маориф
ДДТ: нархи гурӯҳи шартномавӣ
10 фоиз боло рафт
Убайдулло Қурбонов, ректори Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ибни Сино, зимни нишасти матбуотӣ ба намояндагони воситаҳои ахбори омма гуфт, ки сифати таълим боло рафтааст. Номбурда яке аз омили асосии онро ба танзим даровардан ва мутамарказонидани раванди имтиҳоноти давлатии хатми донишгоҳ ва ба меъёрҳои амалкунанда мувофиқ намудани ҷараёни имтиҳоноти даврӣ арзёбӣ намуд.
Имсол имтиҳони хатмкунии давлатӣ дар се давра: малакаҳои таҷрибавии касбӣ, имтиҳони тестӣ ва ҳалли масъалаҳои ситуатсионӣ гузаронида шуданд. Дар маҷмӯъ донишгоҳро 884 нафар хатм кард, ки аз ин 49 нафар ё худ 5,5 фоиз соҳиби "Дипломи аъло" гардид. Дар соли таҳсили гузашта 16 номгӯй китоби таълимӣ ба забони давлатӣ таълиф ва тарҷума шуд ва бо теъдоди 2488 нусха дар матбааи донишгоҳ аз чоп баромад.
Раёсати донишгоҳ мактаби тобистонаи олимони ҷавонро аз ҳисоби донишҷӯёни фаъол таъсис дод. Мақсад аз он шинос намудани донишҷӯён ба корҳои илмӣ -тадқиқотӣ аст.
Ба комиссияи қабули донишгоҳ қариб 2500 нафар довталаб ҳуҷҷат супурдааст, ки ин нисбати ҳамин давраи соли гузашта 300 -то зиёд аст.
Вобаста ба болоравии нархи гурӯҳҳои шартномавӣ сардори муассисаи таълимӣ гуфт, ки "мо 4 сол боз нархро боло набурда будем. Имсол вобаста ба талабот нархро дар гурӯҳи шартномавӣ 10 фоиз боло бурдем, ки он ба мустаҳкамкунии зинаи моддӣ-техникии таълимгоҳ мусоидат менамояд".
Абдулқодири РАҲИМ
Баёни ақида (0) Санаи нашр: №: Мутолиа карданд: 5617