни хонандагон дар Фаронса ширкат мекунад.
Аз соли гузашта инҷониб бо Раёсати маорифи байниҳавзавии Федератсияи Русия ҳамкорӣ ва табодули таҷриба дорем. Тибқи он омӯзгорон ва хонандагони мо тайи як моҳ дар мактабҳои Федератсияи Русия бо таҷрибаи якдигар-усулҳои дарсҳои назариявию амалӣ шинос мешаванд. Ин ба хонандагони мо имкон медиҳад барои дохилшавӣ ба макотиби олии ин кишвар замина омода созанд. Дидани ҷойҳои таърихӣ, осорхонаҳо, намоишгоҳҳо, китобхонаву театрҳо ба рушди ҷаҳонбинии хонандагон мусоидат мекунад. Тавассути интернет бо мактабҳои гуногуни ин кишвар ҳамкориҳо ба роҳ монда шудааст.
-Муаллима, қаблан дар чунин озмун ширкат доштед?
-Бале, соли 2003 унвони "Директори беҳтарини сол" ва ордени «Шараф»-ро соҳиб шудам. Панҷ сол қабл низ дар чунин озмун мактаб ҷои дуюмро гирифта буд. Имсол, хушбахтона, ҷои аввалро гирифтем.
-Лаҳзаи хотирмон дар озмуни имсола бароятон кадом буд?
-Лаҳзаи хотирмон ин буд, ки вазири маорифи ҷумҳурӣ ба сифати дониши хонандагони мактабҳои таҳсилоти ҳамагонӣ баҳои баланд дода, дониши онҳоро аз дониши хонандагони литсею гимназияҳои ҷумҳурӣ болотар донист. Яъне ки заҳматҳои мо натиҷа медиҳанд.
Мусоҳиб
Зӯҳра САФАРЗОДА
Баёни ақида (0) Санаи нашр: №: Мутолиа карданд: 5870