logo

сафарҳо

Пазироии Эмомалӣ Раҳмон аз ҷониби Маҳмуди Аҳмадинажод

27 ноябр  дар  фурудгоҳи байналмилалии Меҳрободи шаҳри Теҳрон Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмонро, ки бо сафари дӯстона ба Ҷумҳурии Исломии Эрон омад, намояндагони воломақоми роҳбарияти ин давлати дӯст истиқбол гирифтанд.
Сафари дӯстонаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо мулоқоти расмии ӯ бо Президенти Ҷумҳурии Исломии Эрон Маҳмуди Аҳмадинажод оғоз ёфт.
Масоили ҷорӣ ва дурнамои муносибатҳои ҳамкории ду кишвар нахуст дар мулоқоти хоса ва сипас дар гуфтушунидҳои васеъ бо иштироки ҳайатҳои расмии ҳар ду ҷониб баррасӣ шуданд.
Эмомалӣ Раҳмон Ҷумҳурии Исломии Эронро шарики стратегии табиии Тоҷикистон арзёбӣ намуда, аз сатҳи робитаҳои гуногунҷанбаи ду кишвар, дар маҷмӯъ изҳори қаноатмандӣ намуд.
Ҳамзамон ба ин Сардори давлати Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон аз рушди ҳамкориҳои иқтисодии ду кишвар, аз ҷумла суръати сохтмони Нерӯгоҳи барқи обии «Сангтӯда-2», ки парчамбардори робитаҳои иқтисодии ду кишвар аст, изҳори норозигӣ кард. Тезондани корҳои ниҳоии сохтмони нақби Истиқлол, оғози сохтмони нақби Чормағзак, лоиҳакашии Нерӯгоҳи барқи обии Шӯроб низ аз амрҳои матлуб арзёбӣ гардид.
Мусоҳибон оид  ба бунёди хатҳои баландшиддати интиқоли нерӯи барқ ва роҳҳои оҳану мошингарди миёни Тоҷикистону Афғонистону Эрон ҳавасмандии худро бори дигар таъкид намуда,  изҳор доштанд, ки ба ин корҳо суръати бештар бахшида шавад.
Таъкид гардид, ки ба тасмимоти муштараки Тоҷикистону Афғонистону Эрон баҳри азхуднамоии захираҳои обию энергетикии минтақаи Осиёи Марказӣ ва бунёди роҳҳои оҳану мошингард ҳамчунин Қирғизистону Чин ва дигар кишварҳои манфиатдор метавонанд ҳамроҳ шаванд.
Қарор дода шуд, ки якчанд корхонаҳои муштарак дар Тоҷикистон сохта шаванд, аз ҷумла оид ба таъмири вагонҳо барои қатораҳои роҳи оҳан, филизгудозӣ, истеҳсоли фурӯзонакҳои каммасраф ва ғайра. Ҳамчунин тасмим гирифта шуд, ки дар Тоҷикистон як маркази муштараки илмию зилзиласанҷӣ ва як маркази бузурги савдо сохта шавад. Қарор шуд, ки сохторҳои дахлдори ду кишвар дар бунёд ва рушди минтақаҳои озоди иқтисодӣ ҳамкории наздик дошта бошанд.
Масоили густариши робитаҳои таҳсилотӣ ва илмию фарҳангӣ низ аз мавзӯъҳои асосии сӯҳбат буд.   
Дар мулоқот ҳамчунин атрофи ҳамгироиҳои муштарак дар чаҳорчӯби Созмони конфронси исломӣ ва дигар созмонҳои байналмилалию минтақавӣ гуфтугӯ сурат гирифт.
28 ноябр зимни сафари дӯстонаи худ ба Ҷумҳурии Исломии Эрон Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ҳамчунин бо вазири корҳои хориҷии ин кишвар Манучеҳри Муттакӣ, вазири дифоъ ва пуштибонӣ аз нерӯҳои мусаллаҳ Мустафо Муҳаммади Наҷҷор ва вазири нерӯ Парвизи Фаттоҳ низ мулоқотҳои судманд анҷом дода, тафсилоти ҳамкориҳои сиёсӣ, ҳарбӣ-техникӣ ва энергетикии ду кишварро мавриди баррасӣ қарор дод.
Дар фароварди сафар ҳамчунин ду санади нави ҳамкорӣ ба имзо расид: Баёнияи муштараки сарони ду давлат оид ба густариши муносибатҳои дуҷониба ва Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамлу нақл миёни Вазорати нақлиёт ва коммуникатсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати роҳу таробарии Ҷумҳурии Исломии Эрон.
Сарони ду давлат - Эмомалӣ Раҳмон ва Маҳмуди Аҳмадинажод барои доираи васеи хабарнигорони дохилию хориҷӣ нишасти матбуотӣ ороста, аз натиҷаҳои сафар ва мулоқотҳо изҳори қаноатмандию хушнудӣ карданд.
Сардори давлати Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон, аз ҷумла таъкид дошт: - «Натиҷаҳои ин сафарро метавон бештар аз натиҷаҳои як сафари давлатӣ  маънидод кард».
Ба иттилои сарони ду давлат, ҳар ду ҷониб тасмим гирифтаанд, ки баҳри сохтмони роҳи оҳани миёни Эрону Чин тавассути қаламрави Афғонистон, Тоҷикистон ва Қирғизистон ва ҳамчунин баҳрабардории муштарак аз захираҳои обию энергетикии минтақа мулоқотҳои сатҳи олии сеҷониба (Тоҷикистон-Афғонистон-Эрон) ва панҷҷониба ба роҳ бимонанд.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар чаҳорчӯби барномаи сафари дӯстонааш ба Ҷумҳурии Исломии Эрон ҳамчунин аз ширкати азими мошинсозии САЙПА дидан карда, бо иқтидорҳои истеҳсолии он ва имконоти ба роҳ мондани ҳамкории дуҷониба аз наздик шинос шуд.

Дар ин бора котиби матбуоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдуфаттоҳ Шарифзода телефонӣ аз шаҳри Теҳрони Ҷумҳурии Исломии  Эрон  иттилоъ дод.


Баёни ақида (0)    Санаи нашр:    №:    Мутолиа карданд: 5524
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед