logo

мулоқотҳо

Мулоқоти Эмомалӣ Раҳмон бо Оливе Декамп

16 июли соли 2011 Эмомалӣ Раҳмон,  Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Оливе Декамп - директори идоракунандаи Бонки аврупоии таҷдид ва рушд оид ба Туркия, Аврупои Шарқӣ, Қафқоз ва Осиёи Марказиро  ба ҳузур пазируфт.
Дар мулоқот масоили ҳамкории кунунӣ ва роҳҳои густариши дастгирии рушди иҷтимоию иқтисодии Тоҷикистон баррасӣ шуданд. Таваҷҷўҳи зиёд ба роҳҳои татбиқи мувофиқаҳое, ки миёни Эмомалӣ Раҳмон,  Сарвари давлати Тоҷикистон, бо роҳбарияти сохторҳои Иттиҳоди Аврупо зимни сафарҳои расмии ў ба шаҳрҳои Страсбург, Люксембург ва Брюссел, аз ҷумла дар Шўрои Аврупо, Порлумони Иттиҳоди Аврупо, Комиссияи Аврупо ва дигар сохторҳо ба даст омадаанд, зоҳир карда шуд.

 Зимни сўҳбат аз рушди бонизоми ҳамкории Тоҷикистону Бонки аврупоии таҷдид ва рушд изҳори қаноатмандӣ иброз гашт. Зикр гардид, ки тайи солҳои охир бо дастгирии ин бонк дар Тоҷикистон 44 лоиҳа ба маблағи зиёда аз 100 миллион доллари амрикоӣ татбиқ мешавад ва 10 лоиҳаи дигар ба маблағи 70 миллион евро дар марҳалаи  омодагӣ   қарор дорад. Лоиҳаҳои мазкур барои рушди бахшҳои гуногуни иқтисодиёти Тоҷикистон ва бештар барои зиёд намудани имконот ва тақвияти бахши хусусӣ равона шудаанд.
 Оливе Декамп изҳор дошт, ки "имрўз рушди муносибот бо Осиёи Марказӣ, аз ҷумла бо Тоҷикистон аз самтҳои афзалиятноки сиёсати хориҷии кишварҳо ва сохторҳои Иттиҳоди Аврупо аст ва Бонки аврупоии таҷдид ва рушд барои татбиқи ин сиёсат саҳми намоёни худро мегузорад". Ба иттилои ў, "соли гузашта Бонки аврупоии таҷдид ва рушд барои дастгирии бонкҳо, созмонҳои хурди қарздиҳӣ ва мақомоти маҳаллии Тоҷикистон  30 миллион доллар ҷудо намуда буд, имсол бошад ин маблағ ба 50 миллион мерасад ва минбаъд чунин дастгирӣ мунтазам афзоиш хоҳад ёфт".  Ҳар ду ҷониб мувофиқ шуд, ки имкону захираҳои истифоданашудаи ҳамкорӣ ҳанўз зиёд аст. Аз ин хотир ба рушди ҳамкорӣ дар соҳаҳои кишоварзӣ, энергетика, саноат, нақлиёту коммуникатсия, обтаъминкунӣ ва дар маҷмўъ муҳайё намудани ҷойҳои нави корӣ ва мусоидат ба болоравии сатҳи зиндагии мардум ҳавасмандии худро таъкид намуданд.
 Тавре аён гардид, дастгирии бахши хусусӣ, бонкҳои саҳҳомӣ ва созмонҳои хурди қарздиҳӣ ва иштирок дар татбиқи лоиҳаҳои энергетикӣ ва таъмини амнияти энергетикӣ аз самтҳои афзалиятноки фаъолияти  Бонки аврупоии таҷдид ва рушд дар Тоҷикистон мебошад.


Баёни ақида (0)    Санаи нашр:    №:    Мутолиа карданд: 2091
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед