барқияҳо
Барқияи тасаллияти Эмомалӣ Раҳмон, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, ба Ҳомид Карзай, Раиси ҷумҳури Ҷумҳурии Исломии Афғонистон
12 июли соли 2011 Эмомалӣ Раҳмон, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, ба Ҳомид Карзай, Раиси ҷумҳури Ҷумҳурии Исломии Афғонистон, барқияи тасаллият ирсол намуд, ки дар он омадааст:
Ҷалолатмаоб,
Хабари ҳузнангези ҳалокати фоҷиавии бародари азизи Шумо Аҳмад Валӣ Карзайро бар асари амали террористӣ бо андӯҳи бузург дарёфтам.
Дар ин лаҳзаҳои ҳассос омодагии комили Ҷумҳурии Тоҷикистонро ҷиҳати тақвияти воқеии ҳамкории ду давлат дар мубориза алайҳи нерӯҳои аҳримании терроризми байналмилалӣ ва дигар хатару чолишҳои ҷадиди минтақа ва ҷаҳони муосир бори дигар таъкид менамоям.
Ҳамдардии амиқи худ ва тамоми мардуми Тоҷикистонро ба Шумо ва аъзои оилаи бародари марҳуматон изҳор намуда, аз даргоҳи Худованди мутаол сабри ҷамил хоҳонам. Худо ҷояшро ҷаннат ва маъвои охираташро пурнур гардонад.
Инно лиллоҳи ва инно илайҳи роҷиун.
Баёни ақида (0) Санаи нашр: №: Мутолиа карданд: 3728