logo

номаҳо

Суд адолатро барқарор кард

Имрӯз шукри истиқлол, шукри ободиву осудагии Ватани маҳбубамонро мекунам. Шукргузорам, ки бо сарварӣ ва ҳидояти Эмомалӣ Раҳмон, Президенти мамлакатамон, мардуми шарифи Тоҷикистон ба ваҳдату ягонагӣ расид ва сулҳу адолат дар кишвар тантана кард. Мо ҳар рӯз шоҳиди равнақ гирифтани корҳои созандагӣ ва бунёдкорӣ дар Ватани азизамон ҳастем.  Ман ҳамеша фарзандону наберагонамро насиҳат мекунам ва ҳушдор месозам, ки ба он ҳодисаҳои ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ, ки моро ба гирдоби бадбахтиву  даҳшату ваҳшоният печонда буд, бо чашми ибрат нигаранд. Ҳеҷ гоҳ ҳушёриву зиракиро аз даст надиҳанд ва ба Ватан содиқона хидмат намоянд.
Дар ҳама давру замон ҷанг  ба мардум хисороти зиёд,  ғаму андӯҳ, тарсу ваҳм, оворагию гуруснагӣ ва бадбахтӣ меорад. Солҳои тӯлонӣ мебояд, то ин ки ҷароҳатҳои он шифо ёбанд.
Ман бо шавҳарам Маҳмадкарим Нидоев аз соли 1994 то соли 1996 дар манзили истиқоматии комиссариати ҳарбии ноҳияи Нуробод бо се фарзанд зиндагӣ доштем. Бинобар нооромии вазъи ноҳия ба Душанбе омадем. Соли 1997 то ба имзо расидани созишномаи истиқрори сулҳ ба манзили истиқоматиамон баргаштем. Вале онро аз ашёи рӯзгор холӣ ёфтем.
Дар набудани мо чандин нафар дар он ҷо зиндагӣ карда, бо ҳуҷҷатҳои қалбакӣ онро азони худ кардаанд. Даъвогарони дурӯғин чандин маротиба ба суди ноҳия шикоят карданд, ки онро холӣ намоям. Ҳалли ин қазия дар суд кашол ёфт.
Хушбахтона, моҳи сентябри соли 2010 Файзулло Ҳаётов, судяи суди ноҳияи Нуробод, ин қазияро мӯйшикофона баррасӣ намуда, ҳақиқату адолатро барқарор кард.
Бо истифода аз ин фурсати муносиб ба чунин шахсони поквиҷдону адолатпеша ва ҳақиқатҷӯй арзи сипос менамоям ва дар ҳаққашон дуои хайр мекунам.

Мавҷуда САФИЕВА,
корманди стансияи санитарӣ - эпидемиологии ноҳияи Нуробод


Баёни ақида (0)    Санаи нашр:    №:    Мутолиа карданд: 4006
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед