logo

мулоқотҳо

Мулоқоти Эмомалӣ Раҳмон бо Анри Албер Габриэл Феликс Марӣ

Субҳи 9 июн барномаи сафари расмии Эмомалӣ Раҳмон, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, ба Гертсогии Бузурги Люксембург бо мулоқот бо Анри Албер Габриэл Феликс Марӣ, Гертсоги Бузурги Люксембург,  оғоз ёфт.
Дар ибтидо Эмомалӣ Раҳмон аз даъвати ҷониби Люксембург барои боздиди расмӣ аз ин кишвари мутараққӣ арзи сипос карда, иброз дошт: "Қисмати аврупоии ҷомеаи ҷаҳонӣ ҳамчун самти афзалиятноки сиёсати берунаи мо муқаррар шудааст ва дар ин чаҳорчӯб Люксембург мавқеи хоса дорад".
Дар мулоқот масоили ҳамкории Тоҷикистону Люксембург, аз ҷумла татбиқи амалии мувофиқаҳое, ки дар мулоқоти қаблии сарони ду давлат соли 2004 ҳосил шуда буданд, баррасӣ гардиданд.

Ҳар ду ҷониб ба таъмину таҳкими амният ва субот дар фазои АвруОсиё, мубориза алайҳи таҳдиду чолишҳои глобалӣ, ҳамкории васеъ ва бунёдии иқтисодию тиҷоратӣ, фарҳангӣ ва илмию техникӣ изҳори ҳавасмандӣ карданд.
Нимаи аввали рӯз Эмомалӣ Раҳмон, Сарвари давлати Тоҷикистон, ҳамчунин бо Лаурент Мозар, Президенти Палатаи вакилони (Порлумони) Люксембург ва Жан- Клод Юнкер, Сарвазири Гертсогии Бузурги Люксембург, низ мулоқот карда, ҷанбаҳои гуногуни муносиботи дӯстӣ ва ҳамкории судманди ду кишварро баррасӣ намуд.
 Дар бинои Вазорати корҳои хориҷии Люксембург дар ҳузури Эмомалӣ Раҳмон, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Жан- Клод Юнкер, Сарвазири Гертсогии Бузурги Люксембург,  3 санади ҳамкорӣ ба имзо расид:
 Созишномаи байниҳукуматӣ оид ба пешгирии андозбандии дукарата ва саркашӣ аз супоридани андоз аз даромад ва сармоя;
Созишномаи байниҳукуматӣ оид ба алоқаи ҳавоӣ;
Ёддошти тафоҳум оид ба алоқаи ҳавоӣ.
Эмомалӣ Раҳмон, Президенти Тоҷикистон ва Жан- Клод Юнкер, Сарвазири Люксембург,  зимни изҳороти матбуотӣ ва посух ба суолҳои хабарнигорон аз натиҷаи мулоқоту музокироти дуҷониба ва дурнамои рушди муносиботи дӯстона ва ҳамкории гуногунҷанбаи ду кишвар изҳори қаноатмандӣ карданд.
Эмомалӣ Раҳмон,  Президенти Тоҷикистон, Жан-Клод Юнкер, Сарвазири Люксембургро  даъват намуд, ки ба Тоҷикистон сафари расмӣ анҷом диҳад.


Баёни ақида (0)    Санаи нашр:    №:    Мутолиа карданд: 1994
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед