барқияҳо
Барқияи ҳамдардии Эмомалӣ Раҳмон, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, ба унвони Виктор Янукович, Президенти Украина
30 июли соли равон Эмомалӣ Раҳмон, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, ба унвони Виктор Янукович, Президенти Украина, барқияи ҳамдардӣ ирсол намуд, ки дар он омадааст:
Виктор Фёдоровичи мӯҳтарам!
Ҳамдардии амиқи моро дар робита ба фоҷиае, ки ба сари ангиштканони вилоятҳои Луганск ва Донетски Украина омадааст, қабул фармоед.
Хоҳишмандам тасаллияти моро ба наздикон ва пайвандони фавтидагон расонед. Умедворем, ки шахсони бар асари ин фоҷиа зарардида ҳарчи зудтар шифо меёбанд.
Баёни ақида (0) Санаи нашр: №: Мутолиа карданд: 3831