logo

илм

Сухан аз Обу Офтоб, технологияи олӣ ва дороии фаровон

Оянда аз газу нафту ангишт нест. Оянда аз энергияи тозаи экологии беинтиҳо ва безиён, оянда аз Обу Офтоб аст, - мегӯяд Темур Табаров

Хонандаи гиромӣ!  Кормандони рӯзномаи мову шумо, ончунон ки дар "Ҷумҳурият" расм шуда, пайваста аз ҳоли арбобони барҷастаи илму фарҳанги кишвар, ки давлати пирӣ насибашон гашта, хабар мегиранд, аз рози дилу мушкилоти зиндагӣ ва гуфтаниҳои эшон огаҳ мешаванд. Дар яке аз ин вохӯриҳо, гоҳе ки ҳамкорони мо Соҳиб Табаров - донишманди бузурги бахши адабиётро аёдат менамуданд, маҳфили хушу хотирмоне барпо шуд бо писари олим -Темур Табаров, олими риштаи физика, корманди Пажӯҳишгоҳи физикаю техникаи ба номи А.  Ф. Иоффеи Академияи илмҳои Русия. Ҳамкорон ба хотири иззати устод Соҳиб Табаров, дар маҳфил аз ҳадафи аслӣ -пурсиши ҳоли устод дур нарафтанд, вале маро муваззаф намуданд сӯҳбате дошта бошам бо олим Темур Табаров.
Намедонам, мӯҳтавои гуфтугӯ ва хости дили ҳамсӯҳбатамро ба хонандаи арҷманд арза карда тавонистам ё на, дар ҳама ҳол гумон мебарам, худ аз ин хирмани илм "хӯшае бардоштам". Ва, инак, фишурдаи сӯҳбат.

Барои маълумот: Темур Табаров соли 1974 баъди хатми Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон (ҳозира Донишгоҳи миллӣ) ба Донишкадаи илмию тадқиқотии физикаю техникаи ба номи Султон Умарови Академияи илмҳои Тоҷикистон ба кор омад. Соли 1976 барои такмили дониш ба Пажӯҳишгоҳи физикаю техникаи шаҳри Санкт-Петербург (он гоҳ Ленинград ном дошт) рафт.  Бо ҳукми тақдир дар ҳамин шаҳр зери роҳбарии яке аз бузургтарин олимони муосири физика Жорес Алфёров, барандаи ҷоизаи Нобел, пажӯҳишҳои илмиашро идома дод. Алфёров, он замон узви вобастаи АИ Русия, мудири озмоишгоҳи физика буд ва дар ин ҷойгоҳ панҷ шогирди ӯ, аз ҷумла Т.Табаров, кор мекард. Соли 1984 Т.Табаров ҳамроҳ бо Алфёров ва 4 шогирди дигари ҷавони ӯ барандаи ҷоизаи Комсомоли умумииттифоқ гардид.
Чун дар рушдёфтатарин кишварҳои ҷаҳон ҷунбише ҷиҳати бунёди энергетика бар пояи гетеросохторҳо эҳсос шуд, Алфёров (мегӯянд ӯ бахшҳои ояндадори илмро пешакӣ эҳсос мекунад) чанд шогирди худро маслиҳат дод, ки ба ҳамин масъалаҳо машғул шавад, дар ҳамин бахшҳо тадқиқот барад. Муқтадирии кишвари паҳновари Иттиҳоди Шӯравӣ дар навтарин бахшҳои техника маҳз натиҷаи кори чунин пажӯҳишгоҳҳо буд. Фаъолияти нобиғаҳои илми физикаи ҷаҳон Игор Курчатов, Яков Зелдович, Жорес Алфёров, Владимир Вернадский, Абрам Иоффе, Яков Френкел, Давид Каминкер, Лев Ландау маҳз бо ҳамин пажӯҳишгоҳ марбут аст.
-Биёд сӯҳбатро якбора аз технологияи олӣ оғоз мекунем. Ба андешаи шумо, мошин, масалан Мерседес, ё трактор, ё ҳавопаймо технологияи олианд?

-Гумон дорам, ки чунин бошад.
-На. Онҳо ҳатто технологияи нав нестанд. Мошинро 100 сол пеш ихтироъ кардаанд. Трактору ҳавопайморо ҳам. Вале, ба мошин компютере насб намоем, ки хатарро пешбинӣ ва садамаро пешгирӣ кунад, пушти чанбарак ронандаи маст ё дар ҳаяҷонро ё дузду роҳзанро роҳ надиҳад, ин технологияи муосир аст. Ҳавопаймое, ки тезтар аз суръати мушаки "Замин-осмон" ё ноаён парвоз мекунад, дастгоҳе, ки дар куҷо (кадом гӯшаи Замин) ҷойгиршавии ҷисмеро медонад, технологияи нав аст. Вале алъон ин чизҳо барои мо нодаркоранд. Моро технологияе зарур аст, ки дархӯри мушкили зиндагии мо бошад. Яъне имрӯз барои Тоҷикистон бензину солярка ва дигар фаровардаҳои нафтӣ, газу барқи арзону нони фаровон даркор. Нафтро асосан аз Русия мегирем. Пули мо, ки эквиваленти дороист, берун меравад. Ва онҳо на сомонӣ, балки доллари Амрико мепурсанд. Чаро? Зеро амрикоиҳо технологияи олӣ доранд.
- Вале давлатҳои рушдёфта низ он чиро надоранд, мехаранд?
- Бале, мехаранд, аммо ҳаҷми содироти онҳо дар таносуби воридот хеле баланд аст. Дигар ин ки дар ин кишварҳо барои пойбанд нашудан ба кишваре сарчашмаҳои алтернативии сӯзишвориро ба кор мебаранд. Бразил кишвари паҳноварест чун Русия (ними қаламрави он), аммо нафт надорад. Дар ин ҷо ба ҷойи нафт найшакарро истифода мекунанд. Сӯзишвории тозаи (бензини спиртӣ) биологӣ.
- На дар ҳама ҷо найшакар мерӯяд...
- Найшакар нарӯяд, ҷуворимака ҳаст, офтобпараст ҳаст… Дар Аврупо аз ин зироатҳо равғани ғизоӣ омода месозанд. Пасмондаи равғани як бор истифодашударо аз ҳазорҳо ошхонаю тарабхонаҳо ҷамъ оварда бо илова кардани моддаҳои махсус чун бензин истифода мебаранд.
- Равғани  ғизоӣ аз бензин қимати бештар дорад. Ба андешаи Шумо, сӯзишвории биологӣ  бо  нафт рақобатпазир буда метавонад?
-Барои кишваре, ки нафт надорад: оре. Ва бузургтарин суди ин амал пойдорӣ, нигаҳдории амнияти иқтисодии кишвар аст.
Захираҳои  нафтӣ беохир нестанд. Дер ё зуд тамом мешаванд. Нафт, газ, ангишт (манбаъҳои энергияи гармӣ) пайвастагиҳои табииеанд, ки тайи миллионҳо сол таркиб ёфтаанд. Нафти рӯизаминӣ кайҳо ба поён расида. Имрӯз онро аз чоҳҳои жарф истихроҷ мекунанд, аммо захираи зеризаминӣ ҳам дер намепояд. Олими бузурги кимиё Дмитрий Менделеев гуфта буд: "Сӯзондани нафт монанд аст ба сӯзондани пули қоғазӣ дар оташдон". Нафт пайвастагии нодири табиист. Аз он монанд ба пластмасс, пластиаз, резин, либос, асбобу анҷоми рӯзғор ҳазорҳо чиз ҳосил мешавад. Гоҳе ки нафт фаровон буд, инсон мошину нерӯгоҳу дастгоҳҳои гуногунро эҷод кард. Аммо гуруснагии нафтӣ, коҳиш ёфтану ба охир расидани истихроҷи он ногузир аст. Фарзияҳои илмие пайдо шудаанд, ки пас аз 40 сол, яъне дар миёнаҳои садсола гуруснагии нафтӣ фаро мерасад.
- Дар ин вазъ илоҷи раҳоӣ, аз диди олимонаи Шумо, чист?
- Ба қазия фарохтар назар меафканем. Баҳрабардорӣ аз дороиҳои табиии дохилӣ на танҳо мушкили сӯзишворӣ, балки гиреҳи даҳҳо мушкилоти дигарро мекушояд. Наздики 60 дарсади обҳои Осиёи Марказӣ аз қаламрави Тоҷикистон ҷорианд. Дар ҳамин ҳол кишвар ҳамагӣ аз 10 дарсади обҳои худ (15,4% аз обҳои дарёи Ому ва 7,8% аз обҳои дарёи Сир) баҳра мебарад. Кишваре, ки дорои 527 миллиард киловатт-соат захираи гидроэнергетикист, аз нерӯи барқ танқисӣ мекашад. Ҳамагӣ камтар аз 5%-и ин захираи бузург истифода мешавад. Талаботи солонаи Тоҷикистон ба нерӯи барқ 22-24 миллиард кВт-соат аст. Норасоии  5 миллиард кВт-соат зимистон ба вуҷуд меояд, дар ҳоле ки тобистон истеҳсоли нерӯи барқ дар кишвар нисбати талабот ба он 1,5 миллиард кВт-соат зиёд аст. Замони шӯравӣ ин нерӯи барқи изофӣ тобистон ба Шабакаи ягонаи барқии кишварҳои Осиёи Марказӣ интиқол ёфта, зимистон ба кишвар бозгардон мешуд. Ин тарзи кор оқилона, одилона ва ба манфиати ҳамаи кишварҳои минтақа буд. Аммо Иттиҳоди Шӯравӣ аз ҳам пароканд ва ин тавозун барҳам хӯрд. Талош барои абарқудратӣ дар минтақа оғоз ёфт. Солҳои аввали баъдишӯравӣ Тоҷикистон, сарфи назар аз зиёни молиявӣ, барқро тобистон ба Ӯзбекистон мефурӯхт ва зимистон бо нархи 1,5 баробар бештар бозпас мехарид. Вале ин ҳам дер напойид: Ӯзбекистон дари Шабакаи ягонаро ба рӯи Тоҷикистон баст ва ҳатто барои аз Туркманистон барқ харидани Тоҷикистон тавассути қаламраваш иҷозат надод. Барои Тоҷикистон гуруснагии барқӣ фаро расид. Ягона роҳи наҷот дар ин вазъ бунёди нерӯгоҳҳои барқи обӣ, оғози идомаи сохтмони Нерӯгоҳи барқи обии Роғун (сохтмони Роғун соли 1976 оғоз ёфт) буд. Тибқи лоиҳа тавоноии солонаи нерӯгоҳ истеҳсоли 13,1 миллиард кВт-соат аст, ки имконият медиҳад Тоҷикистон ҳам норасоии зимистонии барқро бароварад, ҳам ба кишварҳои ҳамсоя барқ  фурӯшад. НБО-и Роғун сараввал аз ҷониби пажӯҳишгоҳи лоиҳасозии "Средазгидропроект", воқеъ дар шаҳри Тошканд, тарҳрезӣ шуд. Тарҳрезии нави нерӯгоҳ аз ҷониби пажӯҳишгоҳи "Гидропроект"-и Федератсияи Русия сурат гирифт. Обанбор озод, аз ҳисоби обҳои лимити Тоҷикистон дар марҳилаи тӯлонӣ пур мешавад ва аз ин ба ҳамсоякишварҳо осебу зиёне намерасад. Ба манфиати мардуми кишвару минтақа баҳра бардоштан аз ин имконияти нодири табиӣ камоли хирад, бунёди Роғун калиди ҳама дарҳои ниёзи Тоҷикистон аст. Пирӯзию истиқлолияти энергетикӣ ва ҷаҳишҳои иқтисодӣ маҳз ба бунёди ин иншооти чун обу ҳаво зарурӣ иртиботи мустақим дорад. Фақат дар партави баҳрабардорӣ аз Роғун рӯй овардан ҷониби технологияи навтарин, истеҳсоли сӯзишвории алтернативӣ ва истифода аз манбаъҳои дигари нерӯи барқ, пеш аз ҳама нерӯи барқи офтобӣ, имконпазир мегардад.
-Чӣ иртиботе байни нерӯгоҳи обӣ ва бензину солярка буда метавонад?
-Дар вазъи норасоии барқ на танҳо мардум, балки корхонаю муассисаҳо бо мушкилот рӯбарӯанд. Дар ин ҳол тавони корхонаҳое, ки ҳаҷми содироти гардиши моли кишварро боло баранд ва имконияти бунёд намудани корхонаҳои истеҳсолии мутобиқ ба стандартҳои ҷаҳонӣ маҳдуд аст. Вақте содирот нест, воридот, аз ҷумла воридоти сӯзишворӣ ҳам ба мушкилот мувоҷеҳ мегардад. Алюминийро (ё либоси пахтагин ё нерӯи барқро) мефурӯшему сӯзишворӣ мехарем. Агар нархи сӯзишвориро боло баранд, мо низ нархи маҳсулоти содиротиро гаронтар мекунем.
Аслан хариди бензин баробармаъно ба хариди нон аз кишвари ҳамсоя аст (таваҷҷӯҳ кунед, на орд, на гандум, балки нон). Кишварҳои ҷаҳон на бензин, балки нафт мехаранд. Кишварҳои нафтдори Осиё ҳам, масалан Эрон, нафт мефурӯшанд, аз ҳисоби даромади нафт доро шудаанд, на аз фурӯши бензин. Нафт харидан даркор ва онро ҳам на аз як кишвар, то осебпазири фишори иқтисодии давлате набошем. Бунёди корхонаи коркарди нафт ҳам хоҳ - нохоҳ ба нерӯи барқ иртиботи мустақим дорад. Корхонаҳои азими Тоҷикистонро танҳо нерӯгоҳҳои барқи обӣ бо барқ таъмин карда метавонанд, яъне Роғун дар ҳақиқат барои  кишвари мо роҳи наҷот аст.
Истифодаи сӯзишвории биологӣ роҳи дигари ҳалли мушкил аст.  Технологияи олӣ он аст, ки мушкилро осон кунад. Истифодаи нерӯи офтоб  яке аз роҳҳои дигари ҳалли мушкили сӯзишворист. Нерӯе, ки ҳар чи қадар харҷ кунӣ, кам намешавад.
- Ба шарҳу тафсири бештар ниёз аст.
- Ҳидроген моддаест, ки дар сархати ҳам сутуни якум ва ҳам ҳаштуми ҷадвали даврии Менделеев қарор дорад. Яъне вобаста ба ҳолати кимиёии худ ҳидроген ҳам ноқил ва ҳам ғайриноқил аст. Дар маркази ҷадвали даврӣ боз элементҳое ҳастанд, ки онҳоро нимноқилҳо меноманд. Онҳо нерӯи барқро бад мегузаронанд, ба он муқовимати сахт нишон медиҳанд, аммо ҳангоми  тафсонидан (агар гарм кунем) муқовимати онҳо вобаста ба дараҷаи гармӣ кам мешавад. Барои мо муҳим он аст, ки ин элементҳо чӣ хосияту чӣ суд доранд. Муҳимтарини ин элементҳо германий, галлий, силитсий (кремний) ва алмос мебошанд. Германий, галлий ва алмос элементҳои камёфту гаронарзишанд ва ба дарди мо намехӯранд. Мемонад силитсий: яке аз элементҳои, ба андешаи ман, заруртарин. Дар мағзи ҳастаи Si (силитсий) протон ва дар гирди он 4 электрони озод мавҷуд аст. Хосияти электрон зуд пайваст шудан ба ҳастаи дигар элементҳост. Қабл аз ҳама бо оксиген, ки яке аз  элементҳои фаъолтарин маҳсуб меёбад.
Si  дар Тоҷикистон ҳам хеле фаровон аст. Аз пайвастагии Si бо оксиген шиша, аз пайвастагии холиси он квартс ҳосил мешавад, ки барои саноати электронӣ, радио, телефон, телевизор, компютер элементи хеле муҳим аст. Замоне дар Варзоб, наздикии Зимчурӯд, кони квартс мавҷуд буд. Агар аз Si-и тоза (холис) кристалл ҳосил кунем, пас зери таъсири ҳарорат ва иҷрои амалҳои кимиёӣ ин кристалли силитсий аз нимноқил ба ноқили фаъол мубаддал мегардад. Яъне нахуст силитсийи тоза (холис) ҳосил мекунем, пас ба он дигар омехтаҳои кимиёӣ ҳамроҳ намуда, хосияти кимиёиашро тағйир медиҳем. Бо ҳамроҳ намудани як гурӯҳи омехтаҳо силитсий заряди мусбат, бо ҳамроҳ намудани гурӯҳи дигари омехтаҳо он заряди манфиро мегузаронад: он чӣ орзуи мо, коми дили мост. Яъне, агар як гӯшаи кристалли силитсийро ба гузаронидани заряди мусбат, гӯшаи дигарашро ба гузаронидани заряди манфӣ мутобиқ созем ва симро гирифта, онро ба чароғ (лампаи барқӣ) пайваст намоем, лампа фурӯзон мешавад. Шумораи зиёди чунин тахтаҳои (пластинаҳои) силитсийро истифода намуда, корҳои марбут ба барқро иҷро намудан мумкин аст. Агар миқдори бештари ин пластинаҳоро болои автомобил гузорем, он (бе бензин) роҳ меравад. Як самти асосии технологияи навтарин омӯхтани хосияти элементҳо ва пайвастагиҳо дар дараҷаҳои гуногуни гармӣ, ҳамроҳ намудани элементу пайвастагиҳои нав, пайвастани як гурӯҳи омехтаҳо бо гурӯҳҳои дигар дар ҳолатҳои гуногун ва дараҷаҳои гуногуни гармӣ мебошад. Техникаи ҳастаӣ (ҳарчанд  бо он сару кор гирифтан алъон  барои Тоҷикистон суде ва зарурате надорад) низ бо ҳамин роҳ ҳосил мешавад.
- Барои Тоҷикистон як роҳи рушд аз нури офтоб ва силитсий дуруст истифода бурдан аст?
- Оре. Чӣ қадар омехтагӣ ба силитсий ҳамроҳ намоем, ки коэффитсенти кори фоиданоки он зиёдтар шавад!? Тавоноии сели рӯшноии офтоб дар дурии 149,6 миллион километр - дар рӯйи Замин тақрибан ба 1350 ватт дар ҳар метри мураббаъ баробар аст. Дар ҳамин ҳол, тавоноии сели рӯшноӣ дар гӯшаҳои Замин гуногун аст, - яъне дар Аврупо дигар, дар Африқо дигар… Бо ҳама ҳол, дар Аврупо, ки он ҷо рӯзҳои офтобӣ назар ба Осиё хеле камтаранд, ҳатто гоҳе ки осмон пурабр аст, тавоноии сели рӯшноӣ  аз 100 ватт дар як метри мураббаъ камтар нест. Бо ёрии батареяҳои маъмули офтобӣ нерӯи сели рӯшноии офтоб ба нерӯи барқ баргардон мешавад. Самари элементҳои офтобии аз  моддаҳои камёфту гаронбаҳои германий ё галлий омодашуда хеле баландтар аст. Батареяҳои офтобии навъ, тавоноӣ ва сифати гуногуни барориши Чин, Аврупо, Амрико, Ҷопону Куриёву Сингапур… ҳоло бозорҳои ҷаҳонро пур кардаанд.
- Арзиши аслии онҳо хеле гарон аст.
- Як фотоэлементе, ки мову шумо месозем, шояд 1 ё 1,5 волт нерӯи барқ диҳад. Арзиши аслии ин фотоэлемент хеле гарон меафтад. Бале, технологияи олӣ, хоҳ-нохоҳ гаронбаҳост. Аммо вазифаи илм душворро осон гардонидан аст.
Линзаи шишагин (алъон онҳоро аз пластика месозанд) ин мушкилро осон месозад. Яъне шумо 1000 фотоэлемент не, балки якто месозед, линза нурҳои офтобро ҷамъ оварда ба (самти) он равона мекунад. Ҳамин тавр тавоноии фотоэлементи офтобии шумо 1000 (10 000, 100000, дилхоҳ) маротиб меафзояд, дар робита арзиши аслии фотоэлементи сохтаи шумо кам мешавад. Ва ин муттамарказонӣ истеҳсоли нерӯи барқ аз офтоб ном дорад. Барои 1 метри мураббаи (1 м х 1м) заминро монанд ба офтоб рӯшноӣ додан 100 лампочкаи 100-ватта лозим аст. Бинед, ки иқтидори нерӯи нури офтоб чӣ андоза бузург аст! Шумо элементи офтобиатонро кор фармуда, нерӯи барқро ҷамъ оварда, аз ин энергия баҳра мебардоред.
Дар Исроил  дар болои ҳамаи бомҳо элементҳои офтобӣ ҷойгиранд, яъне қариб ҳар оила барқро аз офтоб мегирад. Исроилиҳо барои барқ  ба давлат пул намесупоранд, балки аз давлат пул мегиранд.
- Яъне чӣ тавр?
- Рӯзона, вақте ба кор мераванд, нерӯи барқи хусусиашон (!) зиёдатӣ мемонад. Онҳо ин нерӯи барқи нодаркорро ба корхонаю муассисаҳои давлатию шахсӣ мефурӯшанд ва даромад мегиранд.
Сокинони Исроил аксаран обро бо роҳи табиӣ, бо гармии офтоб (бе ягон элемент) гарм мекунанд. Дар болои бом ё баландӣ обгиреро мегузоранду бас. Зери гармии офтоб (нерӯи Худодод) об гарм мешавад. Ягон намуди нерӯи барқро барои ин кор истифода набурда, қариб тамоми сол эҳтиёҷашонро бо оби гарм таъмин месозанд.
Ҳадафам аз ин суханон он аст, ки сарфаи нерӯи барқ, монанд ба истеҳсоли он аҳамияти бузургро дорост. Мо бояд сарфаҷӯиро мутобиқ ба талаботи замон ёд гирем.
Дар Русия сарфи назар аз он ки бузургтарин захираҳои нафту газу ангишти ҷаҳониро дорост, баҳрабардорӣ аз нерӯи офтоб рӯз ба рӯз маъмултар мешавад. 
- Магар ин ишора ба он ваҷҳ нест, ки мо, тоҷикон, аз неъматҳои табиӣ ончунон ки бояд баҳра намебарем?
- Мо мутобиқ ба талаботи иқтисоди бозорӣ зиндагӣ карданро ба қадри даркорӣ наомӯхтаем. Ин айби мардуми мо ҳам нест. Гузариш аз як сохторе, ки тайи солҳои зиёд ба он одат кардаем, дар мафкура ва равиши зиндагӣ нақше жарф гузоштааст, ба сохтори тамоман нав вақтро тақозо дорад.
Ба гуфти нависандаи бузург Лев Толстой, муҳимтарин ваҷҳ дар ҳама кор далерона оғоз кардан аст, ончунон, ки Сарвари мо Роғунро сар кард. Талош сӯи беҳӣ, натарсидан аз заҳмат, ҳамеша сӯи пеш ҳаракат кардан ва шикебоианд хислати мардуми мо. Мутаассифона, алъон хӯи бади муфтгароӣ баъзе аз мардуми моро ёр шуда. Аз созандагӣ, эҷодкорӣ, аз фаҳми тезу заҳматталабӣ - хислатҳои наҷибу накӯе, ки бо онҳо ниёгон мардуми моро ба ҷаҳониён муаррифӣ ва машҳур кардаанд, дур рафтаем.
Боре барои зиёрати мазори модарам ба Мӯъминобод рафтам. Мавзее, чамане, гулистоне… рашки сад гулзори Ирам.  Швейтсарияи воқеӣ. Чашмаеро, ки мардум 70 сол аз он об мегирифт, "доно"-е хусусӣ кардааст. Ана муфтхӯри оши тайёр! Ба ҷойи он ки обрасони мардум бошад, ки сарчашмаи савоби ҷорист, одамонро аз оби Худодод, ки шояд 1000 сол боз дар ин мавзеъ вуҷуд дошт, маҳрум кардааст. Ку инсофи мусалмонӣ? Ку адолати башарӣ? Ку нангу ори меҳандорӣ? Захираҳои табиӣ бояд  мардумӣ бошанд. Дар хонае меҳмон шудем. Мизбон овардани себҳои ширину беҳтарини ҷаҳонро, ки дар боғчааш рӯёндааст, барои мо, меҳмонони олиқадр, айб донисту шарбати себи истеҳсоли Украинаро наздамон гузошт. Дар воқеъ, ҳамиятам омад аз ин фаҳмиши меҳандорӣ. Ва ин фард намояндаи миллатест, ки гуфта:
Хори ватан аз лолаву райҳон
хуштар!
Ку он фарҳанги ҷаҳонгири мо? Исроилиҳо себро мехӯранд, аз пасмондаи он хокаи шарбат омода намуда, ба кишвари дуюм (гӯйем - нимрушдкарда) мефурӯшанд. Дар кишварҳои дуюм (дар мисоли мо -Украина) аз ин хока шарбати себ истеҳсол намуда, ба мо мефурӯшанд ва мо ин шарбатро бо ифтихор менӯшему бо виқору такаббур назди меҳмони гиромӣ мегузорем.
Онҳо аз пули ин пасмондаи себ, ҳамчунон ки аз суди содироти дигар молу чиз, технологияи олӣ - киштиҳои кайҳонию заминӣ, ҳавопаймо, элементҳои офтобӣ, нерӯи ҳастаӣ, мошину асбоби рӯзғор месозанд ва мефурӯшанд.
- Рӯй ҷониби он  захираю имкон кунем, ки айни замон, дар воқеъ, дорем.
- Бале. Иттиҳоди Шӯравӣ (кишваре, ки соли 1922 бунёд ёфт ва соли 1991 пароканд),  муқтадиртарин аз кишварҳои ҷаҳон, тарҳи бунёди корхонаи бузурги алюминийро барои он дар диёри мо кашид, ки имконият, захираи гидроэнергетикии Тоҷикистон, дар воқеъ, бузург аст. Ончунон бузург аст, ки дар ҷаҳон назир надорад. Алюминий моддаест, ки дар тафдонҳои (домнаҳои) бузурги ангиштӣ, газӣ, нафтӣ (ва ғ.) гудохтани он имконнопазир аст. Дар ҳавои кушод он турш шуда, зуд ба хока мубаддал мегардад. Барои гудозиши он нерӯи гармии барқӣ зарур аст. Коршиносон ҳисоб карданд, ки дар мавзеи наздики нерӯи барқи фаровон сохтани ин корхона судмандтар аст. Барои ҳамин Иттиҳоди Шӯравӣ корхонаро дар Тоҷикистон сохт ва силсилаи нерӯгоҳҳои рӯдҳои Вахш (Бойғозӣ, Роғун) ва Панҷро (Даштиҷум) ба нақша гирифт, зеро дар ҳақиқат, имкониятҳои энергетикии Тоҷикистон беназиранд. Ин аксиома, ин ҳақиқати баҳснопазир аст. Такрор мекунам: ин кишвар қодир аст на танҳо ба истиқлолияти комили энергетикӣ бирасад ва ба кишварҳои ниёзманд барқ содир кунад, балки тавони пура дорад як қудрати бузурги энергетикии Осиё ва ҷаҳон бошад. Дар сурате ки мол ҳар чи қадар бисёр тавлид шавад ҳам, харидор дорад, ман дар назар дорам харидорони потенсиалӣ - Афғонистон, Покистон, Ҳиндустон, Чин, Эрон, кишварҳои нимҷазираи Ҳиндухитойро; дар сурате ки барқи обӣ дар муқобили барқи манбаъҳои гармӣ (нафт, газ, ангишт) арзону аз нигоҳи экологӣ тоза аст; дар сурате ки ҷомеаи ҷаҳонӣ аз гармшавии иқлими сайёра ба василаи зиёд шудани ҳаҷми партовҳое, ки муҳитро, атмосфераи Заминро ифлос мекунанд, ташвишу нигаронӣ дорад; дар сурате ки Роғун омили муҳимтарини даст ёфтан ба истиқлолияти энергетикист, бунёди ин иншооти бузург тақозои замон, ба манфиати кишвар, минтақа ва ҷаҳон хоҳад буд.
- Ба манфиати ҷаҳон? Аз кадом ҷиҳат?
- Бунёди нерӯгоҳҳои обӣ як роҳи пешгирии гармшавии сайёра аст. Бухори гармӣ алъон дар кишварҳо аз ҳадди меъёри бардошти Замин боло рафта, ба мушкили асосии замон мубаддал ва боиси нигаронии ҷомеаи башар гардидааст.
Ҷунбишҳои экологӣ  дар ҷаҳон алайҳи корхонаҳое, ки бо дуди газу нафту ангишт ҳавои заминро ифлос, муҳити зистро вайрон ва ба фоҷиаҳои табиӣ мусоидат мекунанд, торафт авҷ мегиранд. Иттиҳоди Аврупо аз нахустин ниҳодҳои муқтадирест, ки бар зидди ифлос кардани атмосфераи Замин дар қаламрави худ чораҳои қатъиро пеш гирифтааст. Дар баробари ин, бархе аз нерӯгоҳҳои энергияи гармӣ зиндагии осудаи аҳли башарро нороҳат сохта, боиси фоҷиа ва таҳлукаи одамон гардидаанд.
Дар пасманзари садамаҳои фоҷиабори нерӯгоҳҳои барқи ҳастаӣ дар кишварҳои рушдёфтаи ҷаҳон, бавижа пас аз фоҷиаи даҳшатбори Фукушимаи Ҷопон, кишвари муқтадиру рушдёфтае чун Олмон, парчамафрози илму технологияи навтарин дар Аврупою ҷаҳон, тасмими ҷасуронаю қотеонае гирифт, ки ба хотири амнияту осудагии мардуми хеш то соли 2022 тамоми нерӯгоҳҳои барқи ҳастаии худро бандад. Ва ин фақат оғоз аст.
Бебокию ҷасурии Эмомалӣ Раҳмон, Президенти Тоҷикистон, ки дар як вазъи барои кишвар хеле мушкил, айёме ки бӯҳрони шадиди иқтисодӣ саросари ҷаҳон, аз ҷумла мамлакати моро фаро гирифта буд, ин иқдоми бузургро оғоз намуд, дили маро ҳамчун як олим ва як меҳанпараст ба хурӯш овард. Амали Президентро сиёсати дурусту созанда меҳисобам. Аҳсант! Бунёди Роғун калиди расидан ба муродҳост. Набояд аз ҷойгирии ҷуғрофии кишвар нигарон бошем. Табиат ба мо беҳтарин неъмати беинтиҳо - обро арзонӣ дошт.  Ва об аст, ки зиндагист. Дар Сиру Қаратоғу Кофарниҳону Панҷ, Варзобу Вахшу Зарафшон ва даҳҳо дарёҳои дигари Тоҷикистон имкони хуби бунёди нерӯгоҳҳои барқи обӣ мавҷуд аст. Истифодаи оқилонаи ин  имконот барои ба як кишвари рушдёфтаи ҷаҳонӣ, ба як нерӯи бузурги иқтисодӣ табдил ёфтани Тоҷикистон мусоидат мекунад.
- Имкониятҳои рушди иқтисодии Тоҷикистон, ба андешаи Шумо, чӣ гунаанд?
- Гумон мекунам, ба ин пурсиш қисман посух додаам. Имкониятҳои рушди кишвар, сарфи назар аз он ки аз Шӯравӣ чизе ба мерос нагирифт, 70 сол гӯшаи аграрии қафомондаи ин давлат буд ва ҷанги мудҳишро аз сар гузаронд, олианд. Кишвар, бавижа барои рушди энергетикаи обию офтобӣ, гардишгарӣ, саноати маъданҳои кӯҳию  коркарди ниҳоии масолеҳи кишоварзӣ имкониятҳои васеъ дорад. Тоҷикистон тавон дорад, ки муқтадиртарин кишвари содиркунандаи нерӯи барқ шавад. Имкон дорад сатҳи зиндагии тоҷикон ҳатто нисбат ба аврупоиён болотар бошад.
- Ба чӣ далел?
- Тоҷикистон қудрати бузурги обист, дар саргаҳи об қарор дорад, ки бебаҳс неъмати бебаҳои Худованд аст. Барои сохтани нерӯгоҳи обӣ дар Тоҷикистон ду соҳили рӯдро 200-300 метр баланд бардоштан даркор нест - фақат пеши обро бастан кифоя аст.  Нораку Роғунро танҳо дар Тоҷикистон (ва чанд кишвари ангуштшумори дигар) метавон сохт, зеро дар ин кишвар обҳо дар дараҷаи калони нишебӣ (0) поён мешорад. Имконияти сохтмони обанбору дарғотҳои аз чор се ҳиссаашон табиӣ ва дар робита ба фаровонии нерӯи барқ бунёди корхонаҳои азими истеҳсолӣ хеле бузург аст.
Далели дуюм: офтоби мо пурнуртар аст. Рӯзҳои офтобӣ дар Тоҷикистон нисбат ба Аврупо бештаранд. Гармии офтоб ва имконияти аз он гирифтани нерӯи барқ низ зиёдтар аст. Танҳо кадрҳои баландихтисос даркоранд, ки кишварро ба рушди комили иқтисодӣ расонанд.
- Чӣ бояд кард?
- Нерӯи бузурги зеҳнии мардуми тоҷикро ба маҷрои зарурӣ равона сохтан, аз он пурсамар истифода бурдан, омода намудани кадрҳои баландихтисос, ҳавасманд намудани наврасону ҷавонон ба омӯзиши илму технологияи нав, заҳматталабӣ, шикебоӣ, фориғбол нашудан аз дастовардҳо, талош ба сӯи беҳӣ, дур афгандани одатҳои зиёновар, аз қабили тайёрхӯрӣ, исроф, беҳамиятӣ. Воқеан, дар як меҳмонӣ рӯйи дастархон себ гузоштанд. Онро бардоштаму ба борномааш нигаристам: "Made in Argentina". Маро ба ҷойи тоҷиру соҳибкоре, ки ин себро аз он сӯи уқёнус оварда, шарму хиҷолат фаро гирифт. Чӣ зарурат аст ба кишваре, ки себҳои хубтарин, беҳтарин, нозанин дорад, овардани онҳо? Магар онҳо беҳтаранд? Ҳазор бор не!  Ҳамон тоҷир чӣ қадар номусу нанги миллӣ дошта бошад?  Ва болотар аз ҳама меҳандӯстӣ, боло бурдани нангу номуси миллӣ то ҷое, ки себи тоҷикиро аз аргентинӣ  ва ақаллан лолаю райҳони худро аз хори дигарон болотар донем, нерӯи барқи обию офтобии худамонро дошта бошем.
- Нерӯгоҳи барқи обӣ чӣ беҳӣ дорад?
- Афзалиятҳои барқи обӣ бармало намоёнанд: арзонӣ, тозагӣ, имконоти таъминоти саросари кишвар ва содироти нерӯи барқ, даромадҳои ҳангуфт ба буҷети давлат,  боло бурдани сатҳи зиндагӣ, баҳрабардорӣ аз обанбори нерӯгоҳ, шодобгардонии заминҳои ташналаб,  бунёди корхонаҳои бузург, шаҳру деҳу боғу киштзорҳо…
Барои кори элементи офтобӣ, ҳам на агрегат лозим аст, на бензину солярка. Пойбанди кишваре нахоҳем буд. Вале набояд фаромӯш кард, ки моро  қабл аз ҳама захираю имкониятҳои гидроэнергетика ба истиқлолияти энергетикӣ мерасонанд.
Як афзалияти ин ду намуди энергия дар он аст, ки дар кишвар ҳам об, ҳам нури офтоб фаровон аст.
Оянда аз газу нафту ангишт нест. Оянда аз энергияи тозаи экологии беинтиҳо ва безиён, оянда аз Обу Офтоб аст. Мо бояд аз ин сахои табиат бохирадона баҳрабардорӣ намоем, ҳаройина нахустнишони меҳандӯстии мо ободию сарафрозии меҳан аст.

Сайидвалӣ АЗИЗОВ,
"Ҷумҳурият"


Баёни ақида (0)    Санаи нашр:    №:    Мутолиа карданд: 6274
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед