президент
Иҷрои буҷети давлатӣ баррасӣ шуд
17 май Эмомалӣ Раҳмон, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, бо Оқил Оқилов, Сарвазири кишвар ва роҳбарони вазорату идораҳои бахши иқтисодӣ машварати корӣ доир намуд.
Дар машварат масоили вобаста ба рушди иҷтимоӣ-иқтисодии кишвар, аз ҷумла иҷрои Буҷети давлатӣ дар чор моҳи аввали соли равон ва дигар масъалаҳо баррасӣ шуд.
Эмомалӣ Раҳмон, Сарвари давлат, дар назди масъулон доир ба таъмини рушди босуботи иқтисоди миллӣ, дастгирии соҳибкории хусусӣ, ба хусус соҳибкорони истеҳсолӣ, пардохти саривақтии маошу нафақа ва ғамхорӣ ба соҳаҳои иҷтимоии кишвар вазифаҳои мушаххас гузошт.
Баёни ақида (0) Санаи нашр: №: Мутолиа карданд: 3626