logo

илм

Суханшинос наӣ...

Масъалаи баррасии илмӣ ва таҷдиди назар қарор додани имлои забони тоҷикӣ ҳанӯз соли 2003 дар Номаи табрикии мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, Президенти кишвар, ба муносибати Рӯзи забон матраҳ гардида буд. Аммо ин дастури Сарвари давлат танҳо пас аз таъсиси Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар асоси ҳидояти Ҷаноби Олӣ амалӣ гардид. Кумита дар иртибот ба таҳқиқи масоили имло 29 майи соли 2010 дар ҳайати забоншиносон аз донишгоҳҳо ва муассисаҳои илмии Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон докторони илми филология, профессорон Д. Саймиддинов (раис), С. Назарзода, Ғ. Ҷӯраев, Б. Камолиддинов, Ҳ. Маҷидов, Ш. Исмоилов, М. Султонов, Ф. Зикриёев, О. Маҳмадҷонов ва дотсент Ш. Кабиров гурӯҳи корӣ таъсис дод, ки он дар тӯли як сол масоили имлоро ҳамаҷониба мавриди таҳқиқу таҳлил қарор дод.

Ҳамчунин Кумита ба хотири такмили қоидаҳои имло ба муассисаҳои марбутаи илмии Академияи илмҳо ва кафедраҳои забони тоҷикии донишгоҳҳо ва донишкадаҳои ҷумҳурӣ ба таври расмӣ муроҷиат намуд, ки ҳама дархосту пешниҳоди ин муассисот мавриди баррасӣ ва истифода қарор гирифт. Вале баъзе аз ашхоси аз ин кор ноогоҳ ҳама пешниҳодҳои расмии муассисаҳои худро баъдан аз они худ карда, хулосаи ниҳоии Ҳукумати ҷумҳуриро дар бораи баррасии лоиҳаи Қоидаҳои имлои забони тоҷикӣ дар матбуот интизор нашуда бо ҳаёҳую ҳангоматалабӣ дар матбуот аз рӯи ғараз ва ҳадафҳои маълум мақолаҳо нашр намуданд.
Воқеан, пай дар пай ба табъ расидани ду мақолаи Аҳмадҷони Неъматиён, муаллими кафедраи забони муосири тоҷики Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, дар рӯзномаи "Ҷумҳурият" аз 14-уми майи соли 2011 таҳти унвони "Лоиҳаи нави "Қоидаҳои имлои забони тоҷикӣ" таҳрири ҷиддӣ мехоҳад" ва дар рӯзномаи "Ба қуллаҳои дониш"-и Донишгоҳи миллии Тоҷикистон аз 27-уми майи  соли 2011 бо унвони "Чил дархост аз лоиҳаи нави "Қоидаҳои имлои забони тоҷикӣ" барои забоншиносони ҷумҳурӣ аз кулӯх оташ париданро мемонад, зеро то ҷое ки огоҳӣ дорем, ин муаллиф дар тӯли фаъолияти беш аз чилсолааш дар донишгоҳ дар илми забоншиносӣ чӣ  додаст ва дар ин самт чӣ хидмате кардааст, ба касе маълум нест. Месазад, ки барои тасдиқи ин иддао раёсати мӯҳтарами донишгоҳ фаъолияти илмии ӯро мавриди бозпурсӣ қарор диҳад, он гоҳ маълум мегардад, ки ин номзади илм дар ихтисоси хеш дар тамоми фаъолияти илмиаш чанд мақолаи тахассусӣ дорад?
Аз ҳар ду мақолаи ин муаллиф аз унвони мақолаи аввал - "Қоидаҳои имлои забони тоҷикӣ" таҳрири ҷиддӣ мехоҳад" ва аз ситоишҳои беҷо ва беҳудаи ӯ дар охири мақолаи дувум ҳадафҳои ғаразнок ва супоришиву иғвоангез атрофи лоиҳаи Қоидаҳои имлои забони тоҷикӣ ба хубӣ ошкор мегардад. Магар А. Неъматиён аз гурӯҳи корӣ, ки ҳар банди имлоро мавриди таҳлили ҷиддӣ қарор дода, лоиҳаи навро бо тамом дар таҳриру такмили нав омода карда, дар анҷоми ин кори басо мушкил заҳмати фаровон кашидаанд, таҷриба ва дониши хубтару беҳтар дорад?
Бо вуҷуди ин ки гурӯҳи корӣ тамоми пешниҳоду хулосаҳои аз кафедраҳои забони мактабҳои олӣ ва муассисаҳои дахлдор оид ба лоиҳаи мазкур воридшударо мавриди омӯзишу баррасӣ қарор дода ва онҳоро ҷамъбаст намудааст, аммо ҳанӯз ҳам ҳар як пешниҳод аз мадди назари он дар канор намемонад.
Гурӯҳи корӣ аслан ба ин ду мақола метавонист, ки посух нагӯяд, зеро ки аз як тараф, ҳар ду мақолаи ҳангомаомез, ки тақрибан такрори якдигар буда, вале бо унвонҳои гуногун номгузорӣ шудаанд, асосан пешниҳодҳои кафедраест, ки худи муаллиф дар он фаъолият менамояд ва онҳоро мӯҳру васиқа намуда, аз номи худ ба чоп расонидааст. Аз ҷониби дигар пешниҳодҳое, ки аз номи кафедраи мазкур ба комиссия манзур шуда буданд, мавриди баррасӣ қарор гирифта, ғалатҳои техникие, ки бештар муаллиф ба онҳо ишора кардааст, низ ислоҳ гардидаанд.
Бо вуҷуди ин агар пешниҳодҳои муаллифи мақола, воқеан илмӣ ва дурусту оқилона мебуданд, ӯро таҳният мегуфтем. Лекин, мутаассифона, муаллиф бо он пешниҳодҳои бебунёд ва ғайриилмӣ беҳунарии худро собит намудааст.
Агар ба мақолаҳои А. Неъматиён эътибор диҳем, аз бисмиллоҳи он иштибоҳҳо оғоз меёбад. Ҳатто ӯ таҳрири охирини "Қоидаҳои имлои забони тоҷикӣ"-ро, ки 3-юми сентябри  соли 1998, таҳти №355 бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ шудааст, соли 1999 ба қалам додаст. А.Неъматиён дар нахустин дархости чилгонаи худ "таълимгари зиёда аз 40-солаи бахши савтиёт ва имлои забони тоҷикӣ" будани худро таъкид намуда, даъво пеш овардааст, ки ҳангоми қабули "Қоидаҳои имлои забони тоҷикӣ" "ба инобат гирифтани пешниҳодоти аҳли зиё, махсусан мутахассисони соҳа, бояд амри воҷиб бошад". Ҷойи шубҳа нест, ки манзури муаллифи мақола аз пешниҳодоти "мутахассисони соҳа" пешниҳодоти худи ӯст, вале назари иҷмолӣ ба чил пешниҳоди ӯ салоҳияти ӯро на танҳо дар ҳаллу фасли мушкилоти имло, балки дар дарки амиқи ин масъалаҳо низ зери шубҳа мегузорад.
Муаллифи мақола пешниҳод менамояд, ки дар қоидаҳои имло оид ба аломатҳои нохунак ва тиреву дефис маълумоти махсус дода шавад. Аз ин пешниҳод бармеояд, ки муаллиф байни имло ва аломатҳои китобат (пунктуатсия) тафовут намебинад, ҳол он ки ҳар яки онҳо фаслҳои ҷудогонаи илми забоншиносӣ мебошанд.
Гузашта аз ин фарқи дефис ҳамчун аломати имлоӣ ва тире ҳамчун аломати китобатро намедонад, ки ин барои устоди донишгоҳ айб аст. Агар ӯ вазифаҳои дефисро медонист, имлои штаб-квартира, экс-чемпион, вагон-ресторан ва амсоли инҳоро штабквартира, эксчемпион, вагонресторан тавсия намекард. Ҳол он ки ин қолаб дар забонҳои дигари ҳиндуаврупоӣ, аз ҷумла русӣ дар ташкили истилоҳоти гуногун мавриди истифода қарор дорад ва ҳеҷ кас наметавонад қолаби мазкурро дар забони модарии хеш ноогоҳона аз қоидаҳои маъмул дигаргун созад ё бишканад.
Аз ҷумла муаллиф қотеона пешниҳод мекунад, ки артикли арабии -ал дар ҳамаи мавридҳо бо калимаҳои баъдинаю пешинаи худ бояд якҷо навишта шавад. Ин пешниҳод дуруст нест, зеро артикли муайяни арабии  -ал аз забони арабӣ ба забони модарии мо иқтибос шудааст ва бештар дар нисбаи муарраби бузургон ва унвони китобу рисолаҳо ба назар мерасад. Масалан ал-Берунӣ (аслан ал-Байрунӣ), ал-Хоразмӣ, ат-Тирмизӣ. Дар ин ҷо нисба Берунӣ, Хоразмӣ, Тирмизист,  на Алберунӣ, Алхоразмӣ, Аттирмизӣ. Ё "ал-Китоб", "ат-Тафҳим", на "Алкитоб", "Аттафҳим" ва ғайра.  Артикли -ал дар забони арабӣ ба калима маънии муайянӣ медиҳад, вале дар забони мо чунин маънӣ надорад ва якҷо навиштани он бо калима шакли аслии калимаро тағйир медиҳад ва хонандаро ба иштибоҳ мебарад.
Илова бар ин якҷо навиштани унвони арабии китобҳо ва ҳадисҳои набавию оятҳои қуръонӣ, ки дар онҳо артикли -ал корбаст гардидааст, хонданро ниҳоят душвор мегардонад. Масалан: Бисмиллоҳирраҳмонирраҳим, Ниҳоятулараб, филахборилфурс, валараб ва ғайра. Чунон ки мебинем, дар арабӣ низ калимаҳое ба шакли "филахборилфурс", "валараб" нест. Аз ин хотир шоиста аст, ба истиснои калимаҳои маъруфи шайхурраис (на шайхулраис), Мовароуннаҳр, маликушшуаро, дорулфунун ва ғайра  анъанаи ҷудо навиштани артикли -ал, ки дар аксари забонҳои ҷаҳон, аз ҷумла англисӣ, фаронсавӣ, русӣ ва ғайра  ин меъёр риоя мешавад ва дар забони хаттии мо ҳам қаблан истифода мешуд, чунин навишти маъмул пайгирӣ шавад.
Муаллифи мақола тақозо дорад, ки калимаҳои амир Исмоил, шоҳ Аббос ва амсоли инҳо "якҷоя" навишта шаванд. Ин андеша низ дуруст нест, зеро дар калимаҳои ёдшуда амир ё шоҳ унвон мебошанд, на ном. Ном Исмоил, Аббос ва амсоли инҳо ба шумор мераванд.
Ҷойи тааҷҷуб аст, ки ин забоншинос шакли ғалати калимаи "якҷоя"-ро дар муқобили шакли дурусти меъёрии он - "якҷо" дуруст дониста, ислоҳеро, ки гурӯҳи корӣ дар ин маврид дар матни лоиҳа анҷом додааст, ғалат маънӣ менамояд.
Даъвои муаллифи мақола дар иртибот ба номи ҳарфҳо дар алифбои кириллӣ низ пояи воқеӣ надорад. Мо шакли ҳарфҳо аз алифбои русӣ гирифтем ва тибқи анъанаи маъмул, ки бо корбасти алифбои арабӣ номи ҳуруфи арабиро низ ба орият гирифтаем, бояд номи ҳарфҳо низ аз  алифбои русӣ ё ба истилоҳ кириллӣ пазируфта шавад.
Пешниҳоди дигари ғайриилмии муаллифи мақола иборат аз он аст, ки ӯ пасванди шумораҳои тартибии -ум (-юм)-ро пас аз санаи таърихӣ, сулолаи шоҳон ва рақами синфҳои мактаб пешниҳод мекунад.
Корбасти ба истилоҳ пасванди шумораҳои тартибӣ -ум (-юм) дар навишт зарурат надорад ва ин хонандаро метавонад ба иштибоҳ андозад. Масалан, дар як лавҳаи рангин, ки ба ифтихори ҷашни истиқлол ба нашр расидааст, "Ҷашни 20-тумин солгарди Истиқлолият" навишта шудааст, ки ин ғалат аст.
А. Неъматиён худро донандаи бахши савтиёт эълон карда, оид ба садонокҳои и, ӣ, у ва ӯ сухан ронда, истилоҳҳои марбут ба онҳоро ғалату хато пешниҳод намудааст. Агар муаллиф аз осори илмии забоншиносии чи русу чи ҳамзабононамон андаке огоҳӣ медошт, ин гуна ҳукми қатъии ботилро намебаровард. Чунончи, дар осори ниёгонамон се вов: вови маълум, вови маъруф ва вови маҷҳул муқаррар шудааст. Масалан, дар калимаҳои дур, нур, мактуб, акнун ва ҳамчунин дар калимаҳои рӯз, гӯш, сӯз, кӯш ва ғайра овози "у" дар гурӯҳи якум ва овози "ӯ" дар гурӯҳи дуюм устувор буда, пас барои фарқ намудани вови маъруф аз вови маҷҳул истилоҳи ӯ-и дароз мувофиқ мебошад. Дар осори илмии ҳамзабононамон низ садонокҳо, яъне мусавватҳо ба ду гурӯҳ: мусавватҳои кӯтоҳ ва баланд (дароз) ҷудо карда шудаанд. Шарқшиносони маъруфи рус дар асари чорҷилдаи машҳур -  "Основы иранского языкознания" истилоҳоти садонокҳои дарозу кӯтоҳ ва баъзан устувору ноустуворро мавриди истифода қарор додаанд, яъне истилоҳи "ӣ-и заданок" ба назар намерасад. Илова бар ин "ӣ-и заданоке", ки муаллиф онро танҳо дар охири калима мебинад, дар байни калимаҳо, ки бо ҳарфи "йо" ифода мешавад, низ меояд: шир, пир, тир, карим, басир, сафир ва ғайра.
Чанд пешниҳоди содалавҳонаи муаллиф перомуни имлои калимаи иқтибосии навъи Россия - Рассия, комбинат - камбинат, роман - раман, командир - камандир…, истилоҳи эҷодкардаи муаллиф "айни тоҷикӣ" ва ғайра зарурат ба баҳс надорад.
Пешниҳоди А. Неъматиён дар иртибот ба номи кумитаҳои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон низ ғалат мебошад. Ин ҳама кумитаҳое, ки мавсуф дар қолаби номи онҳо эрод дорад, кумитаҳои вобаста ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон буда, мансубияти онҳо ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳатман таъкид шудааст. Муаллими Донишгоҳи миллиро зарур аст, то чунин меъёри ҳуқуқиро дарк намояд.
Иштибоҳи дигари ин муаллифи забоншинос дар мавриди истифодаи "ӯ" дар оғози калима мебошанд. Дар лоиҳа бори аввал бар асоси далелҳои овошиносии таърихӣ ва муосир бисёр огоҳона дарҷ шудааст, ки "ӯ" дар оғози калима дар иқтибосҳои туркӣ навишта мешавад, ки ин воқеияти савтиёти забони тоҷикиро ошкор месозад. Яъне дар забони тоҷикӣ ҳеҷ гоҳ "ӯ" дар оғози калима истифода намешавад. Истифодаи "ӯ" дар оғоз хилофи меъёри савтиёти забони тоҷикӣ ва дар маҷмӯъ забонҳои эронист. Аз мисолҳои овардаи муаллиф барои исботи даъвои хеш ба ҷуз ҷонишини "ӯ" ва калимаи арабии "ӯҳда", ки он ҳам аз нигоҳи меъёри имлои арабӣ бидуни "вов" навишта мешавад, дигар ҳама мисолҳо калимаҳои туркӣ-ӯзбекиянд.
Даъвои муаллиф дар хусуси мавҷуд будани садоноки "ӯ" дар гурӯҳи забонҳои ҳиндуаврупоӣ, аз ҷумла забонҳои фаронсавию олмонӣ дар илми фонологияи ҳамагонӣ масхараомез маънӣ мешавад.
Яке аз ғалатҳои фаҳши муаллиф ва ба иштибоҳ овардани хонандагон ташреҳи ғайриилмии овози "ӯ" (у-и дароз) дар забони тоҷикӣ мебошад. Муаллифи мақола бидуни ҳеҷ гуна далели таърихӣ даъво дорад, ки барои имлои осонтари ин ҳарф беҳтар аст ҳарфи дигаре чун истифода гардад. Ҷолиб аст, ки ин забоншинос овози туркӣ-ӯзбекиро дар овонавишти лотин, ки имрӯз дар забони туркӣ ва ӯзбекӣ ба кор меравад, барои савтиёти забони тоҷикӣ пешниҳод мекунад. Яъне бо дар назардошти пешниҳоди муаллифи мақола барои ифодаи овози "ӯ" мо бояд меъёри туркӣ-ӯзбекиро бо ифодаи ин овоз дар алифбои лотин мисли забони туркӣ ба кор барем ва савтиёти ин забонҳоро дар забони меъёри тоҷикӣ татбиқ намоем, ки ин андеша моро водор мекунад то дар  мавриди таблиғи таъсири аносири бегона дар забони тоҷикӣ ҷиддан андеша намоем.
Дар мавриди овози ӯ (дар забони туркӣ         ) муаллифро лозим аст то ба манобеи мӯътабари илмӣ, аз ҷумла пажӯҳишҳои туркшиносӣ ва эроншиносӣ муроҷиат намояд ва аз ситоишу офаринҳои ғайри мутахассисон даст кашад.
Пешниҳоди муаллифи мақола дар мавриди имлои номҳои Волга-Дон, Коста-Рика, Ню-Йорк, Порт-Артур, Сан-Марино ва ғайра ба ҳеҷ ваҷҳ қобили қабул набуда, ин гуна номҳо бар асоси қоидаи маъмул то ба имрӯз дар расмулхати кирилӣ дар чунин тарзи навишт пазируфта шуда, ҳеҷ ниёзе ба табдили навишти дигар надорад. Пешниҳоди муаллиф дар мавриди якҷо навишта шудани ҷузъҳои ин номҳо ва бидуни далел пешниҳод кардани чунин меъёр ба манфиати забони тоҷикӣ намебошад.
Чанд даъвои дигари ин муаллиф ба масъалаҳое бахшида шуданд, ки аслан дар "Қоидаҳои имлои забони тоҷикӣ" дар мавриди онҳо ҳеҷ гуна ишора нашудааст, аз ҷумла, дар мавриди навишти исми хоси адибони гузашта дар шакли А.И. Сино, М.А. Бедил, А. Дониш, А. Рӯдакӣ ва ғайра дар шакли пурра ва ё дар иртибот ба имлои дугонаи бархе аз иқтибосоти аврупоӣ ё номҳои ҷуғрофии чанде аз кишварҳо ва шаҳрҳо, аз қабили буҷа-бюджет, сужа-сюжет, энерҷӣ-энергия, ожанс//ӣ-агент//ӣ, кумита-комитет, бонк-банк, нафт-нефт, Ҷопон-Япония, Олмон-Германия, Чин-Хитой, Амрико-Америка, Русия-Россия ва ғайра.
Дар иртибот ба ин мавзӯъ бояд афзуд, ки ин масъалаҳо низ дар забони меъёр бо мурури замон ҳаллу фасл хоҳанд шуд ва дар ин маврид қаблан мутахассисон пешниҳодҳои худро иброз карда буданд.
Дар хотима бояд афзуд, ки аз ин дархостҳо ва пешниҳодҳои ҳангомаҷӯёнаи А. Неъматиён ба ҷуз ғалату иштибоҳ чизи солимеро наметавон дарёфт. Ҳамчунин даъвои "таълимгари 40-солаи забон", ки "ғалатҳо одатан аз надонистан,  дарк накардан, ҳирфаӣ (касбӣ) ва мутахассис набудан сар задааст" марбут ба худи муаллиф аст ва  ин ҳама мутахассиси воқеии бахши савтиёт будани ӯро зери суол қарор медиҳад.

Гурӯҳи кории
"Қоидаҳои имлои забони тоҷикӣ"


Баёни ақида (0)    Санаи нашр:    №:    Мутолиа карданд: 5632
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед