маориф
Маориф: чаро квотаи президентӣ бо самар истифода намешавад?
-Аз 1 сентябри соли 2011 тамоми муассисаҳои таҳсилоти олии ҷумҳурӣ ба низоми нави таълим, яъне низоми кредитӣ, гузаронида мешавад. Гузаштан ба ин низом имкон медиҳад, ки дар бозори ҷаҳонии таҳсилот серҳаракатии донишҷӯро таъмин намоем, - гуфт Фарҳод Раҳимов, муовини аввали вазири маорифи ҷумҳурӣ, дар нишасти матбуотӣ.
Бино ба иттилои мавсуф, соли равон дар мамлакат ҳудуди 87 ҳазор хонанда синфи 11-ро хатм намуда, аз он 29 ҳазор нафар имкони идомаи таҳсил дар мактабҳои олии кишвар, аз он ҷумла беш аз 200 нафар дар Русия, 15 нафар дар Туркия, 82 нафар дар Чин, инчунин теъдоде имкони таҳсил дар мактабҳои олии Украина, Белорус, Казоқистон, Лаҳистон, Чехия ва Словакияро пайдо намуданд.
Имсол барои қабул ба мактабҳои олии ҷумҳурӣ аз рӯи квотаи президентӣ 1149 ҷой барои ихтисосҳои омӯзгорӣ ва тиббӣ ҷудо шудааст,
Вале ба сабаби ҷавобгӯи талабот набудани довталабони баъзе ноҳияҳо 52 ҷой холӣ мондааст.
Хайринисои Расулӣ
Баёни ақида (0) Санаи нашр: №: Мутолиа карданд: 5478