logo

энергетика

Фаъолияти ШСХК "Барқи тоҷик" роҳбарияти ширкатро низ қонеъ намесозад

- Дар шаш моҳи соли ҷорӣ нерӯгоҳҳои "Барқи тоҷик" беш аз 6,7  миллиард кВт.соат барқ истеҳсол намуданд. Ҷамъоварии маблағи фурӯши барқ дар қиёс ба ҳамин давраи соли гузашта 8,6  миллион сомонӣ зиёд шуда бошад ҳам, қарзи аҳолӣ нисбат ба аввали сол дар ҳаҷми 47,2 миллион сомонӣ афзудааст, - иттилоъ дод дар нишасти матбуотӣ Абдулло Ёров, раиси ШСХК "Барқи тоҷик".
Ба гуфти ӯ, дар ин давра дар ҳаҷми 26,0 миллион сомонӣ корҳои сохтмонӣ анҷом дода, дар доираи лоиҳаи "Сохтмони НБО-и хурд дар деҳоти Ҷумҳурии Тоҷикистон" нерӯгоҳҳои барқи обии "Ширкент" дар ноҳияи Турсунзода, "Хурмо" (Балҷувон), "Шашболоӣ" (Нуробод), "Фатҳобод" ( Тоҷикобод) ва "Сангикар" (Рашт) сохта ба истифода дода шуданд. Корҳои сохтмонӣ дар нерӯгоҳҳои "Кӯҳистон" ( 500 кВт), "Марзич" (4300 кВт), "Питавкул" (1104 кВт) ва "Тоҷ" (304 кВт) аз 91 то 99  дарсад иҷро шудаанд ва дар нимсолаи дуюми соли ҷорӣ ба анҷом хоҳанд расид.
Бо ҷалби маблағҳои худӣ ва инвеститсияҳои хориҷӣ дар нимсола  татбиқи лоиҳаи "Сохтмони гурӯҳи дуюми трансформаторҳои зеристгоҳи "Суғд-500 кВ" ба анҷом расид ва айни замон татбиқи лоиҳаҳои "Азнавсозии НБО-и Варзоб-1", "Хати интиқоли барқи шиддатнокиаш  220 кВ Хуҷанд-Айнӣ" ва зеристгоҳи "Айнӣ -220 кВ", навбати дуюми зеристгоҳи 220/35/10 кВ "Кӯлоб" идома доранд ва то охири сол ба истифода дода мешаванд.
Таҷҳизоти асосию ёрирасони нерӯгоҳҳо  ва шабакаҳои барқӣ ба маблағи 32,9 миллион сомонӣ таъмир карда шуданд, ки дар қиёси ҳамин давраи соли 2010  6,0 миллион сомонӣ зиёд мебошад.Танҳо барои модернизатсияи НБО-и Норак 4,6 миллион сомонӣ маблағи ширкат равона шудааст.
- Новобаста ба тадбирҳои андешидашуда натиҷаи фаъолияти ШСХК "Барқи тоҷик" дар нимсолаи аввали соли 2011 роҳбарияти ширкатро дар самти ҷамъоварии маблағҳои истифодашудаи барқ ва кам кардани қарзҳои дебиторӣ қонеъ намекунад ва муассиса дар нимсолаи дуюм беш аз пеш кӯшиш менамояд, ки камбудиҳои мавҷуда бартараф карда шаванд,- гуфт дар охир Абдулло Ёров.

Неъматуллоҳи  ЁРМУҲАММАД


Баёни ақида (0)    Санаи нашр:    №:    Мутолиа карданд: 3195
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед