logo

президент

Тӯҳфаҳои арзанда ба мардуми тамаддунофар

19 май Эмомалӣ Раҳмон, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, бо масъулони Ҳукумати кишвар, Дастгоҳи иҷроияи Сарвари давлат ва роҳбарони вазорату идораҳои дахлдор доир ба омодагӣ ба таҷлили сазовори солгарди 20-умини Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон машварати корӣ анҷом дод.
Дар машварат нахуст гузориши Руқия Қурбонова, муовини Сарвазири кишвар, шунида шуд. Аз ҷумла зикр гардид, ки корҳо барои ба анҷом расондани бунёди Китобхона ва Осорхонаи миллӣ, Нишон ва Парчами Тоҷикистон бо майдону гулгаштҳои назди онҳо ва ҳамчунин дигар иншооти сершумори ҷашнӣ бо суръат ва сифати баланд идома доранд.

Эмомалӣ Раҳмон,  Сарвари давлат, таъкид намуд, ки ин иншоот бояд дар арафаи ҷашни солгарди 20-умини Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифта, тӯҳфаҳои арзандаи давлату ҳуқумат ба мардуми тамаддунофари кишвар гарданд.
 Тавре зикр гардид, ки Китобхона ва Осорхонаи  миллии Тоҷикистон бо назардошти беҳтарин унсурҳои меъмории бостонию муосир ва тарҳи зебою дилкаш бунёд меёбанд.
 Эмомалӣ Раҳмон, Сарвари давлат, дастур дод, ки рафти омодасозии кадрҳои соҳибтахассуси сатҳи замонавӣ, ки ҳоло дар дохил ва хориҷи кишвар барои кор дар Китобхонаю Осорхонаи миллии Тоҷикистон таҳсили илм менамоянд ва ҳамчунин ҷамъоварии китобҳои нодир таҳти назорати ҷиддӣ гирифта шавад.
Хотиррасон бояд намуд, ки хазинаи китобдории Китобхонаи миллии Тоҷикистон барои 10 миллион нусха китоб пешбинӣ шудааст.


Баёни ақида (0)    Санаи нашр:    №:    Мутолиа карданд: 3666
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед