logo

маориф

СУҒД: ҷамъияти "Дониш" фаъолияташро густариш мебахшад

Дар гузаштаи начандон дур ҷамъияти "Дониш" як иттиҳодияи нерӯманд  ба ҳисоб мерафт ва дар Тоҷикистон ҳам фаъолияти густурдае дошт. Ҳадафаш тарғиби маърифати сиёсию иқтисодӣ, комёбиҳои илму техника, фарҳанг ва таҷрибаи пешқадам, инчунин тарбияи маънавии одамон буд.
Он соли 1947 ба ибтикори зиёиёни пешқадами кишвар бо номи Ҷамъият оид ба паҳн кардани донишҳои сиёсӣ ва илмӣ ташкил ёфт ва соли 1963 номи "Дониш"-ро гирифт.

Ҳар шаҳрванде, ки тарғиботи донишро ба зима мегирифт, узви ҷамъияти "Дониш" шуда метавонист. Фаъолияти он ихтиёриву  бемузд ва бо ташаббуси шахсии аҳли илму зиё ба хотири дар ҷомеа паҳн кардани  навгониҳои илму дониш сурат мегирифт. Академикҳо Ғ. Алиев, М. Турсунзода, А. Баҳоваддинов, С. Раҷабов, М. Осимӣ раисии раёсати ҷамъияти "Дониш"-ро ба зимма доштанд.
Соли 1976 наздики  26 ҳазор олиму муаллими мактабҳои олию миёна, табибон, кормандони муҳандисию техникӣ, иқтисодчиён, мутахассисони соҳаҳои кишоварзӣ ва саноат, ҳуқуқшиносон, зиёиёни эҷодкор, ихтироъкорону навоварон ва пешқадамони истеҳсолот узви он буданд.  Барои пешбарии корҳои илмию машваратӣ ва эҷодӣ дар назди раёсати ҷамъият ва ташкилотҳои маҳаллии он беш аз бист бахши  илм ва ҳайатҳои мухталиф фаъолият доштанд.
Бо Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон ин ҷамъияти бонуфуз умри дубора ёфт.
Дар роҳандозии фаъолияти он дар вилояти Суғд мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят нақши назаррас дорад. Ва саъйи собиқ узви ҳайати таҳририяи рӯзномаи "Ҷумҳурият", олим ва публитсист,  шодравон Карим Абдулов ҳам дар ин ҷода шоистаи ёдоварист.
Чанде пеш дар китобхонаи вилоятии ба номи Тошхоҷаи Асирии шаҳри Хуҷанд ҷаласаи навбатии ҷамъияти "Дониш" баргузор шуд.
Аз ҳисобот ва музокираҳои баррасишуда маълум гардид, ки фаъолияти ҷамъияти "Дониш" айни замон дар шароити созандагиву бунёдкориҳо баҳри ояндаи неки кишвар ба ҷомеа зарур аст. Иштирокдорони ҷаласа Ҷумъабой Сангинов, муовини аввали раиси вилояти Суғд, олим ва сиёсатмадори шинохтаро раиси ҷамъияти "Дониш"-и вилояти Суғд интихоб карданд.

Субҳон Ёдгорӣ, шаҳри Хуҷанд


Баёни ақида (0)    Санаи нашр:    №:    Мутолиа карданд: 5663
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед