logo

муҳоҷират

Профессор Шодимурод Дӯстбоев: "Муҳоҷирати корӣ як омили суботи иқтисодист"

Имрӯз аз рӯи омори расмӣ беш аз 600 ҳазор нафар муҳоҷири корӣ аз Тоҷикистон дар кишварҳои хориҷӣ фаъолият дорад ва даромади пулии онҳо як омили муҳими суботи иқтисодии кишвар маҳсуб мешавад.
А.Солеҳиён,  хабарнигори мо,  барои рӯшанӣ андохтан ба муаммои муҳоҷират бо  профессор Шодимурод Дӯстбоев, доктори илми иқтисод,  гуфтугӯе анҷом дод, ки тақдими хонандагон  мешавад.

-Аз назари Шумо чӣ омилҳои бунёдине мардуми тоҷикро ба ҳаракат даровард, сели муҳоҷирати корӣ оғоз ёфт ва забони тоҷикӣ дар бисёре аз кишварҳои дунё танин андохт?
-Омили бунёдини оғози сели муҳоҷирати корӣ пош хӯрдани Иттиҳоди Шӯравист, ки таркиши иҷтимоии бузургро ба дунбол дошт. Низоми иқтисодии маъмурию фармондеҳӣ, ки ҳудудан ағлаби мардумро бо кор таъмин мекард, барҳам хӯрд, муносибатҳои иқтисоди бозорӣ тадриҷан ҷои онро гирифта ва садҳо ҳазор кас бекор монд. Ва дар натиҷа муҳоҷирати корӣ ҳамчун омили ягонаи раҳо ёфтан аз бекорӣ дар саросари ҷумҳуриҳои собиқи Шӯравӣ шурӯъ гашт. Шумо тасаввур кунед, ки риштаҳои иқтисодии қавии байни ҷумҳуриҳо гусаст ва аксари корхонаҳои саноатӣ дучори варшикаст гаштанд. Мардум маҷбур шуданд, ки барои пайдо кардани қути лоямут рӯ ба кишварҳои нисбатан мутараққие оваранд, ки аз суботи сиёсию иқтисодӣ бархурдор буда, низоми иқтисодиашон камтар зиён дида, рафоҳи иҷтимоӣ дар сатҳи бартаре қарор дошт.
Ҷанги шаҳрвандии солҳои 1992-97 ин равандро хеле суръат бахшид. Чунонки медонед, ин мунозиаи дохилӣ кулли саноати кишвар (ғайр аз соҳаи тавлиди барқ)-ро фалаҷ сохт, коргарон бекор монданд ва нишондодҳои иқтисодию иҷтимоӣ хеле таназзул ёфт. Тибқи муҳосиба ин ҷанг ба иқтисоди миллӣ беш аз 7 миллиард доллар зарар овард.
Омили дигари муҳоҷирати корӣ афзоиши баланди аҳолӣ мебошад, ки аз суръати афзоиши тавлидот 1,3 - 1,5 мартаба бештар аст. Ҳатто агар кишвари мо ба пешрафти тамоми соҳаҳои иқтисод даст ёбад, боз ҳам рафъи ин таносуб дар даҳ соли наздик имконнопазир хоҳад буд.
-Пас чӣ бояд кард, ки ин ноҳамоҳангии миёни афзоиши аҳолӣ ва рушди тавлидот дар оянда бартараф шавад?
-Роҳи ягонаи ҳалли масъала танзими хонавода ва гузар аз нишондодҳои миқдорӣ ба сифатӣ мебошад.  Эмомалӣ Раҳмон, Сарвари давлат,  интихоби сиёсати демографии саҳеҳ ва танзими хонаводаро дар радифи умдатарин масъалаҳои рӯз ва рушди иқтисодии устувор дониста, онро чунин шарҳ додааст: "Сухан дар бораи шакли ояндаи инкишофи аҳолӣ меравад, ки хусусиятҳои асосии он тадриҷан кам гардидани таваллуд, афзудани дарозии умр ва баланд гардидани сатҳи зиндагиву маданияти аҳолӣ, махсусан дар деҳот, мебошад".
Бамаврид таъкид намоям, ки аз сиёсати демографии танзими хонавода тамоми кишварҳои мутараққии Осиё монанди Ҷопон, Сингапур, Малайзия ва Тайван, ки дар асри мо ба мӯъҷизаи иқтисодӣ даст ёфтаанд, истифода мекунанд ва имрӯз дар силки кишварҳои пазирандаи нерӯи корӣ шомил гаштаанд.
-Муҳоҷирати корӣ дар Тоҷикистон дар ибтидо ба сурати худҷӯш сурат гирифт ва танзими давлатӣ надошт. Ва ин як раванди табииест, ки тамоми муҳоҷирони кишварҳои ҷаҳони сеюм аз сар гузаронидаанд.
-Муҳоҷирати корӣ аз аввали солҳои навади асри бист оғоз ёфт. Он замон давлати навпои мо асосан ба масъалаи барқарории сулҳу субот ва баргардонидани муҳоҷирони ҷанг машғул буд ва фишангҳои танзими муҳоҷирати кориро ҳанӯз дар ихтиёр надошт.
Муҳоҷирати кориро метавон ба ду давра тақсимбандӣ кард. Дар давраи якум, ки аз оғози солҳои навад то солҳои 2000-ум идома дошт, ба далели фалаҷшавии тавлидот бахши зиёди мутахассисон ва кормандони соҳибмаълумот рӯ ба муҳоҷират ниҳоданд, ки бохти калони зарфиятҳои зеҳниву иқтисодии ҷумҳурӣ ба шумор меомад, дар сурате ки муҳоҷирони кишварҳое чун Чин, Ҳинд, Бангладеш, Индонезия, Филиппин, Лубнон, Урдун, Миср, Алҷазоир, Марокаш ва Малӣ, ки асоситарин таъмингарони нерӯи корӣ дар бозори ҷаҳонӣ мебошанд, соҳибмаълумот нестанд. Баъдан бо ибтикори Сарвари давлат бахше аз муҳоҷирони интеллектуалӣ ба ватан баргаштанд ва бо ҷои кор таъмин гаштанд.
Дар давраи дуюм, ки пас аз солҳои 2000-ум ҷараён гирифт, ҳиссаи муҳоҷирони соҳибмаълумот коҳиш ёфт ва ҳиссаи муҳоҷирони бемаълумот рӯ ба афзоиш ниҳод.
-Муҳоҷирати корӣ дар замони ҳозир як падидаи ҷаҳонист ва ягон кишваре дар ҷаҳони сеюм вуҷуд надорад, ки нерӯи кории барзиёдашро содир накунад. Хоҳ ин кор худҷӯш анҷом бигирад, хоҳ аз танзими давлатӣ бархурдор бошад. Таҳқиқу таҳлили коршиносон чӣ бозгӯиҳое аз раванди рӯ ба афзоиши муҳоҷират дорад?
-Дар ҳақиқат ин таҳлилу баррасиҳо ойинае аз падидаи ҷаҳонии  муҳоҷират буда, аз ҷанбаҳои мухталифи ин раванди рӯ ба афзоиш ҳикоят мекунад ва танзими давлатии онро тақозо дорад. Агарчӣ дар панҷ соли охир дар ҷумҳурӣ сатҳи бекорӣ аз 16 то 12 дарсад коҳиш ёфтааст, аммо муҳоҷират ҳамоно идома дорад. Сабаб ин аст, ки музди кор дар Тоҷикистон дар нисбати Қазоқистон ва Русия пасттар буда ва тахассуси коргарон барои таъмини онон дар ҳудуди ҷумҳурӣ мутобиқат намекунад.
Мувофиқи таҳлили Идораи хадамоти миллии таъмин бо кор, дар ҳамаи соҳаҳои саноат, сохтмон, кишоварзӣ, тиҷорат ва хидматрасонӣ ниёз ба нерӯи корӣ вуҷуд дорад, аммо пешниҳоди ин нерӯ эҳтиёҷро бароварда наметавонад.
Аз рӯи муҳосибаи Вазорати меҳнат ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, 95-97 дарсади корҷӯён ба Русия ва боқимонда ба давлатҳои Қазоқистон, Украина ва Белорусия  муҳоҷират мекунанд. Мувофиқи омӯзиши созмонҳои байналмилалӣ, 46 дарсади муҳоҷирони кориро соли 2009 афроди то 30-сола ва 31 дарсадро 30-39-сола ташкил медиҳанд. Қисми муайяни ин қишр мардони соҳибхонавода мебошанд, ки ба хотири дарёфти кори муваққатӣ ба муддати кӯтоҳ (як ё ду сол) рӯ ба ҳиҷрат овардаанд. Низ аз рӯи пажӯҳишҳои анҷомшуда тақрибан 50 дарсади афрод бо такя ба наздикону шиносҳои худ ба муҳоҷират мераванд ва бо кор таъмин мешаванд. 45-47 дарсад бе ягон шинос ба таври таваккал роҳи Русияро пеш мегиранд ва пас аз сарсониҳои зиёд соҳиби кори муваққатӣ мешаванд. Аз тариқи ширкатҳои хусусию давлатӣ фақат 1,2- 1,5 дарсад кори муваққатӣ меёбанд.  Ин шеваи мутамаддини корёбӣ, ки дар ағлаби кишварҳои содиркунандаи нерӯи корӣ маъруфият дорад, мутаассифона  ҳанӯз дар Тоҷикистон он қадар аз шӯҳрат баҳравар нест. Дар амри таъмини муҳоҷирон бо кор миёнаравони ғайрилегалӣ ҳам нақши муайян доранд. Мисол дар вилояти Суғд ин нақщро ронандаҳо ба зимма гирифтаанд, ки бо ёрии шиносҳояшон муҳоҷиронро бо кор таъмин менамоянд.
-Ба кадом далелҳо муҳоҷирон ғолибан ба Русия рӯ меоваранд?
-Имрӯз Федератсияи Русия паҳновартарин кишвари дунё аз лиҳози масоҳат мебошад ва захираҳои табиии он чор баробар бештар аз Иёлоти Муттаҳидаи Амрикост. Ин кишвар бо зарфиятҳову тавонмандиҳои иқтисодии бепоёни худ ояндаи дурахшоне дошта, рӯ ба ободию умрони бесобиқа ниҳодааст ва аз рӯи муҳосибаи коршиносон дар саросари асри равон барои табдил шудан ба як  абарқудрати сиёсиву  иқтисодии ҳақиқӣ ба 80  миллион нерӯи корӣ ниёзмандӣ дорад. Ин эҳтиёҷи хеле азим аст ва онро зотан бо нерӯи кории дохилиаш бароварда наметавонад ва шадидан ба нерӯи кории хориҷӣ ниёз дорад. Нерӯи корӣ дар ҷумҳуриҳои собиқ Шӯравӣ (хусусан Осиёи Марказӣ ва Қафқоз) хеле фаровон аст ва ҳам дар нисбати нерӯи кории дохилӣ бамаротиб арзонтар мебошад. Роҳи ҳалли ягонаи барзиёдии нерӯи кории ин ҷумҳуриҳо айни замон ин аст, ки он ба Русия ва сойири кишварҳои мутараққӣ содир шавад. Аз ин робитаи мутақобил ҳам Русия манфиат бармедорад, ки ба арзонтарин нерӯи корӣ соҳиб мешавад ва ҳам ҷумҳуриҳое, ки дар рафъи ин барзиёдӣ ночору музтар мондаанд. Русия мисли ҳар кишвари мутараққӣ нерӯи кории арзонро меписандад, вақте ки як муҳоҷири хориҷӣ бо арзонтарин қимат хонаҳоро рӯбучин мекунад, месозад ва тармим менамояд, алаф медаравад, гул мепарварад.
Реҷаи бидуни раводиди  Русия низ муҳоҷиронро ба ин кишвар дилгарм месозад, зеро рафтуомади ононро осонӣ мебахшад. Бар илова мо, тоҷикон,  бо русҳо наздик ба саду панҷоҳ сол ҳамзистӣ дорем ва аксари шаҳрвандони мо ба забони русӣ, ба фарҳанг ва анъанаҳои халқи рус балад ҳастанд ва дар нисбати муҳоҷирони хориҷии дур мисли чиниҳову ветнамиҳо зуд бо русҳо забони муштарак меёбанд ва унс мегиранд.
Лозим ба зикр аст, ки муҳоҷирати кории байналмилалӣ як робитаи мутақобили миёни мардумони дорои тарбияву таълим, фарҳанг,  одот ва рӯҳияи гуногун мебошад, ки дар фосилаҳои хеле дур аз ҳам, ҳатто ҳазорон километр, ба сар мебаранд ва муҳоҷирон ба хотири зиндагии беҳтар маҷбуранд, ки бо аҳолии бумӣ забони умумӣ ёбанд ва дар шароити иқлимию кории мураккаб ва ҷадид кор ва зиндагӣ намоянд. Аз ин рӯ табиист, ки ин муносибатҳо ҷанбаҳои ҳам мусбат ва ҳам манфӣ доранд.
-Алъон беш аз ду миллион шаҳрванди Тоҷикистон муҳоҷири корӣ мебошанд ва табиист, ки муҳоҷират ҷузве аз сиёсати миллӣ маҳсуб мешавад. Ба ҳамин хотир соли 2010 Хадамоти муҳоҷират дар назди Ҳукумат таъсис ёфт ва ба фаъолияти босамар пардохт. Ҳоло мо шадидан ниёз ба таҳияи Консепсияи сиёсати муҳоҷирати Тоҷикистон дорем.
-Ташкили хадамот иқдоми ҷиддиест дар танзим ва такмили сиёсати муҳоҷирати ҷумҳурӣ. Агар Консепсияи сиёсати муҳоҷират фароҳам гардад, сиёсат дар ин замина дорои ҳадаф, муҳтаво ва фалсафа хоҳад шуд. Хеле аз масъалаҳое мисли омодагии касбӣ ва фарогирифти забонии муҳоҷирони корӣ вуҷуд доранд, ки ҳалли ҳар чи зудтари худро тақозо мекунанд. Ҳамчунин ташкили бахши мониторинг ва арзёбии иҷрои барномаҳо ва стратегияҳо дар назди Хадамоти мазкур хеле муҳим аст.
-Муҳоҷирати корӣ дар замони мо як омили муҳими суботи иқтисодиву сиёсӣ маҳсуб мешавад. Як манбаи даромади кишварҳои ҷаҳони сеюм муҳоҷирати корист ва ҳатто кишварҳое мисли Филиппину Лубнон 50-60 дарсади буҷети солонаи худро аз ин ҳисоб таъмин мекунанд.  Мувофиқи омори расмӣ соли 2010 интиқоли пулии муҳоҷирон наздик беш аз 35 дарсади Маҷмӯи маҳсулоти дохилии Тоҷикистонро ташкил дод.
-Муҳоҷират бахши умдае аз раванди ҷаҳонгароист, ки миллатҳову мамлакатҳо, фарҳангҳову тамаддунҳоро бо ҳам наздик ва қарин месозад. Мо дар даруни ҷаҳон зиндагӣ мекунем, ҳамгароиҳои иқтисодӣ, фарҳангӣ ва сиёсӣ ба мо таъсир мегузоранд ва  маҷбурем, ки дар ин равандҳои тақдирсоз огоҳона роҳи ояндаи худро интихоб кунем.
Мо набояд аз калимаи "муҳоҷир" ё "мардикор" шарм кунем, балки муҳоҷиратро ҳамчун ҷузви ҳаёти иҷтимоию иқтисодии муосири худ бипазирем. Муҳоҷирон дар ҳақиқат ба иқтисоди кишвар саҳми калон мегузоранд. Сол  ба сол ҳаҷми интиқоли пулии онҳо меафзояд. Мувофиқи муҳосибаи коршиносони Бонки ҷаҳонӣ, агар мо муҳоҷирати кориро ба ҳайси судури нерӯи корӣ арзёбӣ кунем, интиқоли пулии муҳоҷирон нақши созанда ва қобили мулоҳизае дар ташаккул ва рушди иқтисоди миллӣ дорад.
-Тибқи омори расмии Хадамоти федералии муҳоҷирати Федератсияи Русия, зиёда аз 300 ҳазор тоҷикистонӣ, ки замоне бахши муҳоҷирони кориро созмон медоданд, имрӯз шаҳрванди Русия ба ҳисоб рафта, барои оянда ин сарзаминро ватани дуюми худ баргузидаанд ва сол ба сол ин рақам хоҳад афзуд.
-Дар айёми мо на танҳо иқтисоди Русия, балки тамоми кишварҳои ҷаҳони якум бе муҳоҷирони корӣ ғайри қобили тасаввур аст. Барои он ки хонандаи гиромӣ дар мавриди муҳоҷират бардошти дуруст дошта бошад, чанд рақаме дар ин замина аз Иёлоти Муттаҳидаи Амрико меоварам, ки азимтарин қудрати сиёсӣ, иқтисодӣ ва низомии ҷаҳони муосир мебошад. Мувофиқи омори расмии соли 2009 дар ҳар 31 сония ба ин кишвар муҳоҷире ворид гардид ва 12 миллион муҳоҷир дар Амрико 240 миллиард доллар кормузд дарёфт ва 90 миллиард доллар андоз супурд. Ҳукуматдорони ин кишвар аз ҳузури садҳо ҳазор муҳоҷири ғайриқонунӣ чашм пӯшидаанд, аввалан ин ҳамаро наметавон дастгир кард  ва сониян аз марз  хориҷ сохт ва муҳимтар аз ҳама иқтисоди миллӣ бе фаъолияти ҳаррӯзаи онҳо фалаҷ мешавад. Дар соҳаҳое мисли сохтмон, меҳмонсаро, кишоварзӣ ва саноати хӯрокворӣ ғайриқонуниҳо бештар аз муҳоҷироне мебошанд, ки дар асоси қонун кор мекунанд. Аз рӯи муҳосибаи коршиносон дар сурати берун рондани муҳоҷирони кории ғайриқонунӣ ба Маҷмӯи маҳсулоти дохилии ИМА 652 миллиард доллар зарари иқтисодӣ мерасад ва агар 3,5 миллион хонанда ҳамроҳи волидони худ ин кишварро тарк кунанд, ҳазорҳо мактаб баста хоҳад шуд. Пас роҳ чист? Роҳ ин аст, ки онҳоро бояд қонунӣ кард. Ҳоло 8 миллион нафар муҳоҷир ҳаққи шаҳрандӣ дорад, вале алҳол дархосте дар ин замина надодаанд. Бисёре аз онҳо ба иллати нағз надонистани забони ингилисӣ дархост накардаанд ва ин 8 миллион муҳоҷири ғайриқонунӣ дар хориҷ аз ИМА 20 миллион хешу табор дорад, ки дар сурати гирифтани шаҳрвандӣ ба онҳо хоҳанд пайваст.
Русия ҳам аз ин қоида мустасно нест ва беш аз 300 ҳазор тоҷикистонӣ, ки ҳаққи шаҳрвандии онро дарёфтаанд, ҳуқуқи баробаре бо русҳо пайдо хоҳанд кард ва дар ояндаи наздик ба ин саф садҳо ҳазори дигар хоҳанд пайваст ва дар пешрафту шукуфоии ин сарзамин ва ҳам Тоҷикистони азизи худ саҳми арзанда хоҳанд гирифт.


Баёни ақида (0)    Санаи нашр:    №:    Мутолиа карданд: 35629
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед