logo

маориф

Суғд: таътили бачаҳо хуш мегузарад

Дар фасли тобистон истироҳатгоҳҳои беруназшаҳрию  беруназмактабӣ, истироҳатию меҳнатӣ, варзишию солимгардонии вилояти Суғд наздики 140 ҳазор нафар кӯдаку наврасро дар бар гирифтанд, ки дар қиёс бо солҳои гузашта кам мебошад.
-Ин бесабаб нест,-иброз медорад Саидюсуф Афзалов, мудири шӯъбаи ҳифзи саломатии меҳнаткашони Федератсияи иттифоқҳои касабаи вилояти Суғд,- акнун  дар иртибот бо низоми иқтисоди бозорӣ, аҳли ҷомеа, пеш аз ҳама имконоти худро ба ҳисоб мегирад. Волидайн ҳам имрӯз қабл аз фарзандони худро ба ин ё он истироҳатгоҳ фиристодан ва дастрас намудани роҳхат аввал ҳисобу китоб мекунанд. Нархи роҳхат мисли соли гузашта гарон аст. Мутаассифона, роҳхати арзонтарин 280 сомонӣ мебошад.

Барои ташкил ва баргузории маъракаҳои солимгардонии кӯдакону наврасони вилоят аз тарафи Агентии давлатии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақаи аҳолии Вазорати меҳнат ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии ҷумҳурӣ 285 ҳазор сомонӣ ҷудо шудааст, ки феълан истифодаи мақсадноки он идома дорад. Натиҷаи тафтиши истироҳатгоҳҳо аз тарафи намояндагони Федератсияи иттифоқхои касабаи вилояти Суғд ва Агентии давлатии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақаи аҳолии Вазорати меҳнат ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии ҷумхурӣ бозгӯйи онанд, ки роҳхатҳо бо боваринома, борхат ва дархост расмӣ шуда, ба кумитаҳои ибтидоии иттифоқхои касабаи коргоҳҳои соҳавӣ тақсим шудаанд.
Дар мавсими имсола то оғози моҳи июл аз 21 истироҳатгоҳи беруназшаҳрӣ бо баҳонаҳои гуногун ҳамагӣ 10-тоаш фаъолият дошт. Тӯли ин моҳ баъди тармиму таъмир ва ислоҳи камбудиҳо боз 12 истироҳатгоҳи дигар ба фаъолият шурӯъ намуда, дар он зиёда аз 3 ҳазор нафар кӯдаку наврас фароғат дорад. Теъдоди истироҳаткунандагон дар моҳи август дувуним маротиба афзоиш хоҳад ёфт. Соли равон дар шаҳри Қайроққум фароғатгоҳи нави "Шабчароғ" ва дар мавзеи Деҳмойи ноҳияи Ҷаббор Расулов бо маблағгузории мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят истироҳатгоҳи замонавии дорои 240 кати хоб мавриди истифода қарор гирифт.
 - Сол ба сол шакл, усул ва шароити таътили наврасону хонандагон бояд ҷавобгӯйи талаботи рӯз бошад,-мегӯяд Саидбой Зокиров, раиси Федератсияи иттифоқҳои касабаи вилояти Суғд. - Ҳоло дар баробари беҳтар кардани шароити истироҳату машғулиятҳо ва таъмини ғизои хуб бештар ба солимӣ,чусту чолокии онҳо таваҷҷӯҳ менамоем. Инчунин ҷиҳати татбиқи дастуру супоришҳои Сарвари давлат оид ба ғамхорӣ дар ҳақи фарзандон аз оилаҳои камбизоат ва маъюбон дар фароғатгоҳҳои беруназшаҳрӣ гурӯҳҳои махсус  амал мекунанд. Имсол ба ибтикори Федератсияи иттифоқҳои касабаи вилоят дар ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ як истироҳатгоҳ ва дар деҳаи Ланглиф як толори варзишӣ ба истифода дода мешавад.
Мушоҳидаи ҷараёни кори фароғатгоҳҳои беруназшаҳрӣ нишон медиҳанд, ки сарфи назар аз баъзе мушкилот фароғати кӯдакону наврасон хуб ба роҳ монда шудааст. Дар мавзеи Овчи қалъачаи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров фароғатгоҳи маркази солимгардонии "Суғд" воқеъ аст. Дар он кӯдакону наврасон қариб аз ҳамаи шаҳру навоҳии вилоят ва минтақаҳои ҷануби кишвар истироҳат мекунанд.
 - Дар се давр имкони қабули 350 нафар истироҳаткунандаро дорем,- мегӯяд Мирзофарҳод Холмирзоев, сардори маркази солимгардонии "Суғд". - Худ дидед, ки чӣ дигаргуниҳои куллӣ ба назар мерасанд. Дар даври аввал 220 хонанда ҳам истироҳат ва ҳам саломатии худро барқарор намуд.
Далер Маъруфов, хонандаи гимназияи рақами 1-и шаҳри Хуҷанд, бори сеюм аст, ки дар ин марказ таътили тобистонаи худро мегузаронад ва аз шароити истироҳат қаноатманд аст.
- Дар ин ҷо шароити хуби истироҳат фароҳам буда, барномаи ҳаррӯзаи фароғати мо рангин аст. Аз мактабҳои шаҳру ноҳияҳои вилоят дӯстони зиёде пайдо кардам, - мегӯяд ӯ.
 Сорбон Кабиров дар озмуни "Шоҳи истироҳатгоҳ" ғолиб омадааст. - Барои Шоҳ шудан кадом шартҳоро иҷро кардӣ? - пурсидам аз ӯ.
 - Шартҳо бисёранд, бояд ҳам шеърро хуб қироат кунию ҳам дар васфи Ватан суруд донӣ, ҳозирҷавоб ва ҷисман фаъол бошӣ. Аз ӯҳдаи ин шартҳо баромадам. Фароғатгоҳ барои имконоти ақлию зеҳнии худро нишон додан ҷои хуб аст, - посух гуфт Сорбон.
Ба хонандаи синфи сеюм Зайнура Мадхалилова, аз деҳаи Булоқи ноҳияи Ашт, истироҳат дар ин ҷо писанд омада, мехоҳад соли дигар боз ояд. Миёни ҳамсолонаш ӯ "Маликаи истироҳатгоҳ" дониста шуд.
Умед аст, ки дар оянда бо дастгирии мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар ҳамаи шаҳру ноҳияҳои вилоят истироҳатгоҳҳои мавсимию доимоамалкунанда хубтар фаъолият намуда, дар мавсими таътили тобистона ҳар чи зиёдтар кӯдакону наврасонро ҷалб созанд. Зеро ҳар кӯдаку наврас фароғат дар истироҳатгоҳро олами афсонавие тасаввур мекунад ва шавқманди дидани ин дунёст.

Ҷовиди АШТӢ,
"Ҷумҳурият"


Баёни ақида (0)    Санаи нашр:    №:    Мутолиа карданд: 5744
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед