logo

президент

Машварати кории Президенти ҷумҳурӣ бо масъулони Ҳукумати кишвар

16 июн Эмомалӣ Раҳмон, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, бо масъулони Ҳукумати кишвар ва Дастгоҳи иҷроияи Сарвари давлат, роҳбарони вазорату идораҳои дахлдор, шаҳру ноҳияҳои тобеи марказ, намояндагони аҳли илму фарҳанг ва иттилоот машварати корӣ доир намуд.
 Дар машварат масоили омодагӣ ба таҷлили ҷашни солгарди 20-умини Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон, вусъати корҳои созандагию ободонӣ, истифодаи пурсамар аз заминҳои корам, таъмини фаровонию арзонӣ дар бозори истеъмолӣ ва тайёрӣ ба зимистон баррасӣ шуд.

 Доир ба рафти омодагӣ ба ҷашни 20 - солагии Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон ва корҳои созандагию ободонӣ гузориши Оқил Оқилов, Сарвазири кишвар, шунида шуд. Зикр гардид, ки дар доираи омодагӣ ба ин ҷашни пурифтихор, ки тибқи қарори Ҳукумати кишвар аз моҳи декабри соли 2008 оғоз ёфта буд,  сохтмон ва ба истифода додани 1350 иншооти наву замонавӣ ба нақша гирифта шуд.  Корҳои созандагию бунёдкорӣ ва ободонӣ дар тамоми шаҳру ноҳияҳои кишвар бонизом ба роҳ монда шудааст.
 Тавре зикр гардид, танҳо дар пойтахти кишвар Китобхонаи миллии Тоҷикистон, Осорхонаи миллии Тоҷикистон, Нишон ва Парчами давлатии Тоҷикистон бо майдону гулгаштҳои зебои атрофашон, боғи нави фарҳангиву фароғатӣ дар майдони 15 гектар, меҳмонхонаи панҷситорадори Сирена ва даҳҳо иншооти мӯҳташами дигар мавриди баҳрабардорӣ қарор мегиранд.
Эмомалӣ Раҳмон,  Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, ба масъулони дахлдор доир ба вусъат додани корҳои ободонию созандагӣ дар тамоми гӯшаю канори кишвар, таҳия ва пешниҳоди беҳтарин барномаҳои илмию фарҳангӣ, фароғатӣ, тарғибу ташвиқи арзишҳою муқаддасоти волои миллӣ, тарбияи ҳисси ифтихору сарфарозии мардум аз давлатдории миллӣ ва баланд бардоштани сифати таълиму тарбияи насли наврас дастуру ҳидоятҳо дод.
 Доир ба истифодаи пурсамар аз заминҳои корам, вусъат додани кишти такрорӣ ва таъмини фаровонию арзонӣ дар бозори истеъмолӣ Муродалӣ Алимардон, муовини Сарвазири кишвар, Маҳмадсаид Убайдуллоев, раиси шаҳри Душанбе ва Сироҷиддин Валиев, раиси Иттифоқи Тоҷикматлубот, гузориш доданд.
 Эмомалӣ Раҳмон, Сарвари давлат,  доир ба истифодаи пурсамар аз заминҳои корам, рӯёндани ду ва зиёда ҳосил аз заминҳои обӣ, таъмини фаровонию арзонӣ дар бозорҳои кишвар ва ҳифзи амнияти озуқаворӣ ба масъулони дахлдор, аз ҷумла роҳбарияти Ҳукумати кишвар, вазорату идораҳои дахлдор, шаҳру ноҳияҳо ва бозорҳо  супоришҳои қатъӣ дод. Зикр гардид, ки тибқи супоришҳои қаблии Сарвари давлат майдони кишти картошка имсол бояд 4 ҳазор гектар ва ҷамъоварии ҳосили он 80 ҳазор тонна афзун шавад. Соли оянда ин нишондодҳо бояд ду баробар зиёд гарданд. "Бо ҳамин тартиб бо истифода аз имкону захираҳои мавҷуда истеҳсоли тамоми маҳсулоти истеъмолии кишоварзӣ бояд афзоиш ёбад", - таъкид дошт Эмомалӣ Раҳмон, Президенти кишвар .
Ҳамчунин таъкид гардид, ки корҳои омодагӣ ба зимистон бояд аз ҳозир вусъат ёбанд.


Баёни ақида (0)    Санаи нашр:    №:    Мутолиа карданд: 3710
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед