logo

номаҳо

Ҷони оча

Дурбибӣ ба тифлаш ҷон бахшиду худ ҷонашро аз даст дод. Хешовандон тифлро дар таваллудхона гузоштанду аз паи гӯру чӯби   модари ҷавонмарг шуданд. 
Ин айём Қудсия низ дар таваллудхонаи деҳаи Ғӯсари Панҷакент духтарчае  ба дунё оварда буд. Гиряи тифли Дурбибӣ пайваста ба гӯшаш мерасид ва   дилашро ба дард меовард. Аз хоҳари шафқат  илтимос кард, ки тифлро назди ӯ орад. Нӯҳ рӯз-то омадани наздикони  Дурбибӣ  ӯро қатори духтарчааш сина дод.
 Падари тифл - Мирзообид аз деҳаи Дашти Қозӣ омад, ба Қудсия  изҳори сипос карду писарчаашро бо худ бурд.
 Аз байн бисту чор сол гузашт. Боре Қудсия дар омади гап ин қиссаро дар  нишасте ба ёд овард.
 Ин қисса аз даҳан ба даҳан то гӯши ҳамон тифл, ки Ёдгораш ном карда буданду акнун ҷавони баркамол аст, расид. Ва рӯзе назди дарвозаи  Қудсия мошини сабукраве бозистод. Аз он чанд нафари ношинос берун омаданд. Онҳо Ёдгори 24 сола ва хешу табораш буданд. Ҳамоне ки Қудсия шираш дода буд... 
  Ҳоло Ёдгор, падараш Мирзообид, модарандараш пайваста аз ҳоли Қудсия, ки анқариб шавҳарашро аз даст дод, бохабар мешаванд. Дар тӯи арӯсии  духтаронаш Ёдгор бародарвор  хидмат кард. Қудсия бошад, дар тӯи   хонадоршавии ӯ чун модар якандози қуроқ дӯхт.
 Ёдгор ҳоло дар муҳоҷирати меҳнатӣ, дар Русия аст. Зуд-зуд ба Қудсия   занг мезанад.
 -  Оча, ин ман, - мегӯяд ӯ.
 -  Ҷони оча, - ҷавоб мешунавад.

Дорои СОЛЕҲЗОДА,
шаҳри Панҷакент


Баёни ақида (0)    Санаи нашр:    №:    Мутолиа карданд: 3886
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед