logo

мулоқотҳо

Президент вазиронро ба ҳузур пазируфт

20 июн Эмомалӣ Раҳмон, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, вазирони маорифи кишварҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақилро, ки дар шаҳри Душанбе барои ҷаласаи навбатии Шӯрои вазирони маорифи кишварҳои аъзои ин созмон баҳам омадаанд, ба ҳузур пазируфт.
Дар мулоқот масоили ҳамкории кишварҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил дар соҳаи маориф баррасӣ шуданд.

Эмомалӣ Раҳмон, Сарвари давлат, маорифро асоси пешрафту тараққиёт дар ҳамаи соҳаҳои ҳаёти ҷомеа номида, ҳавасмандии устувори Тоҷикистонро ба рушди равобити судманд бо кишварҳои фазои пасошӯравӣ дар ин ва дигар самтҳо таъкид намуд.
Зимни сӯҳбат ҳавасмандии кулли кишварҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ба густариши ҳамкорӣ, аз ҷумла омӯзиши таҷрибаи ҳамдигар, табодули омӯзгорону донишҷӯён, тадқиқоти муштараки илмию техникӣ ва омода сохтани мутахассисони ба талаботи замон ҷавобгӯ таъкид гардид.

www.president.tj

* * *
Эмомалӣ Раҳмон, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар мулоқот бо вазирони маорифи кишварҳои узви Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил зарурати ҳамкории ҳарчи бештарро дар риштаи омӯзишу парвариш, табодули таҷрибаи ҳамдигарӣ, робитаҳои илмию таълимӣ таъкид кардааст.
Ин нуктаро Андрей Фурсенко, вазири маориф ва илми Федератсияи Русия, дар сӯҳбат бо хабарнигорон иброз намуда, гуфтугӯи Сарвари давлати Тоҷикистон бо вазирони маорифро дар таҳкими робитаҳои минбаъдаи илмию таълимӣ судманд арзёбӣ кард. Дар сӯҳбат нақши маориф дар амри пешбурди дигар соҳаҳо таъкид гардида, ҳамзамон масъалаҳои калидии соҳа ва робитаҳои байниҳамдигарӣ дар ин ришта баррасӣ шудааст. Вазири маорифи  Федератсияи  Русия  аз таваҷҷӯҳи Эмомалӣ Раҳмон оиди ба роҳ мондани омӯзиши ҳатмии забони русӣ дар доираи кишварҳои узв ситоиш кард.
Таъсиси филиали донишгоҳҳои пуриқтидори илмӣ ва пешрафтаи кишварҳои ИДМ дар қаламрави ҳамдигар низ яке аз мавзӯъҳои асосии ин мулоқот ба шумор рафта, роҳбарони соҳа нисбат ба амалӣ намудани ин тадбири муҳим ҷонибдории худро баён намудаанд.

Фирӯзи РАҲМОНИЁН,
"Ҷумҳурият"


Баёни ақида (0)    Санаи нашр:    №:    Мутолиа карданд: 2060
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед