logo

номаҳо

Асли худро фаромӯш насозем

Мулоҳизаҳои Эмомалӣ Раҳмон, Президенти кишвар, аз хусуси ному номгузории миллӣ зимни суханронӣ дар  вохӯрӣ бо зиёиёни мамлакат  водорам намуд, ки сари ин мавзӯъ амиқтар биандешам. Сарвари давлат дар ин мулоқот ёднишон шуд, ки  дар интихоби ному насаб  анъанот ва ҳувияти миллиамонро бояд риоя намоем, то бо гузашти садсолаҳо асли худро фаромӯш насозем.
Имрӯз мардуми мо беш аз пеш ба худогоҳиву худшиносӣ ниёз дорад, яке аз нишонаҳои он интихоби дурусти ному насаб аст. Хуб аст, ки иддае аз мардуми огоҳ ному насабашро тоҷикӣ кард. Ба хотири пуштибонӣ аз ин иқдом Эмомалӣ Раҳмон, Президенти мамлакат, низ шакли тоҷикии насабсозиро барои худ интихоб намуд ва ман гумон доштам, ки ин иқдоми миллатдӯстонаи Раҳбари давлатро тамоми мардум, пеш аз ҳама роҳбарони вазорату идораҳо, пайравӣ мекунанд. Мутаассифона, аксари кормандони мақомоти давлатӣ ва ҳатто Дастгоҳи иҷроияи Президенти ҷумҳурӣ дар пазируфтани ному насаби тоҷикӣ фориғболӣ зоҳир менамоянд. Ба андешаи ман, пеш аз он, ки дар иҷрои ин ё он амали хайр саҳме гузорем, бояд худ намуна бошем.  Чӣ бояд кард, ки насабсозии тоҷикӣ дар кишварамон ба ҳукми анъана дарояд?   Ба назари ман, сараввал бояд дар тамоми қаламрави кишвар меъёри ягонаи насабсозии миллиро ҷорӣ созем. Мисли Сомиён Сӯҳроб Рустам, Ковусиён Эраҷ Фаридун. Ин ҷо бояд зикр кард, ки  агар ному насабро дар шакли "Сӯҳроби Рустам" ифода намоем, он дар мавридҳои алоҳида ба шакли "Сӯҳроби" меояд, ки ба мақсад мувофиқ нест. Ва ҳам метавон вариантҳои дигари насабсозии тоҷикиро аз қабили "Сомзода", "Сомӣ" истифода намуд.
Инчунин барои дар насабсозӣ ба  саҳву хато роҳ надодан бояд кормандони муассисаҳои шиносномадиҳӣ ва шӯъбаҳои сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ бо курсҳои омӯзишии кӯтоҳмуддат фаро гирифта шаванд. Дар он ҷо пеш аз ҳама бехато омода сохтани ҳуҷҷатҳои муайянкунандаи шахсиятро омӯзанд.

Фаридун Зеҳнӣ,
шаҳри Душанбе


Баёни ақида (0)    Санаи нашр:    №:    Мутолиа карданд: 4032
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед