маориф
Хобгоҳ ба истифода дода мешавад
-Донишкадаи молияи ҷумҳурӣ навтаъсис буда, ду сол боз фаъолият дорад. Ҳоло дар ин муассисаи таълимӣ 869 нафар донишҷӯ аз рӯи даҳ ихтисос таҳсил менамояд, -гуфт Каримҷон Ҳусейнов, ректори донишкада.
Таҳсил аз оғози фаъолият бо усули тестӣ ба роҳ монда шудааст. 76 нафар муаллим, (28 нафараш доктору номзади илманд), дар 6 кафедра ба донишҷӯён таълим медиҳанд. Дар соли нави хониш боз 5 кафедраи нав таъсис меёбад. Китобхонаи дорои 35 ҳазор нусха китоби чопӣ ва 21 ҳазор китоби электронӣ, чор синфхонаи компютерию маркази компютерӣ дар хизмати донишҷӯён мебошанд.
Имсол тибқи нақша таълимгоҳ 525 донишҷӯ қабул мекунад.
Таъмири бинои хобгоҳ идома дошта, 1 сентябр ба истифода дода мешавад.
У. МУРОД
Баёни ақида (0) Санаи нашр: №: Мутолиа карданд: 5622