logo

президент

Амалисозии барномаҳо ба беҳ шудани шароити қариб 2 миллион нафар мусоидат мекунад

27 май таҳти раёсати Эмомалӣ Раҳмон, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси Шӯрои миллии рушд,  ҷаласаи навбатии Шӯрои миллии рушд баргузор гардид.
 Дар ҷаласа аъзои Шӯрои миллии  рушд, намояндагони Шӯрои ҳамоҳангсозии шарикони рушд, вазорату идораҳои дахлдори мамлакат, масъулони Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, ташкилотҳои ғайридавлатӣ, давлатҳои хориҷӣ ва созмонҳои байналмилалӣ иштирок намуда, масоили рушди иҷтимоию иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар давоми якуним соли фаъолияти шӯрои мазкур ва нақшаю тадбирҳои ояндаро дар ин самт мавриди таҳлилу баррасӣ қарор доданд.

Дар оғози ҷаласа гузориши Фаррух Ҳамралиев, вазири рушди иқтисод ва савдои кишвар,  доир ба нишондодҳои рушди иҷтимоию иқтисодии Тоҷикистон дар давраи мазкур шунида шуд. Аз ҷумла зикр гардид, ки дар соли 2010 ва моҳҳои аввали соли 2011 Тоҷикистон, сарфи назар аз таъсири манфии оқибатҳои бӯҳрони ҷаҳонии молиявию иқтисодӣ тавассути ба роҳ мондани ислоҳоти бобарор ба нишондодҳои назаррас дар татбиқи барномаю стратегияҳои миллии рушд, ки дар асоси Ҳадафҳои Рушди Ҳазорсола таҳия ва қабул шудаанд, ноил гардид.
 Доир ба фаъолияти Шӯрои ҳамоҳангсозии донорони Тоҷикистон ва ҳамгироии он бо Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷоҷи Токеши, ҳамоҳангсози шӯро, роҳбари дафтари кишварии Бонки Осиёгии рушд дар Тоҷикистон, Давлаталӣ Саидов, раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Александр Зуев, ҳамоҳангсози доимии Созмони Милали Муттаҳид, намояндаи доимии Барномаи рушди Созмони Милали Муттаҳид дар Тоҷикистон гузориш доданд.
 Дар муҳокимаи мавзӯъ Улф Ҳиндстром, намояндаи Бонки аврупоии таҷдид ва рушд  дар Тоҷикистон ва намояндагони Ҷумҳурии Федеролии Олмон,  Британияи Кабир ва Ҷопон иштирок намуданд.
 Ҷиро Лида, намояндаи доимии Агентии Ҷопон доир ба рушди байналмилалӣ дар Тоҷикистон, ба Эмомалӣ Раҳмон, Сарвари давлат, барои кӯмаки башардӯстонаи Тоҷикистон ба мардуми Ҷопон баъди садамаи даҳшатбор дар нерӯгоҳи атомии Фукушимаи ин кишвар арзи сипос намуд.
 Ҷаласаи навбатии Шӯрои миллии рушдро Эмомалӣ Раҳмон,  Раиси Шӯро, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҷамъбаст карда, аз ҷумла зикр намуд,  ки "ноил шудан ба рушди устувори макроиқтисодӣ имкон дод, ки сатҳи камбизоатӣ тӯли солҳои охир аз  72 то 45 фоиз коҳиш дода шавад ва сатҳи зиндагии қариб 2 миллион нафар аҳолии кишвар беҳтар гардад ва онҳо аз камбизоатӣ раҳо ёбанд.
 Ба андешаи Эмомалӣ Раҳмон "ба таъмин гардидани рушди мӯътадили иқтисодиёти кишвар бештар бахшҳои асосии он, яъне афзоиши воқеии истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ 3,9 фоиз, кишоварзӣ 6,8 фоиз, гардиши савдои чакана 7,7 фоиз, хизматрасонии пулакӣ 15,3 фоиз ва маблағгузорӣ ба сармояи асосӣ 10 фоиз мусоидат намуданд.
 Эмомалӣ Раҳмон,  Сарвари давлат, таъкид дошт, ки дар ҳамкорию ҳамшарикӣ ва ҳамдастии миёни Тоҷикистон ва шарикони хориҷии рушди он дастгирии бахшҳои воқеии иқтисодиёти кишвар, чун саноат, энергетика, нақлиёту коммуникатсия, кишоварзӣ ва ғайра  бояд мақоми асосӣ дошта бошад на кӯмакҳои башардӯстона.
Эмомалӣ Раҳмон, Президенти кишвар,  пешниҳод намуд, натиҷаҳои татбиқи Нақшаи чорабиниҳои ҳамкории Тоҷикистон бо шарикони рушд моҳи декабри соли равон дар ҷаласаи навбатии Шӯрои миллии рушд бо иштироки васеи вазорату идораҳои дахлдор, шарикони рушд ва ҷомеаи шаҳрвандӣ дақиқу муфассал баррасӣ карда шаванд ва доир ба ҳадафу вазифаҳои амалинагардида тадбирҳои мушаххас андешида шаванд.
 Ҳамчунин пешниҳод карда шуд, ки соли оянда барои баррасии ин масоил ва сафарбарсозии захираҳои иловагӣ дар яке аз кишварҳои хориҷӣ ва дар Ҷумҳурии Тоҷикистон конфронс оид ба Тоҷикистон гузаронида шавад.


Баёни ақида (0)    Санаи нашр:    №:    Мутолиа карданд: 3554
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед