logo

маориф

Маблағи шартнома даҳ дарсад афзуд

Маҳмадюсуф Имомов, ректори Донишгоҳи славянии Русияву Тоҷикистон, дар нишасти матбуотӣ зикр намуд, ки дар муассисаи таълимӣ чор ҳазор нафар донишҷӯ таҳсил дошта, имсол дар чор факулта аз рӯи ҳашт ихтисос 871 нафар ба гурӯҳҳои буҷетию шартномавӣ қабул мешавад. Аз ин шумора таҳсили 543 нафар донишҷӯ аз ҳисоби буҷети давлат аст.
Маблағи шартнома вобаста ба ихтисос (рӯзона) аз як ҳазору 490 сомонӣ то 5 ҳазору 940 сомонӣ ва дар шӯъбаи ғоибона аз як ҳазору 240 сомонӣ то чор ҳазору 460 сомонӣ пешбинӣ гардидааст. То имрӯз қариб чорсад довталаб ҳуҷҷат супурдааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта ду баробар зиёд мебошад. Соли 2011 931 нафар донишгоҳро хатм карда, 120 донишҷӯ дипломи сурх гирифт. Китобхонаи донишгоҳ дорои 98 ҳазор нусха китоб, аз ҷумла 15 ҳазор китоби электронист. Ҳамчунин марказҳои компютерӣ, технологияи иттилоотӣ ва омӯзиши фосилавӣ дар хизмати донишҷӯёнанд. Синфхонаҳо бо 480 компютер муҷаҳҳаз буда, ҳама факултаю кафедраҳо бо шабакаи  интернет пайвастанд. Дар назар аст, ки имсол шӯъбаи рӯзноманигорӣ, риёзиёти олӣ ва маданиятшиносӣ ба усули таҳсили кредитӣ мегузаранд.
Дар посух ба суоли хабарнигор зикр шуд, ки пардохти маблағ дар гурӯҳҳои шартномавӣ даҳ дарсад афзудааст.

Убайдуллоҳи МУРОД


Баёни ақида (0)    Санаи нашр:    №:    Мутолиа карданд: 5482
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед