logo

маориф

Маориф: моро ҳадафҳои ягона муттаҳид месозад

Гоми устувор дар масири ҳамкориҳои умедбахш

Ба ифтихори 20-умин солгарди таъсиси ИДМ дар шаҳри Душанбе ҷаласаи навбатии Шӯрои вазирони маорифи кишварҳои узв баргузор шуд. Дар доираи он ба хотири   рафъи мушкилоти мавҷуди соҳаи маорифи минтақа зимни ҳамкориҳои муштарак силсилатадбирҳои назариву амалӣ рӯи кор омаданд. Аз ҷумла рӯзҳои 19-20 июн дар бӯстонсарои Ҳукумати кишвар  Ҷаласаи 24-уми Шӯро оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи маориф ва Ҳамойиши 18-уми вазирони маорифи кишварҳои узви ИДМ, вохӯрии намояндагони Вазорати маориф ва илми Федератсияи Русия бо роҳбарияти Вазорати маорифи Тоҷикистон ва муассисаҳои таҳсилоти олии заминавии Созмони Ҳамкории Шанхай ва семинари омӯзишӣ дар мавриди омодасозии мутахассисони замони нав баргузор шуд.
Тавре ки Абдуҷаббор  Раҳмонов, вазири маорифи Тоҷикистон, ҳини ифтитоҳи ҷаласаи Шӯрои вазирон иброз дошт, бо баргузории силсилатадбирҳои навбатӣ  ҷузъиёти нави рушди минбаъдаи ҳамкориҳо барои фароҳамоварии фазои ягонаи омӯзишӣ ва фаъолияти муштараки босамар дар соҳаи маориф ва илм мавриди баррасӣ қарор гирифт. Бино ба итттилои мавсуф Вазорати маорифи ҷумҳурӣ  дар роҳи ислоҳоти ҷаҳонии низоми маориф гоми нахустро гузошт ва ҳалли мушкилоти мавҷуд дар ташаккулу рушди маорифи кишварҳоямон таконе хоҳад шуд.
Бино ба иттилои Сафаралӣ Ғуломов, муовини сардори департаменти муаммоҳои сиёсиву иҷтимоии Кумитаи иҷроияи ИДМ, дар рушду таҳкими равобиту ҳамкориҳои кишварҳои ИДМ дар соҳаи гуманитарӣ Тоҷикистон саҳми назаррас  дорад ва ин аст, ки макони баргузории ҳамойиши имсолаи вазирони маорифи кишварҳои узв шаҳри Душанбе интихоб гардидааст.  Коркарду таҳия ва роҳандозии лоиҳаҳо оид ба ҳамкориҳои гуманитарӣ барои солҳои 2011-2012 далели он аст, ки дар қаламрави ин кишварҳо фазои ягонаи маърифативу фарҳангӣ ташаккул меёбад.
Ба андешаи мавсуф ба тасвиб расидани санадҳои тақдирсоз дар сатҳи Шӯрои вазирони кишварҳои ИДМ  мутобиқати ҳамкориҳоро таъмин месозад. Иҷрои корҳои муҳимтаре, ки робитаву ҳамкориҳои муштараки миёни кишварҳои узвро  таҳким мебахшад, муайян намудани дурнамои ҳамкориҳо дар соҳаи маориф ва таҳким бахшидани он аст.
Дар ҷаласа инчунин лоиҳаи созишнома ҷиҳати қабул ва таҳсили довталабон дар муассисаҳои олӣ ва илмии кишварҳои узви ИДМ, ҳамгунсозии меъёрҳои таълимӣ ва  ташаккули фазои ягонаи таҳсилотӣ дар қаламрави минтақа  мавриди мубоҳисаҳои тӯлонӣ гардид. Ҳозирон ба масъалаи ҳуқуқи баробари шаҳрвандон ҳини таҳсил дар қаламрави ИДМ таваҷҷӯҳ зоҳир намуда, таъмини ҳатмии онро  дар донишгоҳҳои шабакавӣ зарур ҳисобиданд. 
 Масъалаи дигари ҷаласаи шӯро оид ба таҳияи лоиҳаи созишнома дар бораи такмили ихтисоси омӯзгорони муассисаҳои таҳсилоти умумии кишварҳои узви ИДМ буд ва таъкид гашт, ки дар баланд бардоштани сатҳи саводи хонандагон маҳорати педагогӣ нақши калидӣ мебозад. Ёднишон шуд, ки дар такмили ихтисос ва бозомӯзии омӯзгорони муассисаҳои таҳсилоти умумӣ мушкилоти зиёде вуҷуд дорад ва ҳалли онҳо ба ташаккули фазои ягонаи таҳсилот дар қаламрави кишварҳои узв мусоидат хоҳад кард. Чун сухан аз мушкилоти мактаб буд, ҳозирон тасмим гирифтанд, ки масъалаи мазкурро дар Анҷумани дуюми омӯзгорон, ки ба истиқболи 20-умин солгарди таъсиси ИДМ дар Арманистон баргузор мешавад,  батафсил баррасӣ намоянд.
Масъалаи татбиқи консепсияи маълумоти калонсолон ва муҳоҷирони корӣ низ мавриди муҳокима қарор гирифт. Ба андешаи Марина Якушкина, муовини сардори муассисаҳои маълумоти академии "Донишкадаи таҳсилоти калонсолон" оид ба корҳои илмӣ,   низоми маълумоти меросмонда  аз садаи гузашта ба талаботи нави инсоният ҷавобгӯ нест ва рушди имрӯзаи башар  нисбат ба андӯзиши маърифат муносибати мутлақо нав мехоҳад. Аз ин рӯ Донишкадаи таҳсилоти калонсолони Русия  ба таҳияи модели нави барномаи таълимӣ машғул аст ва ба динамикаи шабакаи донишгоҳӣ ва фарҳангӣ такя мекунад. Ҳар  кишвар фарҳангу анъанаи вижа дорад ва зарурати таъсиси шабакаи ҷомеаи фарҳангии ҳамаи кишварҳои узв ба миён омадааст.
Суханронҳо ба ташаккули низоми ҳамкорӣ, табодули таҷрибаи илмиву педагогии кишварҳои узв таваҷҷӯҳ зоҳир намуданд ва зикр гардид, ки таҳияи лоиҳаи омодасозии муҳоҷирони мутахассис ҳам аз  масъалаҳои муҳими байнидавлатист ва беҳунарии муҳоҷир на танҳо мушкили кишварҳои интихобӣ, балки интиқолӣ низ мебошад, зеро асри 21 асри рушди фарҳанги ҳунар ва фарҳанги тарбиятгар аст.
Ба андешаи Николай Кузмич, котиби Шӯрои ҳамкориҳо дар соҳаи маорифи ИДМ,  тибқи се санаде, ки сарони кишварҳо ба тасвиб расондаанд (Консепсияи ҳамкорӣ дар соҳаи маълумоти калонсолон, Консепсияи таҳсилоти калонсолон ва Нақшаи тадбирҳо), Донишкадаи маълумоти калонсолон кори зиёде анҷом дод, аммо он ҳамаи масъалаҳоро фаро гирифта наметавонад.
Як роҳи ҷорӣ намудани таълими босифат ҳини  такмили ихтисоси омӯзгорон, омодасозии маълумоти касбии муҳоҷирони корӣ бо  истифода аз шеваҳои технологияи таълими фосилавиву электронист, ки раванди роҳандозии он дар қаламрави ИДМ мавриди гуфтугӯ қарор гирифт.   Владимир Тихомиров, раиси комиссияи Шӯрои ҳамкориҳои кишварҳои узви ИДМ оид ба таҳсилоти фосилавӣ дар риштаи электроника ва технология, профессори  Донишгоҳи давлатии Маскав, дар ин маврид чунин изҳори назар кард: -  Дар назди Шӯрои ҳамкориҳои кишварҳои узв комиссияи доимии таҳсилоти фосилавии электронӣ амал мекунад ва бо роҳандозии ин таҳсилот   қонуни моделӣ ва меъёри моделии таҳсилоти фосилавии электрониро таҳия намудем, ки  ба бунёд ёфтани низоми электронии таҳсилот дар ҳамаи кишварҳои узв имкон медиҳад. 
 Айни замон зарурате пеш омада, ки дар Тоҷикистон заминаи бунёдии таҳсилоти фосилавӣ  муайян гардад ва мо бо намояндаи доимии муассисаи таълимӣ кор кунем.
Ба ин тариқ дар ҷаласа ҳудуди 17 масъалаи умдаи соҳаи маориф баррасӣ гашта, перомуни ҳар як қарори мушаххас қабул шуд.
Рӯзи дувум Ҳамойиши 18-уми вазирони маорифи кишварҳои узв ба кор шурӯъ кард. Дар он масъулони соҳа аз мақомоти иҷроияву қонунгузорӣ, илму маориф, мактабҳои олӣ ва пажӯҳишгоҳҳои педагогӣ ширкат варзиданд.
 Руқия Курбонова, муовини Сарвазири Тоҷикистон, таъкид кард, ки  дар ҳамойиши имрӯза масъалаҳое баррасӣ мешаванд, ки имкони омӯзиш ва густариши таҷрибаи беҳтарини таҳсилотро дар фазои Иттиҳод фароҳам сохта, ба  ҳамкориҳои босамари кишварҳои узв мусоидат мекунанд. Зимни ин гуна ҳамкориҳо  имрӯз дар ҷумҳурӣ шӯъбаҳои донишгоҳҳои классикӣ таъсис ёфтанд ва чандин ҳамойишҳои минтақавӣ баргузор гардиданд. Ва роҳандозии тадбирҳои зиёде ба таҳкими робитаҳои фарҳангиву миллӣ мусоидат намуд.
Мавсуф таъкид кард, ки мо саъй дорем низоми миллии маорифро ҳамоҳанг бо ниёзҳои замони муосир дар асоси барномаи ҳамкорӣ пеш барем, онро бо истифода аз имконоти навсозӣ, мисли технологияи иттилоотӣ ва васоити ахбори омма рушд бахшем, ба пешравии устувор муваффақ гардем. Дар ин самт ҳамкориҳои дуҷонибаро бо Қазоқистон, Белорус, Қирғизистон ва Украина ба роҳ мондаем ва ин ҳамкориҳо ба шаҳрвандони Тоҷикистон имкон медиҳад, ки маълумоти касбӣ гиранд.
Сипас, ҳозирон роҷеъ ба масъалаҳои натиҷаи ҳамкориҳои кишварҳои Иттиҳод, тамоили маърифатии гуфтугӯи тамаддунҳо, омодагӣ ба Анҷумани дуюми омӯзгорони кишварҳои узви ИДМ, фаъолияти донишгоҳҳои заминавӣ табодули назар намуданд.
Манук Мкртчян, муовини вазири маориф ва илми Арманистон, хотирнишон сохт, ки мо ба ҳамдигар эҳтиёҷ дорем ва масъалаҳое ҳастанд, ки бояд ҳал кунем ва агар имрӯз ҳал накунем, фардо ҳал менамоем.
Сергей Маскевич, вазири маорифи Белорус, изҳор дошт: "Гуфтугӯе, ки имрӯз бо ҳам дорем, масъулияти стратегии азиме барои яксонсозии фазои маърифативу фарҳангии минтақа аст".
Мурод Орунхонов, ноиби вазири маориф ва илми Қазоқистон, гуфт, ки  дар навбати аввал дар соҳаи маориф ахлоқи ягона зарур аст. Баргузории ҷаласаи шӯро ва ҳамойиши имрӯза дар ҳалли масъалаҳои соҳа мусоидат менамояд.
Ба ақидаи Қанот Содиқов, вазири маориф ва илми  Қирғизистон, чунин ҳамойишҳо равобити кишварҳоро таҳким мебахшад ва дар ҳалли масъалаҳои умдаи маориф ёрӣ мерасонад. Инчунин мавсуф иброз дошт, ки воқеаҳои соли охир муҳимияти нақши гуфтугӯи тамаддунҳоро нишон дод. Бояд чунин ҳамойишҳо дар ҳар ҷумҳурӣ баргузор шаванд.  Мо медонем, ки мушкилот хеле зиёд аст. Бояд дар масъалаи рушди омӯзиши забони русӣ дар Осиёи Марказӣ муваффақ гардем. Мо  рушди мактабҳои тоҷикиро дар таълим дастгирӣ мекунем. Ҷумҳурии мо барномаи равнақи фарҳангӣ ва забониро пайгирӣ мекунад.
Андрей Фурсенко,  вазири маориф ва илми Федератсияи Русия, изҳор намуд, ки имсол мо аз кишварҳои ИДМ  5 ҳазор донишҷӯ қабул мекунем. Танҳо аз ҳисоби маблағи Русия 20 ҳазор ва дар маҷмӯъ аз кишварҳои ИДМ 70 ҳазор донишҷӯ дар Русия таҳсил мекунад. Низоми маорифи Русия бар он мекӯшад, ки мутахассис баъди хатми мактаб дар ин ҷаҳон ҷойгоҳи  хешро пайдо карда тавонад. Русия рушди маълумоти касбиро дастгирӣ мекунад.
Нақши Фонди гуманитарии Иттиҳодро низ бояд зикр кард. Бо ёрии ин фонд дар Донишгоҳи технологии Тоҷикистон барои омодасозии мутахассисон семинар - тренинг баргузор гашт. Онро беҳтарин мутахассисони донишгоҳҳои Русия таълим медиҳанд. Евгений Сулима, вазири маориф, илм , ҷавонон ва варзиши Украина,  гуфт, ки моро ҳадафҳои ягона  муттаҳид месозанд,  рушди афзалиятноки илм ва маорифро таъмин менамоянд. Ҳамойиш имрӯз пеш аз ҳама такони нав ба рушди иқтисоди кишварҳо медиҳад. Вохӯрии имрӯз уфуқҳои навро барои ҳамкориҳои муштарак боз менамояд. Равобити мо бо Тоҷикистон дар соҳаи маориф ташаккул меёбад ва имсол аз ин кишвар 389 донишҷӯ қабул кардем. Ва ҳаҷми ҳамкориҳо сол аз сол меафзояд. Зарфиятҳои муқтадири низоми илм ва маорифи Украина имкон медиҳад, ки ҳамкориҳоро боз ҳам вусъат бахшем. Ҳоло бахшҳои ду факултаи  Донишгоҳи техникии Харков дар Душанбе таъсис хоҳанд ёфт.
Ба таъкиди Светлана Терехина, муовини сардори Фонди байнидавлатии ҳамкориҳои гуманитарӣ, табодули таҷрибаи вазоратҳои маориф муҳим аст. Дар Русия созмони табодули таҷриба дар таҳияи  дастурҳои методиву китобҳои дарсии мактабҳои олӣ вуҷуд дорад. Бунёди   махзани ягонаи китобҳои дарсии электронӣ ва таҳияи модели санадҳои меъёрӣ зарур аст. 
Баъди анҷоми Ҳамойиш барои намояндагони ВАО нишасти матбуотӣ доир шуд ва дар он масъулони соҳаи маорифи кишварҳои ИДМ назароти худро баён дошта, аз ҷараёни кори ҳамойиш изҳори қаноатмандӣ намуданд.  

* * *
Роҷеъ ба масъалаҳои баррасишуда, чанде аз ширкатдорони  ҳамойиш, ки бо  эшон ҳамсӯҳбат будам, андешаашонро чунин баён намуданд:  
Фарҳод Раҳимов, муовини аввали вазири маорифи Тоҷикистон:- Ҳамкориҳоро дар доираи кишварҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил наздики 20 сол аст, ки  идома мебахшем. Имрӯз зурурати ҳамгунсозии меъёри давлатӣ ва нақшаву барномаҳои таълимии кишварҳоямон низ  ба миён омадааст. Бидуни ҳалли ин масъала  пӯёиву пешравии донишҷӯёнро дар бозори таҳсилоти кишварҳои ИДМ  таъмин карда наметавонем. Аз ин рӯ ба хулосае омадем, ки  ин санад омода шавад ҳам, меъёрҳо, ҳам нақшаҳо ва ҳам барномаи таълим бояд ба якдигар мутобиқат кунанд. Бояд таъкид кард, ки имрӯз меъёрҳои таълимии муассисаҳои таҳсилоти олии касбии кишварҳои ИДМ аз ҳам тафовути кам доранд. Танҳо  меъёри таълими фанҳое, ки аз ҳувиятҳои миллӣ баҳс мекунанд   (мисли  таърих ё забони давлатӣ),  аз якдигар фарқ доранд. Нишондодҳои дигари нақшаи таълим, аз ҷумла   чаҳор соли  бакалавр, панҷ соли мутахассис ва ё ду соли магистрро  баробар кардем. Дар меъёрҳои давлатии таҳсилоти миёна ҳам қариб мувофиқ ҳастем.  Мо дар ҷаласа дар бораи меъёри таҳсилоти касбӣ баҳс кардем. Ҳадафи асосии созишномаҳое, ки сарони кишварҳои узв ба имзо расонидаанд, созмон додани фазои ягонаи таҳсилотӣ дар қаламрави ИДМ мебошад. Ин яке аз масъалаҳои ҷаласаи  шӯрои навбатӣ буд, ки баъди таҳия ба имзо  расид.
Субҳонқул Камолиддинов, муовини ректори ДТТ:- Беш аз даҳ сол аст дар Тоҷикистон маркази таҳсилоти фосилавӣ амал мекунад ва он дар заминаи Донишгоҳи техникӣ созмон ёфтааст. Дар Донишгоҳи славянии Тоҷикистон ҳам маркази таълими фосилавӣ мавҷуд аст. Маводи таълимиву методии марказро аз Донишгоҳи  давлатии иқтисоду омор ва Донишкадаи технологии хӯлаву пӯлоди шаҳри Маскав дастрас намудем. Ғайр аз ин бо ёрии ин донишгоҳҳо китобҳои хеле зиёди электронӣ ҷамъоварӣ кардем. Яъне дари ин донишгоҳҳо ба рӯи донишҷӯёни мо боз аст, онҳо имкон доранд, ки ҳар рӯз ба китобхонаи электронӣ даромада, сабақ гиранд.Имкони ҷорӣ намудани таҳсилоти фосилавиро дар қаламрави кишвар дорем ва айни замон тасмим гирифтаем дар маркази вилоятҳои ҷумҳурӣ бунгоҳҳо таъсис диҳем. 
Заминаҳои ҳуқуқии таҳсилоти фосилавӣ низ дар ҷумҳурӣ тибқи қонуни маориф ва консепсияи таҳсилоти фосилавӣ фароҳам омадааст.
Тасмими ҷаласа барои суръатбахшии кор  ва  истифодаи васеи  ин технология ёрӣ мерасонад. Мутахассисони мо ба ин васила дар сатҳи минтақа метавонанд дар хона нишаста ба ихтисосашон бознигарӣ намоянд ва ё такмили касб кунанд.
Олтой Борубаев, раиси Комиссияи аттестатсияи миллии Ҷумҳурии Қазоқистон:
-Ҳамойиш хеле таъсиргузор аст. Дар он масъалаҳои мубрам баррасӣ гардиданд, ки ҳалли онҳо на танҳо ҳамкориро дар соҳаи илму маориф вусъат мебахшад, балки дар пешрафти вазъи иҷтимоиву иқтисодии минтақа низ нақше дорад. Аз ин рӯ қарорҳои ҳамойишро дар мавриди  таълими электронӣ, омодасозии мутахассисони соҳаи маориф ва ҳифзи муҳити зист ҷонибдорӣ намудам. Умуман, масъалаҳое, ки мавриди гуфтугӯ қарор гирифт,  на танҳо хоси кишвари ман, балки масъалаи ҷиддии ҳамаи кишврҳои узв мебошад.
Александр Сухарев, муовини ректори Донишгоҳи давлатии Маскав ба номи М. Ломоносов:- Ҳамкорӣ дар соҳаи маориф имкон медиҳад, ки таҷрибаҳоро иваз кунем. Ва муҳим аз ҳама наздиксозии назарҳо дар масъалаҳои мушаххас буд. Ғайр аз ин имкон медиҳад, ки дурнамои ҳамкориро  барои соле пеш рӯшан созем.
Дар доираи силсилатадбирҳо дар Донишгоҳи славянии Тоҷикистону Русия  ҷаласаи донишгоҳҳои заминавии Тоҷикистон доир шуд. Дар кори он вазирони маориф ва роҳбарони ҳайати гурӯҳҳои кишварҳои узви ИДМ ширкат варзиданд. Даҳ донишгоҳи заминавие, ки дар ҷумҳурии мо фаъолият дорад, ба шабакаи донишгоҳҳои Созмони Ҳамкории Шанхай пайваст  (донишгоҳҳои миллӣ, омӯзгорӣ, славянӣ, тиббӣ, аграрӣ, техникӣ,  технологӣ, сиёсат ва ҳуқуқ, донишкадаҳои забонҳо,  соҳибкорӣ ва хизмат). Дар назар аст, ки  моҳи октябр дар шаҳри Маскав ҷаласаи ректорони шабакаи донишгоҳҳои Созмони Ҳамкории Шанхай баргузор гардад ва дар он меморандуми ҳамкории байни донишгоҳҳо ба имзо расад.
Маҳмадюсуф Имомов, ректори Донишгоҳи славянии Тоҷикистону Русия:- Шабакаи донишгоҳҳои Созмони Ҳамкории Шанхай шакли нави фаъолияти донишгоҳист ва соли дуюм аст, ки дар кишвари мо амал мекунад. Дар ин муддат  вазоратҳои маорифи кишварҳои узви Созмон бо ҳамдастии коршиносон чандин масъаларо баррасӣ намуда, мактабҳои олӣ чанд созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расониданд.  Донишҷӯёни кишварҳое, ки шомили барномаи шабакаи донишгоҳианд, имкон доранд, ки  таҳсилро дар  кишвари дигар идома диҳанд. Соли гузашта аз донишгоҳи мо  8 донишҷӯ бо ихтисоси минтақашиносӣ барои таҳсил дар зинаи магистр ба Донишгоҳи давлатии лингвинистикаи Маскав рафтанд. Он ҷо як сол таҳсил карданд ва аз таҳсилу шароити он донишгоҳ  қаноатманданд. Умед аст, ки чунин ҳамкориҳо дар оянда боз ҳам таҳким меёбанд. Ҳанӯз дар роҳандозии ин шакли таҳсил бо мушкилоти зиёде,  аз лиҳози номукаммалии қонунҳо,  мувоҷеҳ ҳастем. Бархе аз қонунҳое, ки дар  кишварҳои узви Созмони Ҳамкории Шанхай амал мекунанд, бо қонунҳои мо ҳамоҳанг нестанд ва дар баъзе кишварҳо низоми таълим дигар аст. Аммо муҳим он аст, ки дар ин самт кор сар шуд ва донишҷӯён имкони омӯзиши тахассусҳои заруриро дар фазои нави таҳсилӣ доранд.
Ба андешаи мавсуф барои донишҷӯёни Тоҷикистон, ки хоҳиши донишомӯзӣ дар кишварҳои дигарро доранд, ин шабака шароити хуб фароҳам меорад ва донишҷӯ баъди як соли таҳсил дар  донишгоҳи заминавӣ метавонад, ки таҳсилро дар мактаби олии кишвари дигари узви Созмон идома диҳад, яъне меъёру  барномаҳои таълимии ин донишгоҳҳо бо ҳам созгор мебошанд. 
Нуриддин Саидов, ректори ДМТ:- Масъалаҳое, ки дар ҳамойиш баррасӣ шуданд, барои рушди низоми маорифи кишварамон, аз ҷумла таҳсилоти умумиву касбӣ, аҳамияти бузург доранд.  Шӯро  дар мавриди  ҳамгироии низоми таҳсилот дар кишварҳои ИДМ,  фаъолсозии пӯёии донишҷӯ, табодули устодону шогирдон ва дастовардҳои илмӣ, такмили ихтисос қарорҳо қабул кард, ки хеле муҳиманд. Баргузории ин маърака дар шаҳри Душанбе ба рушди ҳамкориҳои кишварҳои ИДМ бо муассисаҳои таълимии кишварамон, аз ҷумла ДМТ мусоидат хоҳад кард. Ирина Халеева, роҳбари созмони заминавӣ оиди забону фарҳанги кишварҳои ИДМ, ректори Донишгоҳи давлатии  лингвинистикаи Маскав,  дар ин ҳамойиш ҳузур дошт. Миёни мову ин донишгоҳ барои тавсеаи ҳамкориҳо қарордоди дуҷониба ба тасвиб расид.

Хайринисои РАСУЛӢ,
"Ҷумҳурият"


Баёни ақида (0)    Санаи нашр:    №:    Мутолиа карданд: 5958
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед