барқияҳо
барқияи тасаллияти Эмомалӣ Раҳмон, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, ба Дмитрий Медведев, Президенти Федератсияи Русия
Эмомалӣ Раҳмон, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, ба Дмитрий Медведев, Президенти Федератсияи Русия, барқияи тасаллият ирсол намуд, ки дар он омадааст:
Дмитрий Анатолевичи мӯҳтарам,
Дар Тоҷикистон хабари дар обанбори Куйбишеви Тотористон дучори фалокат гардидани киштии "Булгария" - ро, ки боиси ҳалокати одамони сершумор гардид, бо андӯҳи гарон дарёфтанд.
Хоҳиш мекунам, дар ин лаҳзаи андӯҳгин аз номи Ҳукумат ва халқи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамдардию тасаллияти амиқро ба наздикону пайвандони ҳалокшудагон расонед.
Баёни ақида (0) Санаи нашр: №: Мутолиа карданд: 3600