маориф
Қабул аз тариқи квота чӣ бартарӣ дошт?
Ҷиҳати таъмини ноҳияҳои дурдасти кӯҳистони кишвар бо мутахассисон ва мусоидат ба таҳсили ҷавонони лаёқатманд аз оилаҳои камбизоат беш аз даҳ сол аст, ки ба мактабҳои олии кишвар тибқи квотаи президентӣ довталабон қабул мешаванд. Самари ин ибтикори дурандешонаи Сарвари давлат имрӯз дар аксари ноҳияҳои дурдаст ба чашм мерасад ва мушкили норасоии мутахассисон то ҳадде рафъ гаштааст.
Тибқи омори расмӣ, дар давоми даҳ соли охир дар ҷумҳурӣ наздики як миллион ҷойи нави кор таъсис ёфта, ҳамоно соҳаҳои маориф, тандурустӣ, кишоварзӣ, энергетика, саноати мошинсозию геологӣ ва роҳсозӣ ба мутахассисон эҳтиёҷ доранд. Ин аст, ки Эмомалӣ Раҳмон, Президенти мамлакат, дар Паёми имсолааш ба Маҷлиси Олӣ ба ин масъала таваҷҷӯҳи бештар зоҳир намуда, таъкид дошт, ки сатҳи таълиму тарбия дар муассисаҳои таълимӣ ва сифати омодасозии мутахассисон боло рафта, ба талаботи таҳсилот дар кишварҳои пешрафта ва бозори меҳнати ватаниву ҷаҳонӣ ҷавобгӯй бошад.
Ҳамасола мактабҳои олии кишвар ва хориҷиро аз вилояти Суғд садҳо нафар бо тахассусҳои гуногун хатм менамоянд. Вале дар қаламрави он норасоии табибон, омӯзгорон, муҳандисон бармало мушоҳида мегардад. Тавре ки Далил Тошматов, сардори раёсати тандурустии вилояти Суғд, иброз дошт, феълан шаҳру навоҳии вилоят ба 500 табиб ва 700 корманди миёнаи соҳаи тиб ниёз дорад.
Дар соҳаи энергетика ҳам камбуди мутахассисон ба мушоҳида мерасад. Аз ин хотир, омодасозии мутахассисони ҳирфаӣ дар риштаҳои энергетика, нақлиёт, маориф ва тандурустӣ аз ҳадафҳои асосии бо квотаи президентӣ ба таҳсилоти олӣ ҷалб намудани ҷавонони деҳот маҳсуб меёбад. Мувофиқи маълумоте, ки аз мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд дастрас кардем, солҳои 2001 - 2010 аз тариқи квотаи президентӣ ба мактабҳои олии кишвар аз вилояти Суғд 1960 нафар дохил шудааст. 80 дарсади онҳо дар ихтисоси риштаи омӯзгорӣ таҳсил кардаанд.
Мушоҳидаи ҷараёни қабули довталабон тибқи квотаи президентӣ аён месозад, ки дар шароити феълии кишвар зарурати чунин шакли ҷалби ҷавонон барои идомаи таҳсил дар мактабҳои олӣ қобили қабул аст. Имсол дар вилояти Суғд ҷиҳати таъмини шаффофияти қабул аз тариқи квотаи президентӣ ба макотиби олии шаҳрҳои Хуҷанду Душанбе шакли нави санҷиш ҷорӣ гардид. Дар 14 муассисаи таҳсилоти олии касбии кишвар 292 ҷой ҷудо гардид, ки аз ин 206 ҷой барои мактабҳои олии вилояти Суғд ва 86 ҷой барри мактабҳои олии шаҳри Душанбе мебошад.
Дар зинаи аввали интихоб теъдоди зиёди довталабон ба сифати қабул таъсири мусбат расонд.
- Ин гуна ширкати фаъоли довталабон бори нахуст ба мушоҳида расид,- мегӯяд Робия Холова, сардори шӯъбаи маорифи ноҳияи Мастчоҳ. Ба 17 ҷойе, ки барои ноҳия тибқи квотаи президентӣ пешниҳод шудааст, дар марҳилаи аввал ҳудуди 600 нафар талош кард.
- Дар даври аввал барои тибқи квота роҳ ёфтан ба мактабҳои олӣ 144 нафар аз ҳамаи ҷамоатҳои деҳот талош намуданд,-иброз дошт Мероҷиддин Амонов, сардори шӯъбаи маорифи ноҳияи Ашт,- аз инҳо 69 нафар баъди гузаштан аз санҷиш барои ширкат дар марҳилаи санҷиши асосӣ дар маркази вилоят роҳхат гирифтанд ва 22 нафар беҳтарини онҳо донишҷӯй шуданд.
Ба хотири таъмини шаффофияти қабул санҷишҳо дар ҳузури волидайн, омӯзгорони мактаб хаттӣ сурат гирифта, кори иҷронамудаи ҳар як довталаб ба волидайн ва омӯзгорони онҳо нишон дода шуд.
- Ман нафақахӯрам ва имкони иқтисодии ба ин ё он мактаби олии кишвар дохил намудани духтарамро надоштам,-мегӯяд Домуллобой Аҳроров, сокини деҳаи Қистакӯзи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров. -Фарзандам дар ин озмун бахташро санҷид ва дидам, ки ӯ дар қиёс бо дигар ҳамсолонаш дониши хуб доштааст. Ба факултаи математика ва физикаи Донишгоҳи давлатии Хуҷанд қабул шуд.
Малоҳат Домуллоева, сарвари мактаби таҳсилоти миёнаи рақами 5 - и ноҳияи Бобоҷон Ғафуров, мегӯяд, ки дар заминаи мактаб барои қабул ба Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон шӯъбаи тайёрӣ созмон дода, бо ин роҳ дар давоми панҷ соли охир 45 хонандае, ки аз курси омодагӣ гузаштанд, сазовори номи донишҷӯӣ гаштанд.
Аз Убайдулло Қурбонов, ректори Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон, барои омодасозии довталабони ба талаботи донишгоҳ ҷавобгӯй ба унвони мактаб сипоснома расид, ки ин моро ба корамон дилгарм намуд. Ҳоло хонандагон аз мактабҳои навоҳии Ғончӣ, Ашт, Ҷаббор Расулов, шаҳри Хуҷанд дар бахши тайёрии мактаби мо таҳсил мекунанд.
Маъракаи қабули имсола нишон дод, ки сатҳи дониши довталабони мактабҳои шаҳру ноҳияҳои Конибодом, Исфара, Ғончӣ, Зафаробод, Айниву Чкалов аз фанҳои дақиқ нисбат ба дигар нохияҳо хубтар аст. Аммо боиси нигаронист, ки теъдоди духтарони хоҳишманди таҳсил дар Донишгоҳи технологӣ кам буда, дар баъзе ихтисосҳо умуман довталаб набуд. Дигар довталабон - хатмкардаҳои мактабҳои ӯзбекии ноҳияҳои Ҷаббор Расулов, Спитамен, Ашт, ва шаҳри Табошар забони давлатиро намедонанд. Масъулини раёсати маорифи вилоят бояд сари ин масъала низ тадбири ҷиддӣ биандешанд.
Ҷовиди АШТӢ,
"Ҷумҳурият"
Баёни ақида (0) Санаи нашр: №: Мутолиа карданд: 6118