маориф
Тоҷикистон:
Донишгоҳи Осиёи Марказиро
185 нафар хатм кард
Дар толори Маркази Исмоилияи шаҳри Душанбе бо иштироки намояндагони мақомоти иҷроияву қонунгузории ҷумҳурӣ, созмонҳои байналмилалӣ, корпусҳои дипломатии муқими пойтахт ва ВАО маросими хатми бахши тоҷикистонии Донишгоҳи Осиёи Марказӣ баргузор шуд.
Дар оғози маросим Богдан Кравченко, роҳбари кулли Донишгоҳи Осиёи Марказӣ ва Мерган Шаҳбозов, муовини раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Тоҷикистон суханронӣ намуда, изҳор доштанд, ки Барномаи "Инсоншиносӣ" ва Маркази таълимии касбӣ ва маълумоти давомдори бахши тоҷикистонии донишгоҳро то имрӯз беш аз 6 ҳазор нафар хатм намудааст. Дар он на танҳо ҷавонон, балки калонсолон низ ба забономӯзии амалӣ ва касбҳои техникӣ фаро гирифта шуданд. Ва тавре Мерган Шаҳбозов зимни суханрониаш иброз дошт, кормандони Маҷлиси намояндагон низ омодаанд, бо идомаи таҳсил дар ин бахшҳои донишгоҳ малакаи касбиашонро такмил диҳанд.
Сипас ба 185 донишҷӯе, ки имсол Барномаи "Инсоншиносӣ" ва Маркази таълимии касбӣ ва маълумоти давомдорро хатм карданд, шаҳодатнома супурда шуд.
Мавриди ёдоварист, ки донишҷӯёни Барномаи "Инсоншиносӣ" дар риштаи илмҳои ҷомеашиносӣ ба забони англисӣ таҳсил мекунанд. Омӯзиши донишҷӯён дар курсҳои инсоншиносӣ барои дарки вазъи инсонҳо ва табиати ҷомеаҳо мусоидат намуда, дар заминаи афкору фарҳангҳои мардуми Осиёи Марказӣ гуногунандеширо ривоҷ медиҳад. Зимни омӯзиш донишҷӯён дар ин курсҳо малакаҳои муҳими илмӣ, аз ҷумла тафаккури интиқодӣ, эҷоди иншои асарҳои илмӣ, маҳорати муошират ва гӯш кардану ширкат дар кори гурӯҳиро пайдо менамоянд. Хатмкунандагони барнома ба дастрасии омӯзиш дар сатҳи байналмилалӣ омода гашта, инчунин ба баланд бардоштани имконоти зеҳнии роҳбарӣ дар ҷомеаҳои худ мусоидат мекунанд.
Хатмкунандагони Мактаби таълимии касбӣ ва маълумоти давомдор донишомӯзони калонсол буда, барномаи технологияи муҳосибиро дар асоси меъёрҳои ҷаҳонии ҳисоботи молиявӣ омӯхтанд.
Ба донишомӯзоне, ки дараҷаи дуюм ва сеюми забони англисиро барои коргузории расмӣ тибқи барномаи Палатаи савдо ва саноати Лондон хатм карданд, низ шаҳодатномаҳо тақдим гардид. Инчунин шаҳодатномаҳои Академияи технологияи иттилоотии Майкрософт ва Палатаи савдо ва саноати Лондон ба донишҷӯён - кормандони мақомоти иҷроия ва онҳое, ки аз ин имтиҳони байналмилалӣ гузаштанд, тақдим шуд.
Донишгоҳи Осиёи Марказӣ соли 2000 -ум ба саъю эҳтимоми ҳукуматҳои Тоҷикистон, Қазоқистон, Қирғизистон ва Волоҳазрат Шоҳкарим Ал-Ҳусайнӣ Оғохони IV таъсис ёфтааст. Қарордоди байналмилалӣ ва Низомномаи таъсисдиҳии ин донишгоҳи дунявию хусусӣ аз ҷониби Волоҳазрат Шоҳкарим Ал-Ҳусайнӣ Оғохони IV, президентҳои ҷумҳуриҳои Тоҷикистон, Қирғизистон ва Қазоқистон ба имзо расида, онҳоро намояндагони порлумони ин кишварҳо ба тасвиб расонидаанд ва аз ҷониби Созмони Милали Муттаҳид сабти ном шудааст.
Ин мактаб дар Осиёи Марказӣ нахустин муассисаи таълимии байналмилалӣ бо барномаҳои касбӣ мебошад, ки омӯзиши ихтисосро бидуни гусастан аз истеҳсолот пешниҳод менамояд.
Бино ба иттилои Диловар Бутабеков, роҳбари мактаби касбӣ ва маълумоти давомдори Донишгоҳи Осиёи Марказӣ дар Хоруғ, айни замон ин мактаб дар шаҳрҳои Душанбе ва Хоруғ амал намуда, пешаҳои бинокор, челонгар, васлгар, андовагар ва техникаи санитариро ҳам меомӯзонад. Сифати таълим аз тарафи идораи садри донишгоҳ назорат мешавад ва мутобиқи меъёри таълими аврупоист. Ба сифати дониши донишҷӯён коршиносон аз Канада ва ё Қазоқистон баҳо медиҳанд.
Хайринисои Расулӣ,
"Ҷумҳурият"
Баёни ақида (0) Санаи нашр: №: Мутолиа карданд: 5881