logo

мулоқотҳо

Эмомалӣ Раҳмон Ашок Кумарро пазируфт

29 июн Эмомалӣ Раҳмон, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ашок Кумар Лаҳирӣ, директори иҷроияи Бонки осиёии рушдро ба ҳузур пазируфт. Дар мулоқот масоили ҳамкории гуногунҷанба бо ин ниҳоди минтақавии молиявӣ, ки аз ниҳодҳои асосии мададрасони Тоҷикистон ба шумор меравад, баррасӣ шуданд, аз ҷумла роҳҳои дастгирии минбаъдаи рушди иҷтимоию иқтисодии кишвари мо.
 Бо қаноатмандӣ зикр гардид, ки тайи солҳои ҳамкории дуҷониба аз ҷониби Бонки осиёии рушд барои дастгирии рушди Тоҷикистон ба маблағи 372 миллион доллари амрикоӣ қарзҳои имтиёзӣ, 284 миллион доллари амрикоӣ грант ва 35 миллион доллари амрикоӣ кӯмаки техникӣ ҷудо гаштааст. Дар се соли аввали стратегияи нави 5 - солаи дуҷониба, ки моҳи майи соли 2010 қабул шуда буд, ба Тоҷикистон 252 миллион доллари амрикоӣ барои беҳсозии шабакаҳои роҳу нақлиёт, амнияти энергетикӣ, рушди бахши хусусӣ ва ҳамкории минтақавӣ бояд ҷудо карда шавад.
 Ғайр аз ин ҷудо намудани 45 миллион доллари амрикоӣ барои татбиқи Барномаи таҳкими идораи захираҳои давлатии Тоҷикистон баҳри ҳалли мушкилоти иҷтимоӣ пешбинӣ шудааст, ки 20 миллионаш аллакай дастрас гардидааст.
 Эмомалӣ Раҳмон, Сарвари давлат, ба роҳбарияти Бонки осиёии рушд барои дастгирии рушди бонизоми иқтисоди Тоҷикистон арзи сипосу қадрдонӣ карда, ҳамзамон изҳори боварӣ намуд, ки сармоягузории лоиҳаҳои зербиноии дорои аҳамияти бузурги минтақавӣ, аз қабили бунёди роҳҳои оҳану мошингард ва хатҳои интиқоли нерӯи барқи миёни Осиёи Марказӣ ва Осиёи Ҷанубӣ аз мадди таваҷҷӯҳи ин ниҳоди бонуфузи молиявӣ дур нахоҳад монд.
 Ашок Кумар Лаҳирӣ ба рушди иҷтимоию иқтисодии Тоҷикистон баҳои баланд дода, аз ҷумла изҳор дошт: "Бонки осиёии рушд аз идораи иқтисоди Тоҷикистон ва истифодаи босамари маблағҳои ҷудонамудааш ба ин кишвар қаноатманд аст".
 Ашок Кумар Лаҳирӣ, ҳамчунин изҳор дошт: "Бонки осиёии рушд аз ташаббусҳои судманди Тоҷикистон доир ба рушди ҳамкории минтақавӣ пайваста пуштибонӣ мекунад, зеро таъмини гардиши озоди одамон, молу маҳсулот, пул ва хизматрасониҳо дар тамоми қаламрави қитъаи Осиё аз ҷумлаи нақшаҳои асосӣ ва орзуҳои бонки мо аст". 
 Дар мулоқот, ҳамчунин доир ба рушди ҳамкорӣ дар соҳаҳои кишоварзӣ, маорифу тандурустӣ, ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ ва дигар мавзӯъҳои мавриди таваҷҷӯҳ гуфтугӯи судманд сурат гирифт.

www.president.tj


Баёни ақида (0)    Санаи нашр:    №:    Мутолиа карданд: 2007
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед