logo

президент

Таваҷҷӯҳи Сарвари давлат ба корҳои ободонию созандагӣ

11 июл Эмомалӣ Раҳмон, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, бо масъулони Ҳукумати кишвар, Дастгоҳи иҷроияи Сарвари давлат ва раисони вилоятҳо машварати корӣ доир намуд.

Дар машварат Оқил Оқилов, Сарвазири кишвар, муовинони Сарвазир, аъзои Ҳукумат, роҳбари Дастгоҳи иҷроия ва мушовирони давлатии Президент, роҳбарони идораҳои назди Ҳукумат ва як қатор корхонаю муассисаҳо ва раисони вилоятҳо иштирок намуданд.
 Доир ба мавзӯи асосии машварат - ҷамъбасти пешакии натиҷаҳои рушди иҷтимоию иқтисодии кишвар ва иҷрои буҷети давлатӣ дар нимсолаи якуми соли равон гузоришҳои Фарух Ҳамралиев, вазири рушди иқтисод ва савдо, Сафаралӣ Наҷмиддинов, вазири молия, Шералӣ Гул, вазири энергетика ва саноат, Қосим Қосимов, вазири кишоварзӣ, Қодири Қосим, раиси Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, Қоҳир Расулзода, раиси вилояти Суғд ва Ғайбулло Афзал, раиси вилояти Хатлон, шунида шуданд.
 Раисони вилоятҳо ҳамчунин доир ба ҷамъоварии ҳосили мева, ғалладонагиҳо, сабзавоту полезӣ, хӯроки чорво, дигар зироатҳо ва рафти кишти такрорӣ дар заминҳои обӣ ахбор доданд.
 Эмомалӣ Раҳмон, Сарвари давлат, ба масъулони дахлдор доир ба рушди бонизоми иқтисоди кишвар, баланд бардоштани нишондодҳои истеҳсолӣ, муҳайё намудани ҷойҳои нави корӣ ва таъмини фаровонӣ дар бозори истеъмолии кишвар супоришҳои мушаххас дод.
 Таваҷҷӯҳи зиёд ҳамчунин ба вусъати корҳои ободонию созандагӣ, омодагии ҷиддӣ ба мавсими тирамоҳу зимистони солҳои 2011-2012, дар сатҳи баланди ташкилӣ омода кардани тантанаҳои бахшида ба таҷлили солгарди 20-умини Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон, аз ҷумла чорабиниҳои оммавии фарҳангию варзишӣ, зоҳир гардид.
 Аз мардуми саховатпеша даъват карда шуд, ки дар рӯзҳои моҳи шарифи Рамазон, иди саиди Фитр ва таҷлили 20 - солагии Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон ба табақаҳои ниёзманди аҳолӣ, пеш аз ҳама ятимону бепарасторон, маъюбон, пирону барҷомондагон ва оилаҳои камбизоат, дасти ёрӣ дароз намоянд.


Баёни ақида (0)    Санаи нашр:    №:    Мутолиа карданд: 3591
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед