logo

фармонҳои президент

Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи тадбирҳои тақвият додани сатҳи ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ ва зиёд намудани маоши амалкунандаи вазифавии кормандони муассисаю ташкилотҳои буҷетӣ, андозаи нафақа ва стипендия" Бо мақсади беҳтар намудани вазъи моддии аҳолӣ ва баланд бардоштани сатҳи ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, мутобиқи моддаи 103 Кодекси меҳнати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва моддаи 16 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи таъмини нафақаи шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон" фармон медиҳам:...

1) Аз 1 сентябри соли 2011:
- музди меҳнати директорони институтҳо, пажӯҳишгоҳҳо ва дигар муассисаҳои Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, Академияи илмҳои кишоварзии Тоҷикистон, Академияи таҳсилоти Тоҷикистон ва Академияи илмҳои тибби назди Вазорати тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба андозаи 3,3 маротиба ва музди меҳнати кормандони онҳо,  Консерваторияи миллии Тоҷикистон ба номи Талабхӯҷа Сатторов ба андозаи 100 фоиз зиёд карда шавад;
- музди меҳнати кормандони раёсатҳои Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, Академияи илмҳои кишоварзии Тоҷикистон, Академияи таҳсилоти Тоҷикистон, Академияи илмҳои тибби назди Вазорати тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва кормандони дигар муассисаҳои илмии соҳавӣ ба андозаи 30 фоиз зиёд карда шавад;
- музди меҳнати кормандони соҳаи тандурустӣ, ки аз ҳисоби буҷети давлатӣ маблағгузорӣ мешаванд, ба андозаи 40 фоиз зиёд ва андозаи маоши заминавӣ барои ҳисоб намудани маоши вазифавии кормандони соҳаи тандурустӣ ба маблағи 112 сомонӣ муқаррар карда шавад;
- маоши вазифавии кормандони ташкилоту муассисаҳои соҳаҳои  ҳифзи иҷтимоӣ ва фарҳанг, ки аз буҷети давлатӣ маблағгузорӣ мешаванд, ба андозаи 40 фоиз зиёд карда шавад;
- музди меҳнати кормандони Иттифоқи композиторони Тоҷикистон ба музди меҳнати Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон баробар карда шавад;
- маоши вазифавии кормандони ташкилоту муассисаҳои соҳаи  маориф, ки аз Буҷети давлатӣ маблағгузорӣ мешаванд, ба андозаи 30 фоиз зиёд карда шавад;
- маоши моҳонаи вазифавии раисон, муовинони раис ва судяҳои судҳои Вилояти Мухтори  Кӯҳистони  Бадахшон, вилоятҳо, шаҳри Душанбе, судҳои иқтисодӣ ва судҳои ҳарбии Вилояти Мухтори  Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳо ва шаҳри Душанбе, судҳои шаҳрҳо, ноҳияҳо ба андозаи 100 фоиз зиёд карда шавад;
- маоши моҳонаи вазифавии раисон, муовинон ва судяҳои Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва музди меҳнати моҳонаи вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон  ба андозаи 50 фоиз зиёд карда шавад; 
- андозаи маоши заминавӣ ҳамчун асоси коэффитсиентҳои тарифӣ барои мақомоти идораи давлатӣ, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ва мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот дар ҳаҷми 350 сомонӣ муқаррар карда шавад;
- маоши вазифавӣ ва ставкаҳои тарифии кормандони дигар муассисаҳо ва ташкилотҳое, ки аз буҷети давлатӣ маблағгузорӣ карда мешаванд (ба ғайр аз сархатҳои якум, дуюм, сеюм, чорум, панҷум, шашум, ҳафтум, ҳаштум, нӯҳум ва даҳуми  банди 1 Фармони мазкур), ба андозаи 30 фоиз зиёд карда шавад;
- музди меҳнате, ки бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 31 марти соли 2003, №119 барои кормандони марказҳои (гурӯҳҳои) татбиқи лоиҳаҳои сармоягузории давлатии бо ташкилотҳои байналмилалии молиявӣ амалишаванда муайян гардидааст, дар доираи маблағҳои барои нигоҳдории онҳо пешбинишуда  ба андозаи 25 фоиз зиёд карда шавад;
- нафақаи меҳнатӣ ва иҷтимоии нафақахӯрон ба андозаи 25 фоизи ҳадди ақали нафақаи муқарраргардида зиёд карда шавад;
- андозаи амалкунандаи стипендияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва стипендияи аспирантҳо ва донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти олӣ ва миёнаи касбӣ (ба ғайр аз курсантҳои Донишгоҳҳои олии ҳарбӣ ва Академияи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон) 40 фоиз зиёд карда шавад.
2) Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ:
- дар амал татбиқ намудани Фармони мазкурро дар соли 2011 аз ҳисоби маблағҳои дар Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои фонди музди меҳнат ва таъминоти нафақа пешбинишуда, аз ҳисоби маблағҳои бақияи озод ва иҷрои барзиёдии даромади буҷетҳои маҳаллӣ ва аз ҳисоби сарфаи дигар моддаҳои хароҷотӣ ва маблағҳои махсуси муассисаҳо ва ташкилотҳои буҷетӣ  таъмин намоянд;
- дар мӯҳлати се моҳ доир ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон таклиф пешниҳод карда, қарорҳои дахлдори худро бо Фармони мазкур мутобиқ намоянд;
- ҳисобкунии музди миёнаи меҳнат барои пардохти рухсатиҳои меҳнатӣ, кӯмакпулӣ дар вақти аз кор рафтан, кӯмакпулӣ барои корношоямии муваққатӣ ва дигар ҳолатҳое, ки ба пардохти музди миёнаи меҳнат алоқаманданд (ба ғайр аз нафақа), мувофиқи қоидаҳои ҳисобкунии музди миёнаи меҳнат барои пардохти рухсатиҳои меҳнатӣ, кӯмакпулӣ дар вақти аз кор рафтан, кӯмакпулӣ барои корношоямии муваққатӣ ва дигар ҳолатҳое, ки ба пардохти музди миёнаи меҳнат алоқаманданд, ки бо Қарори  Ҳукумати  Ҷумҳурии  Тоҷикистон аз 1 июни соли 2007, № 313 тасдиқ шудааст, анҷом дода шаванд. 


Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон                         Эмомалӣ РАҲМОН

 ш. Душанбе, 2 августи соли 2011, № 1126

 

Тавзеҳот
ба Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
аз 2 августи соли 2011 "Дар бораи тадбирҳои тақвият додани сатҳи ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ ва зиёд намудани маоши амалкунандаи
 вазифавии кормандони муассисаю ташкилотҳои буҷетӣ, андозаи нафақаҳо ва стипендия"
Фармони мазкур барои иҷрои дастуру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мӯҳтарам ҷаноби Олӣ Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми худ ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 20 апрели соли 2011 баён намудаанд ва дар доираи барномаи ислоҳоти иқтисодӣ нигаронида шудааст.
Мутобиқи банди 1 Фармони мазкур марҳилаи нави зиёдшавии музди меҳнат, нафақаҳо ва стипендия аз 1 сентябри соли 2011 амалӣ карда мешавад, аз ҷумла:
- музди меҳнати директорони институтҳо, пажӯҳишгоҳҳо ва дигар муассисаҳои Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, Академияи илмҳои кишоварзии Тоҷикистон, Академияи таҳсилоти Тоҷикистон ва Академияи илмҳои тиббӣ назди Вазорати тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба андозаи 3,3 маротиба ва музди меҳнати кормандони онҳо,  Консерваторияи миллии Тоҷикистон ба номи Талабхӯҷа Сатторов ба андозаи 100 фоиз зиёд карда мешавад;
- музди меҳнати кормандони Раёсатҳои Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, Академияи илмҳои кишоварзии Тоҷикистон, Академияи таҳсилоти Тоҷикистон, Академияи илмҳои тиббӣ назди Вазорати тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва кормандони дигар муассисаҳои илмии соҳавӣ ба андозаи 30 фоиз зиёд карда мешавад;
- музди меҳнати кормандони соҳаи тандурустӣ, ташкилоту муассисаҳои соҳаҳои  ҳифзи иҷтимоӣ ва фарҳанг, ки аз Буҷети давлатӣ маблағгузорӣ мешаванд, ба андозаи 40 фоиз зиёд карда мешаванд. Музди меҳнати кормандони соҳаи тиб аз рӯи Дастурамали оиди пардохти музди меҳнати соҳаи тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ гардида, андозаи маоши заминавӣ барои ҳисоб намудани маоши вазифавии кормандон, ки то имрӯз 80 сомонӣ мебошад, ба андозаи 112 сомонӣ муқаррар карда мешавад;
-маоши вазифавии кормандони ташкилоту муассисаҳои соҳаи маориф ва дигар соҳаҳои аз Буҷети давлатӣ маблағгузоришаванда, ба андозаи 30 фоиз зиёд карда мешаванд;
- маоши моҳонаи вазифавии раисон, муовинон ва судяҳои судҳои Вилояти Мухтори  Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳо, шаҳри Душанбе, иқтисодии Вилояти Мухтори  Кӯҳистони  Бадахшон, вилоятҳо, шаҳри Душанбе ва шаҳрҳо, ноҳияҳо ба андозаи 100 фоиз, раисон, муовинон ва Судяҳои Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва музди меҳнати моҳонаи Вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон  ба андозаи 50 фоиз зиёд карда мешаванд; 
- музди меҳнати хизматчиёни давлатӣ, маошҳои вазифавии (меъёрҳои тарифӣ) кормандони прокурорӣ-прокурорҳо ва муфаттишони мақомоти прокуратура, хизматчиёни ҳарбӣ, ҳайати шахсии қаторӣ ва роҳбарикунандаи мақомоти корҳои дохилӣ ва кормандони дигар мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва маош барои рутбаи ҳарбӣ (махсус) аз рӯи ҷадвалҳои тарифии музди меҳнат, ки бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ гардидаанд, аз нав ҳисобӣ ва зиёд карда мешаванд. Бояд қайд кард, ки ҷадвали ягонаи тарифӣ аз 1 октябри соли 2010 дар 5 вазорату идораҳои таҷрибавӣ амалӣ гардида буд ва аз  1 сентябри соли ҷорӣ дар ҳамаи сатҳи мақомоти хизматчиёни давлатии маъмурӣ амалӣ мегардад.
Дар ҷадвали ягонаи тарифӣ аз тарафи вертикалӣ ҳашт категорияи мансабҳои маъмурӣ бо фарқияти байни ҳар як мансаб 22 фоиз, аз тарафи горизонталӣ иборат аз 14 қадам, бо фарқияти байни ҳар як қадам 5 фоиз ва истифодаи он барои ҳар як мақомоти идораи давлатии дахлдор аз 5 қадам аз рӯи собиқаи хизмати давлатӣ пешбинӣ шудааст;
- музди меҳнате, ки барои кормандони Марказҳои (гурӯҳҳои) татбиқи лоиҳаҳои сармоягузории давлатии бо ташкилотҳои байналмилалии молиявӣ амалишаванда тибқи қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 31 марти соли 2003 №119 тасдиқ гардидааст, дар доираи маблағҳои барои нигоҳдории онҳо пешбинишуда ба андозаи 25 фоиз зиёд карда мешавад;
- ҳамаи намудҳои нафақаҳои меҳнатӣ ва иҷтимоӣ ба андозаи 25 фоизи нафақаи ҳадди ақал, яъне ба маблағи 20 сомонӣ, зиёд карда мешавад;
- андозаи амалкунандаи стипендияҳои Президенти ҷумҳурии Тоҷикистон ва стипендияҳои аспирантҳо ва донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти олӣ ва миёнаи касбӣ ба андозаи 40 фоиз зиёд карда мешавад.
Ҷиҳати амалӣ намудани Фармони мазкур аз 1 сентябри соли 2011 барои музди меҳнати кормандони соҳаҳои буҷетӣ 194,1 млн. сомонӣ, барои пардохти стипендияҳои Президентӣ ва стипендияҳои давлатӣ 2,5 млн. сомонӣ ва барои пардохти ҳамаи намудҳои нафақа 46,3 млн. сомонӣ, ҷамъ 242,9 млн. сомонӣ маблағи иловагӣ зарур мебошад, ки он бояд аз ҳисоби маблағҳои барои ислоҳоти музди меҳнат, таъминоти нафақа дар соли 2011 пешбинишуда ва аз ҳисоби маблағҳои бақияи озод,  иҷроиши барзиёди даромади буҷетҳои маҳаллӣ ва аз ҳисоби сарфаи дигар моддаҳои хароҷотӣ ва маблағҳои махсуси  муассисаҳою ташкилотҳои буҷетӣ таъмин карда мешавад.


Баёни ақида (0)    Санаи нашр:    №:    Мутолиа карданд: 3064
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед