маориф
Натиҷаи санҷиш баррасӣ нагардид
Гавҳар Шарофзода, ректори Донишкадаи такмили ихтисоси хизматчиёни давлатӣ, аз фаъолияти нимсолаи Раёсати хизмати давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба намояндагони воситаҳои ахбори омма маълумот дода, аз ҷумла зикр сохт, ки мувофиқи мониторинги ҳайати сифатии кадрҳо дар мансабҳои давлатии хизмати давлатӣ 17686 нафар хизматчии давлатӣ фаъолият дорад, ки 4373 нафар ё 24,7 фоизашро зан ташкил медиҳад.
Кормандони раёсат дар 22 ҷаласаи комиссияи аттестатсионии мақомоти марказӣ ва маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ширкат варзиданд. Дар ин давра 1131 хизматчии давлатӣ ба аттестатсия фаро гирифта, 956 нафар ба мансаби ишғолнамуда мувофиқ баҳогузорӣ шуд.
Назар ба гуфти Гавҳар Шарофзода, тибқи нақша дар давраи сипаришуда фаъолияти Кумитаи давлатии заминсозӣ ва геодезии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кумитаи кор бо занон ва оила, Хадамоти давлатии назорат дар соҳаи маориф, саридораҳои бойгонӣ ва геология, ҳамчунин мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии як қатор шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ санҷида шуд.
Мунаввари САФАР
Баёни ақида (0) Санаи нашр: №: Мутолиа карданд: 5730