logo

мулоқотҳо

Ба ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон таваҷҷӯҳ зоҳир гашт

Нимаи дуюми 30 июни соли 2011 Эмомалӣ Раҳмон, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вилям Браунфилд, ёвари котиби давлатии Иёлоти Муттаҳидаи Амрико оид ба муборизаи байналмилалӣ бо маводи мухаддир ва ҳифзи тартиботи ҳуқуқиро ба ҳузур пазируфт.

Дар мулоқот масоили ҳамкории Тоҷикистону Амрико дар арсаҳои гуногун баррасӣ шуданд.
Таваҷҷӯҳи асосӣ ба ҳамгироии муштарак дар мубориза бо терроризму ифротгароӣ, гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир ва мусоидат ба таҳкими ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон зоҳир гардид.
Аз сатҳ ва мазмуни ҳамкории сохторҳои қудратӣ ва мақомоти ҳифзи ҳуқуқу тартиботи Тоҷикистону Амрико дар самти мубориза бо хатарҳои ҷаҳони муосир, ки аз ҷумла дар шакли омодасозии кадрҳо, машғулиятҳои муштарак ва расондани кӯмакҳои техникӣ сурат мегирад, изҳори қаноатмандӣ шуд.
Аз ду ҷониб таъкид гардид, ки дар мубориза бо истеҳсол ва гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир Тоҷикистону Амрико бояд бо тамоми кишварҳои минтақаи Осиёи Марказӣ, Афғонистон ва Русия ҳамгироии зич ба роҳ монанд.
Бо қаноатмандӣ зикр ёфт, ки дар натиҷаи амалӣ шудани тадбирҳои судманди муштарак дар Афғонистон, аз ҷумла несту нобуд кардани киштзорҳои растаниҳои нашъадор ва муборизаи босамар бо қочоқбарон вақтҳои охир гардиши маводи мухаддир рӯ ба коҳиш овардааст. Ҳар ду ҷониб омодагӣ ва ҳавасмандии устувори худро ба идомаи муборизаи муваффақона бо ин вабои аср ва ҳамчунин ба густариши ҳамкорӣ дар дигар самтҳо таъкид намуд.

www.president.tj


Дар самти мубориза бо гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир ва ҷилавгирӣ аз қочоқи ин вабои аср Тоҷикистону Амрико шарикони боэътимоданд.
Дар заминаи ҳамкориҳои муштарак ва ба роҳ мондани чораҳои таъсирбахши мубориза бо қочоқбарон ахиран гардиши ғайриқонунии маводи нашъаовар аз Афғонистон тариқи хоки Тоҷикистон коҳиш ёфтааст.
Ин матлабро Вилям Браунфилд,  ёвари котиби давлатии Иёлоти Муттаҳидаи Амрико оид ба муборизаи байналмилалӣ  бо  маводи  мухаддир ва ҳифзи  тартиботи  ҳуқуқӣ,  баъд аз  мулоқот  бо  Эмомалӣ  Раҳмон, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, баён намуд. Мавсуф дар сӯҳбат бо хабарнигорон ба нақши Тоҷикистон дар мубориза бо мухаддирот, терроризму экстремизм ва дигар хатарҳои ҷаҳонӣ баҳои баланд дод.
Бино ба гуфти Вилям Браунфилд, зимни мулоқот ҷонибҳо ба тақвияти сарҳадоти Тоҷикистону Афғонистон, расонидани ёриҳои техникию гузаронидани машғулиятҳои муштарак таваҷҷӯҳ зоҳир намуда, дар ин замина густариши ҳамкорӣ бо дигар кишварҳои Осиёи Марказӣ, Афғонистон ва Русияро таъкид кардаанд.
Вилям Браунфилд қабл аз ин дидор бо роҳбарияти мақомоти корҳои дохилӣ, Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар сохторҳои марбута низ дидору гуфтугӯ кардааст.

Фирӯзи РАҲМОНИЁН,
"Ҷумҳурият"


Баёни ақида (0)    Санаи нашр:    №:    Мутолиа карданд: 2065
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед