фармонҳои президент
Фармони
Президенти Ҷумҳурии
Тоҷикистон
Дар бораи даъват намудани
иҷлосияи якуми ғайринавбатии
Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии
Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати чорум
Мутобиқи моддаи 52 Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон фармон медиҳам:
Иҷлосияи якуми ғайринавбатии Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати чорум 19 августи соли 2011 дар шаҳри Душанбе даъват карда шавад.
Ба баррасии иҷлосияи якуми ғайринавбатии Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати чорум лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи авф" пешниҳод карда шавад.
Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ РАҲМОН
ш. Душанбе,
2 августи соли 2011, № 1122
Баёни ақида (0) Санаи нашр: №: Мутолиа карданд: 2445