logo

мулоқотҳо

Эмомалӣ Раҳмон Сайид Махдум Раҳинро пазируфт

17 май Эмомалӣ Раҳмон, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Сайид Махдум Раҳин - вазири иттилоот ва фарҳанги Ҷумҳурии Исломии Афғонистонро ба ҳузур пазируфт.
Дар мулоқот масоили ҳамкории фарҳангӣ ва рушди муносиботи дӯстӣ ва ҳамсоягии накӯи ду кишвар баррасӣ шуд.
 "Мо равобит ва ҳамкории сатҳи имрӯзии фарҳангӣ ва иттилоотиро яке аз самтҳои афзали муносибатҳои дӯстонаи ду кишвар ва мардумони онҳо медонем", - изҳор дошт дар оғоз Эмомалӣ Раҳмон, Сарвари давлати Тоҷикистон.

 Аз сатҳ ва пайвастагии равобити илмию фарҳангӣ,  аз ҷумла пажӯҳишҳои олимони Афғонистон ва омӯзиши кадрҳои ин кишвар дар муассисаҳои илмию таълимии Тоҷикистон, изҳори қаноатмандӣ карда шуд.
 Идомаи иштироки ҳунармандони ҳар ду кишвар дар маҳфилҳои Фалак, Шашмақом, таҷлили Наврӯз ва дигар чорабиниҳои фарҳангӣ арзишманд дониста шуд.
 Ба андешаи Эмомалӣ Раҳмон, "вақти он расидааст, ки Созишномаи хоси ҳамкорӣ дар соҳаҳои фарҳанг, ҳунар ва иттилоот ва Барномаи дарозмуддати ҳамкорӣ дар ин арсаҳо бо номгӯи муфассали иқдомоти амалӣ таҳия ва имзо шаванд".
 Эмомалӣ Раҳмон, Сарвари давлати Тоҷикистон, ҳамчунин пешниҳод намуд, ки Шӯрои ҳамкории фарҳангии Тоҷикистону Афғонистон таъсис дода шавад.
 Ба рушди ҳамкории фарҳангии сеҷонибаи Тоҷикистону Афғонистон ва Эрон низ таваҷҷӯҳи зиёд зоҳир гардид, аз ҷумла доир ба омодагӣ ба ҷашни ҷаҳонии  Наврӯзи Ориёни соли оянда, ки дар Тоҷикистон таҷлил хоҳад шуд.
 Гуфтугӯи судманд ҳамчунин доир ба рушди ҳамкории иқтисодию тиҷоратӣ сурат гирифт. Аз ҷумла зикр гардид, ки мубодилаи мол миёни Тоҷикистону Афғонистон дар соли 2010 беш аз 100 миллион долларро ташкил дод, ки ин нисбат ба 6 соли пеш қариб 30 баробар зиёд аст.
 Бо ишора ба имконоти рушди минбаъдаи равобити дуҷониба ва бунёди шабакаҳои хатҳои интиқоли барқ, роҳҳо ва пулҳои бузурги пайвандгари ду кишвар изҳори боварӣ карда шуд, ки Тоҷикистону Афғонистон ба чорроҳаи васли равобити минтақавӣ ва байниминтақавӣ табдил хоҳанд ёфт.

* * *
Дидори мо бо Эмомалӣ Раҳмон, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, бисёр пурфайз буд. Хушҳолам, ки Ҷаноби Президент бо ҳайати мо сӯҳбати муфассале анҷом доданд ва дар ҷараёни он заминаҳои нави ҳамкорӣ дар арсаи фарҳангу ҳунар баррасӣ гардид. Зимнан мо ба  хидматҳои Эмомалӣ Раҳмон дар роҳи ба вуҷуд овардани эҳтиром ба арзишҳои муштараки ниёкон, тавсеаи равобити ҳасана миёни ду кишвари бародар - Тоҷикистону Афғонистон эҳтироми зиёд қоил ҳастем.
Ин матлабро Сайид Махдум Раҳин, вазири иттилоот ва фарҳанги Ҷумҳурии Исломии Афғонистон, пас аз мулоқот бо Эмомалӣ Раҳмон, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, зимни сӯҳбат бо хабарнигорон баён намуд. Бино ба гуфти ӯ, масоили тақвияти бештари пайвандҳои фарҳангию ҳунарӣ, рушди муносиботи дӯстона ва дигар мавзӯоти муҳими мавриди таваҷҷӯҳ дар меҳвари сӯҳбати тарафҳо қарор гирифтааст. Тасмим гирифта шудааст, ки аз ин пас табодули фарҳангу ҳунар ва ташкили сафарҳои ҳунармандони тоҷик ба Афғонистон ва ҳунармандони афғон ба Тоҷикистон бештар ба роҳ монда шавад.
Сайид Махдум Раҳин аз сатҳи ҳамкориҳои фарҳангӣ миёни ду кишвар, бавижа тавсеаи равобит дар риштаи театр ва синаморо ситоиш кард. Вазири иттилоот ва фарҳанги Афғонистон итминон дод, ки дар оянда ҷараёни ҳамкориҳои илмию фарҳангии мо сатҳи сифатан навро касб хоҳанд кард. Зеро бузургоне мисли Рӯдакӣ, Ҷалолиддини Балхиву Ҳаким Саноӣ, Ҷомиву дигарон пайванде миёни ду миллат задаанд, ки мисли кӯҳсорони Тоҷикистону Афғонистон ҳамеша мӯҳкаму побарҷо хоҳанд монд.

Фирӯзи РАҲМОНИЁН,
"Ҷумҳурият"


Баёни ақида (0)    Санаи нашр:    №:    Мутолиа карданд: 1963
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед