logo

президент

То ҷашни Наврӯз ба 1 миллион хона телефон гузаронида мешавад

29 июл таҳти раёсати Эмомалӣ Раҳмон, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси Ҳукумати кишвар, маҷлиси навбатии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид.
Дар маҷлиси Ҳукумат нахуст ҳисоботи Абдуҷаббор Раҳмонов, вазири маориф, оид ба татбиқи Консепсияи миллии тарбия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки аз 3 марти соли 2006 амал мекунад, шунида шуд. Таҳия ва нашри китобҳои Маърифати шаҳрвандӣ, Фарҳанги муошират, Фарҳанги меҳмоннавозӣ, Кадбону, Маданияти оиладорӣ, як қатор дастурҳои методӣ-таълимӣ, маҷмӯаҳои ашъор ва асарҳои дигар бо тарғиби ватану ватандорӣ аз ҷумлаи тадбирҳои арзишманди дар доираи иҷрои ин санад анҷомёфта маънидод шуд. 

Эмомалӣ Раҳмон, Сарвари давлат, ба Вазорати маориф дастур дод, ки то моҳи январи соли 2012 Барномаи давлатии тарбияи насли наврасро таҳия ва пешниҳод намоянд. Вазорату идораҳои дигари масъул низ вазифадор шуданд, ки дар тарбияи дурусти насли наврас саҳми арзандаи худро гузоранд.
Эмомалӣ Раҳмон, Президенти кишвар,  ба масъулон доир ба бартарафсозии норасоии омӯзгорон дар мактабҳо, бунёди муассисаҳои томактабӣ дар маҳалҳои аҳолинишини ҳамаи минтақаҳо, зиёд намудани мактабу боғчаҳои кӯдаконаи хусусӣ, бо далелҳои қотеъ фаҳмондани зарари телефонҳои мобилӣ, хусусан ба саломатии кӯдакону наврасон, супоришҳои мушаххас дод. 
Оид ба татбиқи Консепсияи сиёсати аграрии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки аз 31 декабри соли 2008 амал мекунад, Қосим Қосимов, вазири кишоварзӣ, ҳисобот дод.
Дар ҳисобот зикр гардид, ки барои татбиқи босамари консепсияи мазкур як қатор барномаҳои давлатӣ,  аз ҷумла доир ба рушди парандапарварӣ, занбӯриасалпарварӣ, зотпарварӣ, беҳгардонии ҳолати чарогоҳҳо, моҳипарварӣ, пахтакорӣ, тухмипарварӣ, боғутокпарварӣ ва ғайра қабул шуда, татбиқ мегарданд.
Эмомалӣ Раҳмон, Сарвари давлат, барои беҳдошти соҳа ва таъмини рушду тараққиёти бемайлони он дар назди масъулон доир ба таъсис додани хоҷагиҳои алтернативии хусусии тухмипарварӣ, ниҳолпарварӣ ва зотпарварӣ, таъмини хоҷагиҳо бо техника, барқарорсозии чоҳҳои обкашӣ, содироти маҳсулоти кишоварзӣ ва ҳамчунин тарғиби васеи парвариш, коркард ва истеъмоли ҷуворимакка дастуру ҳидоятҳо дод.
Ба Вазорати кишоварзӣ ва дигар вазорату идораҳои марбута ва ҳамчунин мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ дар маҳалҳо супориш дода шуд, ки барои ҷалби бештари сармояи дохилию хориҷӣ ба ин соҳа ва бунёди корхонаҳои коркарди маҳсулоти кишоварзӣ тадбирҳои судбахш андешида, амалӣ намоянд.
Бо қарори Ҳукумати кишвар Шӯрои амнияти озуқавории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис дода шуд, ки таҳти раёсати Сарвазири мамлакат ва бо узвияти роҳбарони вазорату идораҳои марбута фаъолият хоҳад кард.
Лоиҳаи ду қонун - "Дар бораи низоми мақомоти идоракунии давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон" ва "Дар бораи суғуртаи ҳатмии нафақавии касбӣ" ва ҳамчунин лоиҳаи як қатор қонунҳо доир ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба қонунҳои амалкунанда маъқул дониста шуда, ба баррасии Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод карда шуд. Тағйиру иловаҳо ба қонунҳо "Дар бораи таъмини нафақаи шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон", "Дар бораи вазъи ҳуқуқии шаҳрвандони хориҷӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон" ва "Дар бораи милитсия" пешниҳод гардид.
Бо қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои сохтмони манзили истиқоматӣ ба мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хоруғ ва ноҳияҳои Шуғнону Роштқалъаи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон барои беш аз 2 ҳазор оилаи ниёзманд қитъаҳои замини наздиҳавлигӣ ҷудо карда шуд.
Дар фароварди маҷлис Эмомалӣ Раҳмон, Сарвари давлат, таваҷҷӯҳи аҳли толорро ба омодагӣ ба моҳи шарифи Рамазон, иди саиди Фитр ва таҷлили солгарди 20-умини Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон ҷалб намуда, дар назди масъулон вазифаҳои мушаххас гузошт.
Эмомалӣ Раҳмон, Сарвари давлат, мардуми сарватманду саховатпешаро ба дастгирии оилаҳои камбизоат, ятимону бепарасторон, маъюбону барҷомондагон, мискинон ва дигар аҳолии ниёзманд ҳидоят карда, таъкид дошт, ки фитри рӯза ва хайру садақоти моҳи шарифи Рамазон ҳам бояд ба ҳамин гуна одамон дода шавад. Масъулони дахлдор вазифадор шуданд, ки дар айёми иду ҷашнҳои мазкур бозори истеъмолии кишварро бо маҳсулоти хушсифату арзон таъмин намоянд.
Эмомалӣ Раҳмон, Президенти кишвар,  ба Сардори Хадамоти алоқаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Бег Зуҳуров дастур дод, ки ба муносибати 20 -умин солгарди Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон то ҷашни Наврӯзи соли 2012 дар 1 миллион хонаҳои аҳолии кишвар, пеш аз ҳама хонаҳои оилаҳои  камбизоат, телефонҳои хонагӣ гузаронда, истифодаи як моҳи аввали онро ройгон пешкаш намоянд.


Баёни ақида (0)    Санаи нашр:    №:    Мутолиа карданд: 3741
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед