logo

президент

Дурнамои макроиқтисодии кишвар барои солҳои 2012-2014 қабул шуд

Гузориш аз ҷаласаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

30 июни соли 2011 таҳти раёсати Эмомалӣ Раҳмон, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси Ҳукумати кишвар, маҷлиси навбатии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид.
Дар маҷлиси навбатии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон нахуст масъалаи кадрҳо баррасӣ шуд, ки зимни он роҳбарони як қатор институтҳои Академияи илмҳои Тоҷикистон ва аъзои нави ҳайати мушовараи Кумитаи давлатии заминсозӣ ва геодезӣ ва Сарраёсати ҳифзи сирри давлатии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин карда шуданд.
Сипас ҳисоботи вазири кишоварзӣ доир ба татбиқи Барномаи рушди соҳаи қутоспарварӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2008-2015 шунида шуд. Тавре зикр гардид, дар натиҷаи татбиқи босамари ин барнома, ки бо ташаббуси Эмомалӣ Раҳмон, Сарвари давлат, таҳия ва қабул шуда буд, саршумори қутос аз 18300 сари соли 2008 ҳоло ба 21500 сар расидааст. Солҳои пеш қутосро танҳо дар ноҳияи Мурғоби Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон во хӯрдан мумкин буд, ҳоло бошад ин ҷонвари нодир дар ноҳияҳои Ҷиргатол, Балҷувон, Айнӣ ва Кӯҳистони Мастчоҳ низ парвариш меёбад.
Эмомалӣ Раҳмон, Сарвари давлат, ба масъулони дахлдор дастур дод, ки доир ба зиёд кардани саршумори қутос, ду баробар афзун намудани маблағгузории давлатӣ ба ин кор, ба роҳ мондани корҳои илмӣ-тадқиқотӣ барои беҳсозии зоти ин чорвои нодир, ба бозорҳо пешниҳод намудани гӯшти он ва бунёди сехҳои коркарди маҳсулоти қутос чораҳои судбахш амалӣ намоянд. 
Сипас вазири фарҳанги кишвар доир ба рафти татбиқи Барномаи рушди фаъолияти китобдорӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2006-2015 ва Барномаи рушди Китобхонаи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба номи Абулқосим Фирдавсӣ барои солҳои 2006-2015 ҳисобот дод.
Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон дастур дод, ки барои татбиқи босамари барномаҳои мазкур ва ҳамчунин ҷамъоварии китобҳои нодири бадеӣ, илмӣ-оммавӣ, таърихию фарҳангӣ ва ғайра барои Китобхонаи миллии Тоҷикистон, ки дар арафаи ҷашни 20-умин солгарди  Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон мавриди баҳрабардорӣ қарор хоҳад гирифт, тадбирҳои судбахш андешида шаванд.
Қоидаҳои таъмини ҳифзи металлҳои қиматбаҳо ва сангҳои қиматбаҳо дар корхонаҳои истихроҷи маъдани кӯҳии Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ карда шуданд.
Қарор шуд, ки натиҷаҳои пешакии барӯйхатгирии аҳолӣ ва фонди манзил дар соли 2010 то натиҷагирии ҷамъбастии он мавриди истифода қарор дода шаванд.
Тавре зикр гардид, мутобиқи ҳисоботи пешакӣ шумораи аҳолии доимии Тоҷикистон ба ҳолати 21 сентябри соли 2010  7 миллиону 565 ҳазор нафар аст. Ин нишондиҳанда нисбат ба соли 2000 1 миллиону 438 ҳазор ё 23% зиёд аст.
Дурнамои нишондиҳандаҳои макроиқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2012-2014 маъқул дониста шуд.
Тибқи ин санад, дар соли 2012 шумораи аҳолии доимии Тоҷикистон бояд ба 7 миллиону 920 ҳазор нафар расида, маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ бо нархҳои дурнамо ба 35 миллиарду 800 миллион сомонӣ ва суръати афзоиши он ба 7% баробар шавад.
Дар солҳои 2013 ва 2014 бошад,  шумораи аҳолӣ бояд мутаносибан ба 8 миллиону 70 ҳазор ва 8 миллиону 230 ҳазор расида, маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ бо нархҳои дурнамо ба 40 миллиарду 700 миллион сомонӣ ва 46 миллиарду 900 миллион сомонӣ ва суръати афзоиши он ба 7,2% ва 7,3% баробар гардад.
Лоиҳаи як қатор қонунҳо маъқул дониста шуд, ки тибқи онҳо ба як зумра қонунҳои амалкунанда, аз ҷумла ба қонунҳо "Дар бораи реклама" ва "Дар бораи ҷамъиятҳои саҳомӣ" тағйиру иловаҳо пешниҳод мегарданд.
Эмомалӣ Раҳмон, Президенти кишвар, зимни ҷамъбасти маҷлис ба масъулони дахлдор, ҳамчунин доир ба омодагии ҷиддӣ ба истиқболи сазовори 20-умин солгарди  Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон дастуру ҳидоятҳо дод.
Дар ин бора ба АМИТ "Ховар" аз Хадамоти матбуоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ доданд.


Баёни ақида (0)    Санаи нашр:    №:    Мутолиа карданд: 3698
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед