logo

суханрониҳо

Суханронии Эмомалӣ Раҳмон, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар мулоқот бо сокинони ноҳияи Исфара, 4 августи соли 2011

Ҳозирини  мӯҳтарам!
Ҳамдиёрони гиромӣ!

Баъди чанд рӯз мардуми шарифу сарбаланди Тоҷикистон  бистсолагии истиқлолияти давлатии кишвари азизамон - муқаддастарин дастоварди таърихи навини худро бо шукӯҳу шаҳомати хоса таҷлил менамоянд. Сокинони заҳматпешаи вилояти Суғд мисли тамоми ҳамватанони худ бо тамоми ҳастӣ дарк менамоянд, ки истиқлолият бузургтарин неъмати ҳастӣ, шарти асоситарини давлатдории мустақил, шарафу номуси ватандорӣ, кафолати хонаи обод ва нерӯи таконбахши ҳамаи ҷабҳаҳои ҳаёти давлат ва ҷомеа мебошад.
 Мо рӯҳияи идона ва азми қавии мардуми вилоятро ду рӯз аст, ки хуб мушоҳида мекунем. Бо истифода аз фурсати муносиб ҳамаи шумо - ҳозирини гиромӣ ва кулли сокинони чашмикордону меҳмоннавози ноҳияи Исфараро ба ифтихори ҷашни муқаддаси бистумин солгарди истиқлолияти давлатии Тоҷикистон самимона табрик гуфта, бароятон саломативу  саодатмандӣ, рӯзгори орому осуда, хонаи ободу дастурхони фаровон ва сарбаландиву сарфарозиҳо  орзу менамоям.
 Имрӯзҳо дар саросари кишвар корҳои созандагиву бунёдкорӣ идома дошта, ба истиқболи ин ҷашни бузург садҳо иншооти гуногун сохта шуда, мавриди баҳрабардории мардум қарор гирифта истодаанд.
 Дастовардҳои иҷтимоиву иқтисодии кишвар ин натиҷаи меҳнату заҳмати сокинони ҳар як шаҳру ноҳияи мамлакат мебошад. Бо вуҷуди мушкилоту монеаҳои зиёд, мардуми шарифи мо тавонистанд, ки дар замони истиқлолият ба пешрафти тамоми соҳаҳои ҳаёт ноил гарданд.
 Соҳаҳои иқтисодиву иҷтимоии шаҳри Исфара дар даврони соҳибистиқлолии давлат дар баробари дигар шаҳру навоҳии кишвар ба таври назаррас тараққӣ карданд.
 Аз соли 1995 то инҷониб  аз ҳамаи манбаъҳои маблағгузориҳои буҷети давлатӣ  барои тараққиёти шаҳри Исфара беш аз 160 миллион сомонӣ ҷудо карда шудааст, ки он барои рушди соҳаҳои ҳифзи иҷтимоӣ,  сохтмони иншоот, роҳҳо ва  дастгирии буҷети шаҳр  равона гардидааст.
 Имрӯз дар қаламрави шаҳри Исфара  11 лоиҳаи сармоягузорӣ ба маблағи қариб 19 миллион сомонӣ амалӣ шуда истодааст, ки асосан барои ҳалли масъалаҳои иҷтимоӣ, паст кардани сатҳи камбизоатӣ, таъсиси хоҷагиҳои деҳқонӣ, таҳким ва рушди инфраструктураи гумрук, баланд бардоштани дастрасӣ ба хизматрасониҳои тиббӣ ва рушди деҳот равона карда шудааст.
 Дар баробари ин, тибқи созишномаҳои нави сармоягузорӣ, дар соли оянда дар ҳудуди шаҳри Исфара татбиқи боз як лоиҳа оид ба беҳтар намудани обтаъминкунии аҳолӣ ба маблағи умумии беш аз 15 миллион сомонӣ оғоз мегардад.
 Дар ин давра дар шаҳри Исфара дар самти рушди фаъолияти бонкҳо ва ташкилотҳои қарзӣ низ пешравиҳои зиёд ба назар мерасанд. Айни замон қариб ҳамаи ташкилотҳои бонкии  кишвар аз рӯи тамоми намудҳои амалиёти бонкӣ ба аҳолии шаҳр доир ба пардохти маблағҳои аз хориҷи   кишвар интиқолшаванда, хизматрасонии корхонаҳои саноатӣ ва хоҷагиҳои деҳқонӣ, додани нафақа  ва пешниҳоди қарзҳои гуногун барои хоҷагиҳои деҳқонӣ ҷиҳати  истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ ва  дастгирии соҳибкории хурду миёна хизмат мерасонанд.  
 Тибқи супориши Ҳукумати мамлакат барои рушди иҷтимоиву иқтисодии маҳалҳои дурдасти кӯҳистон дар Исфара низ раванди қарздиҳии хурд бомаром афзоиш ёфта, аз 3,7 миллион сомонӣ дар соли 2005 то 26 миллион сомонӣ дар соли 2010  зиёд шудааст ва ин нишондиҳанда ҳоло ба 30 миллион сомонӣ баробар гардидааст.
 Дар баробари ин, Ҳукумати мамлакат бо мақсади дастгирӣ ва рушди соҳибкорӣ ислоҳоти амиқи иқтисодиро амалӣ намуда, заминаи мусоиди меъёрии ҳуқуқии онро фароҳам овардааст, ки дар натиҷа соҳибкорӣ дар шаҳри Исфара рушд намуда, дар заминаи таҷдиди собиқ 12 хоҷагии давлативу коллективӣ беш аз 600 хоҷагии деҳқониву оилавӣ фаъолият намуда истодааст.
Ҳамин тавр, ҳоло дар ноҳия беш аз  3 ҳазор субъекти хурду бузурги соҳибкорӣ фаъолият дорад.
 Дар ноҳия дар давоми солҳои истиқлолият майдони боғу токзор ба масоҳати 1400 гектар зиёд шуда, ҳамасола истеҳсол ва содироти бефосилаи меваи хушк ба хориҷи кишвар таъмин шуда истодааст. Агар дар соли 2010 аз шаҳри Исфара наздик 38 ҳазор тонна мева ва маҳсулоти коркарди он содир шуда бошад, пас танҳо дар нимсолаи аввали соли ҷорӣ аз шаҳри Исфара зиёда аз 20 ҳазор тонна меваҳои гуногун, аз ҷумла зардолуву меваҳои хушк, ба маблағи 38 миллион сомонӣ ба хориҷи кишвар бароварда шудааст, ки ин қариб 60 фоизи содироти меваи вилоятро ташкил медиҳад.
 Деҳқонони Исфара дар кишвар ва берун аз он бо таҷрибаи зиёди боғу токпарварӣ ва сабзавоткорӣ шӯҳрати хоса дошта, имрӯз мактаби таҷрибаи пешқадам барои дигар ноҳияҳои мамлакат гардидаанд.
Дар баробари боғпарварӣ минбаъд зарур аст, ки ба картошкапарварӣ ва таъмини хоҷагиҳои дигар бо тухмии хушсифати зироатҳо низ аҳамияти махсус дода шавад.
Дар ин самт коркарди пурраи ҳосили рӯёнидашуда, ки ҷавобгӯи талаботи байналмилалӣ мебошад ва муаррифии сазовори онҳо ҳамчун моли кишвари Тоҷикистон зарур аст. Дар натиҷа содироти бонизоми он афзоиш ёфта, ҳазорҳо ҷойи нави корӣ ташкил мегардад, ки ин, албатта, боиси болоравии сатҳу сифати зиндагии мардум мегардад.
 Дар давоми солҳои истиқлолият нишондиҳандаҳои иҷтимоиву иқтисодии ноҳия бемайлон афзоиш ёфта, истеҳсоли ғалла 2,3 баробар, картошка 1,2 баробар ва полезиҳо, ки қаблан қариб вуҷуд надошт, то 690 тонна расида, инчунин чорводорӣ ва парандапарварӣ низ ба таври назаррас тараққӣ кардааст.
 Дар доираи барномаи давлатии рушди соҳаи боғу токпарварӣ барои солҳои 2010-2014 беш аз 214 гектар боғҳои нав бунёд ва 145 гектар боғҳои кӯҳна барқарор карда шудаанд. Ҳоло майдони умумии боғу токзори шаҳри Исфара қариб 9 ҳазор гектар мебошад. Бинобар иқлими мусоиди Исфара  барои боғу токпарварӣ кишоварзону мутахассисонро зарур аст, ки ҷиҳати ба даст овардани нишондиҳандаҳои боз ҳам баландтари соҳа ҳамаҷониба чораҷӯӣ намуда, нигоҳубин ва самаранокии боғу токзорҳои мавҷударо таъмин намоянд.
 Маҳз дар замони истиқлолият дар Исфара қариб 3 ҳазор гектар заминҳои нав азхуд гардида, дар майдони 1675 гектар боғҳои нав бунёд карда шудаанд.
 Ҳанӯз соли 1992 бунёди пойгоҳи обкашии "Моҳпарӣ" барои азхудкунии заминҳои бекорхобидаи мавзеи Моҳпарӣ дар масоҳати беш аз 2 ҳазор гектар оғоз ёфта, бо дастгирии Ҳукумати мамлакат ҳоло он  ба як мавзеи ободи зисти аҳолӣ ва манбаи ҳосили фаровону шаҳдбори зардолу мубаддал гардидааст.
 Танҳо дар давоми даҳ соли охир барои обёрӣ намудани ин мавзеъ қариб 600 ҳазор сомонӣ маблағҳои буҷетӣ азхуд шуда, барои барқарорсозии истгоҳҳои обкашии он азхудкунии боз 300 ҳазор сомонӣ аз ҳисоби маблағҳои марказонидашудаи соҳаи мелиоратсия идома дорад.
Вобаста ба ин, таъкид месозам, ки таҷрибаи пешқадами деҳқонони асили як қатор ҷамоатҳои деҳоти ноҳия дар бобати азхудкунӣ ва ба боғу киштзор табдил додани заминҳои бекорхобидаи санглох шоёни дастгирӣ ва намунаи истифодаи самараноки замин мебошад.
 Дар давоми солҳои истиқлолият Ҳукумати мамлакат ҳалли масъалаҳои иҷтимоии аҳолӣ ва баланд бардоштани сатҳи зиндагии шаҳрвандони кишварро ҳамеша дар мадди аввал мегузорад. Ба ин мақсад дар ин давра дар мавзеъҳои Бинокору Сомониён ва як қатор маҳаллаҳои ҳудуди шаҳр, инчунин дар як қатор ҷамоатҳои деҳот оилаҳои ҷавону эҳтиёҷманд бо қитъаҳои замин барои сохтмони манзилҳои истиқоматӣ таъмин гардида, танҳо дар соли 2010 тибқи қарори Ҳукумати Тоҷикистон барои қариб 6 ҳазор оила ё ба таври дигар, барои беш аз 40 ҳазор нафар сокини шаҳру деҳоти Исфара   657 гектар замин ҷудо карда шуд.
То имрӯз беш аз 2 ҳазор оилаҳои эҳтиёҷманд бо қитъаҳои замини наздиҳавлигӣ таъмин гардида, тақсимоти замини наздиҳавлигӣ бо ҷалби комиссияҳои ҷамъиятӣ идома дорад.
Дар робита ба ин, мехоҳам хотирррасон намоям, ки ҳадаф аз ташкили комиссияҳои ҷамъиятӣ тақсимоти одилонаи заминҳои наздиҳавлигӣ ба шахсони воқеан эҳтиёҷманд мебошад ва шахсони масъул, инчунин комиссияҳои ҷамъиятӣ бояд масъулияти ба онҳо вогузоршударо софдилона ва боадолатона иҷро намоянд.
Ҳозирини гиромӣ!
Бо дарназардошти он ки Исфара яке аз ноҳияҳои асосии саноатии кишвар мебошад, инчунин бо дарки амиқи мақоми саноат дар рушди иқтисодиву иҷтимоии мамлакат, Ҳукумати Тоҷикистон аз солҳои аввали истиқлолият ба фаъолияти мунтазами корхонаҳои саноатии кишвар, аз ҷумла корхонаҳои саноатии шаҳри Исфара таваҷҷӯҳи махсус зоҳир намуда, ҷиҳати эҳё намудану тараққӣ додан ва дигаргунсозии истеҳсолоти ватанӣ пайваста чораҷӯӣ намуда истодааст.
 Дар натиҷа, аз соли 2001 инҷониб суръати пастравии истеҳсолоти саноатии ноҳия боздошта шуда, ҳоло дар корхонаи "Тамохуш" истеҳсоли маҳсулоти пурқимати саноатии молибден, никел ва хатти коркарди ваннадий барқарор ва дар заминаи иқтидорҳои мавҷудаи корхонаи "Химзавод" якчанд истеҳсолоти нав  ба роҳ монда шуд. Ҳамзамон бо ин, дар корхонаи "Ангишт" технологияи коркарди брикет аз хокаи ангишт ва дар заминаи корхонаи "Чароғ" истеҳсоли чароғҳои каммасрафи "Ориённур" бо тарҳу намудҳои гуногун ташкил карда шудааст. Ғайр аз корхонаҳои  мавҷуда боз 5 корхонаи коркарди меваю сабзавот ва корхонаи сементбарорӣ ба фаъолият оғоз намуданд.
Агар дар соли 1990 дар шаҳри Исфара 17 корхонаи саноатӣ фаъолият дошта бошад, пас дар замони истиқлолият  23 корхонаи нави хурду калон сохта шудаанд. Ҳоло дар шаҳри Исфара  38 корхона, аз ҷумла, 20 корхонаи калон ва 18 корхонаи хурд фаъолият доранд.
 Илова бар ин, Ҳукумати мамлакат ҷиҳати афзун намудани истихроҷу коркарди нафту газ ва таъмини ҳарчи бештари талаботи иқтисодии кишвар бо сӯзишвории ватанӣ  фаъолияти корхонаи "Петролеум Суғд"-ро ба роҳ мондааст. Ҳоло дар ҳудуди майдони  Маҳрам қариб 60 фоизи корҳои чоҳкобиву  пармакунӣ иҷро шудааст.
 Соли ҷорӣ барои идомаи корҳои пармакунӣ аз  буҷети давлатӣ 3,5 миллион сомонӣ ҷудо гардидааст ва умед аст, ки иктишофу истихроҷи захираҳои саноатии нафту гази ин майдон боиси рушди минбаъдаи иҷтимоиву иқтисодии  Исфара хоҳад шуд.
 Умуман, истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ дар шаҳри Исфара дар давоми 10 соли охир беш аз 3 маротиба афзоиш ёфтааст. Ғайр аз ин, дар замони истиқлолият ба соҳаи сохтмони ноҳия аз ҳисоби ҳамаи сарчашмаҳо қариб 100 миллион сомонӣ маблағҳои асосӣ равона гардида, ба маблағи беш аз 50 миллион сомонӣ фондҳои асосӣ ба кор дароварда шудаанд.
 Маҳз, амалишавии барномаҳои рушди иҷтимоиву иқтисодии мамлакат имконият фароҳам овард, ки дар замони истиқлолияти давлатӣ дар ноҳияи Исфара қариб 20 ҳазор ҷойҳои нави корӣ ташкил карда шуда, танҳо тавассути мақомоти давлатии шуғли аҳолӣ беш аз 7 ҳазор нафар корҷӯён бо ҷойи кор таъмин карда шудаанд.
Мақсади асосии татбиқи чорабиниҳо доир ба рушди саноати Исфара таъмини истифодаи пурраи иқтидорҳои мавҷуда, тағйири сохтори истеҳсолии корхонаҳои саноатӣ, ташкили корхонаҳои нав, аз ҷумла, корхонаҳои истеҳсоли маҳсулоти бинокорӣ, коркарди пурраи маҳсулоти кишоварзӣ ва дар ин замина таъмин намудани рушди соҳаҳои иҷтимоӣ ва фароҳам овардани ҷойҳои нави корӣ мебошад.
Аз ин рӯ, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр ва вазорату идораҳои дахлдорро зарур аст, ки ҷиҳати пурра ба кор даровардани ҳамаи корхонаҳои саноатӣ ва истифодаи ҳарчи васеи имконияту иқтидорҳои мавҷуда мунтазам чораҷӯӣ намоянд.
 Ҳамзамон бо ин, Ҳукумати мамлакат ҷиҳати расидан ба истиқлолияти энергетикии кишвар дар баробари сохтмони иншооти бузургу миёнаи энергетикӣ Барномаи дарозмуддати бунёди силсилаи нерӯгоҳҳои барқи обии хурд барои солҳои 2009-2020 -ро амалӣ намуда истодааст. Дар доираи ин барнома бунёди нерӯгоҳҳои хурди барқи обӣ дар деҳаҳои Ворух ва Чилгазӣ дар давоми солҳои  2012-2015 ба маблағи умумии беш аз   9 миллион сомонӣ ба нақша гирифта шудааст, ки ҳоло корҳои лоиҳакашии онҳо амалӣ шуда истодаанд.
Дӯстони азиз!
Дар давраи истиқлолияти давлатии кишвар соҳаҳои иҷтимоии шаҳри Исфара, аз ҷумла маорифу тандурустӣ ва фарҳанг низ, ба дастовардҳои назаррас ноил шудаанд. Дар ин давра дар ноҳия   72 иншооти соҳаи маориф, аз ҷумла мактабҳои наву  синфхонаҳои иловагӣ барои беш аз 11 ҳазор ҷойи нишаст, сохта, ба истифода дода шуда, корҳои лоиҳакашиву сохтмони бинои иловагии мактаби №28 барои 480 ҷойи нишаст ва мактаби нав дар мазеи Моҳпарӣ барои  480 ҷойи нишаст идома доранд.
 Дар баробари маблағгузориҳои буҷети давлатӣ дар барқарорсозӣ ва бунёди муассисаҳои маорифу тандурустии ноҳия саҳми соҳибкорону шаҳрвандони ноҳия низ зиёд мебошад. 
Сармоягузорӣ ба рушди маорифу тандурустӣ беҳтарин амали хайру савоб барои фардои миллату Ватан мебошад. Аз ин лиҳоз, бо истифода аз фурсати муносиб ба ҳамаи онҳое, ки дар сохтмону таъмири муассисаҳои  маорифу тандурустии кишвар ва умуман рушди ин соҳаҳо ҳиссаи сазовор доранд, изҳори сипос менамоям.
 Ҳоло дар 83 муассисаи таълимии Исфара, аз ҷумла, 69 мактаби таҳсилоти миёнаи умумӣ, 4 мактаби таҳсилоти умумии асосӣ ва 8 литсей беш аз 3 ҳазор нафар омӯзгор ба зиёда аз 48 ҳазор нафар хонанда таълиму тарбия дода истодаанд.
 Ҳамасола садҳо нафар хатмкунандагони мактабҳои шаҳри Исфара тавассути квотаи Президентӣ ва инчунин бо донишу малакаи худ сазовори номи донишҷӯ гардида, дар мактабҳои олии кишвар ва берун аз он таҳсил карда истодаанд.
 Ҳукумати мамлакат ба масъалаҳои беҳтар намудани шароити моддиву маишии кормандони бахшҳои иҷтимоӣ, аз ҷумла омӯзгорону табибон аҳамияти махсус медиҳад ва мо ин равандро тавассути марҳала ба марҳала баланд бардоштани маоши кормандон ва татбиқи чораҳои дигар минбаъд низ идома медиҳем.
 Ҳамзамон ба ин, дар замони истиқлолият дар шаҳри Исфара сохтмони Маркази тиҷоративу фарҳангии "Ориён" бо 200 ҷойи нишаст, майдони теннис, саҳна ва толори тобистонаи консертӣ бо  2500 ҷойи нишаст, таъмири асосии Кохи фарҳанг, осорхонаи таърихӣ-кишваршиносӣ, Маркази қабул ва пахши барномаҳои радиои ҷумҳурӣ, пули роҳи мошингарди Исфара-Чоркӯҳ дар деҳаи Чорқишлоқ, сохтмони бисёр хонаҳои истиқоматӣ ва бунёди маҳалҳои нави аҳолинишин аз ҷумлаи самараҳои неки раванди созандагиву бунёдкорӣ мебошанд.
 Ҳамчунин бунёди майдони марказии шаҳр, тармими роҳу пулҳо, муассисаҳои таълимиву табобатӣ ва умуман сохтмону таъмир ва азнавсозии зиёда аз 200 иншооти ҳаётан муҳими  иҷтимоӣ натиҷаҳои даврони соҳибистиқлолии Тоҷики
стон мебошанд.
 Соли равон роҳи мошингарди Исфара - Чоркӯҳ таъмиру барқарор карда шуда, дар ин самт ба мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр якҷо бо Вазорати нақлиёт зарур аст, ки ҷиҳати беҳтар намудани ҳолати роҳҳои ноҳия бо истифода аз ҳамаи имкониятҳои мавҷуда чораҷӯӣ намоянд.
 Дар баробари ҳалли масъалаҳои иҷтимоиву иқтисодии маҳалҳои ноҳия Ҳукумати Тоҷикистон ба эҳёву рушди минбаъдаи шаҳраки Шӯроб аҳамияти махсус зоҳир намуда истодааст. Бо ин мақсад ҳоло "Нақшаи барқарорсозӣ ва рушди иҷтимоиву иқтисодии шаҳраки Шӯроб барои солҳои 2011-2015" мавриди баррасӣ қарор дорад. Аз 74 лоиҳаи ба нақшаи мазкур пешниҳодшуда дар марҳалаи аввал 30 лоиҳа  ба маблағи  беш аз 26 миллион сомонӣ, аз ҷумла 15 лоиҳа ба маблағи беш аз 8 миллион сомонӣ дар бахши иқтисодӣ, 15 лоиҳа ба маблағи 15,3 миллион сомонӣ дар бахши инфраструктура ва 44 лоиҳа ба маблағи қариб 3 миллион сомонӣ дар бахши иҷтимоӣ, амалӣ карда мешавад.
 Иҷрои ҳадафҳои мазкур имкон медиҳад, ки масъалаҳои таъминоти аҳолӣ бо оби нӯшокӣ, сохтмон ва барқарорсозии инфраструктураи иҷтимоӣ ва иншооти маорифу тандурустӣ, азхудкунии иловагии заминҳои мавзеи Моҳпарӣ ва ташкили ҷойҳои нави корӣ ҳалли худро пайдо намуда, як қисми сокинони аҳолии ҷамоатҳои сераҳолии ноҳия ба шаҳраки Шӯроб кӯчонида шаванд. Амалишавии иқдоми мазкур ба беҳтар намудани вазъи иҷтимоиву иқтисодии аҳолии ҷамоатҳои деҳоти Чоркӯҳ, Ворух, Сурх ва дигар мусоидат хоҳад кард.
Ҳамдиёрони азиз!
Сокинони Исфара табиатан мардуми созандаву бунёдкор, оромтабиату нексиришт ва меҳнатдӯст мебошанд.
 Ҳукумати Тоҷикистон ба шарофати истиқлолияти миллӣ ва сулҳу суботи ҷомеа ҷиҳати фароҳам овардани шароити мусоид барои соҳибкориву тиҷорат ҳамаи чораҳои заруриро амалӣ намуда истодааст. Ин аст, ки сокинони шаҳри Исфара натиҷаи заҳмати худро чи дар дохил ва чи дар хориҷи кишвар озодона ба фурӯш бароварда, сатҳи зиндагии оилаҳои худро торафт беҳтар карда истодаанд.
Бинобар ин, мову шумо бояд ҳамеша шукрона кунем, ки соҳибдавлату соҳибихтиёр ҳастем ва тақдири давлати худро ба даст гирифтаем.
Ба шукронаи соҳибдавлатӣ ҳар яки мо бояд масъалаҳои тарбияи ватандӯстии ҷавонон, хизмати садоқатмандона ба модар - Ватан ва созандагиву ободкории сарзамини аҷдодӣ, инчунин риояи қонун ва волоияти қонунро ҳамеша дар мадди назар дошта бошем, ҳушёриву зиракии сиёсиро аз даст надиҳем ва зиёдаравӣ накунем.
Зеро сулҳу субот ва авзои орому осудаи ҷомеа пояи асосии рушди минбаъдаи иҷтимоиву иқтисодӣ ва пешрафти тамоми соҳаҳои ҳаёт мебошад.
Мову шумо дар давоми бист соли истиқлолият озмоишҳои гуногуни тақдир ва имтиҳонҳои вазнини зиндагиро паси сар намуда, таҷрибаву малака ва сабақҳои ибратомӯзи рӯзгорро пайдо намудем. Имрӯз ҳар як фарди бонангу номус ва ватандӯсту ватанпараст бояд барои ободиву тараққиёти Ватани азизамон содиқона заҳмат кашад ва барои фардои дурахшони миллату давлат ҳиссаи сазовори худро гузорад.
Бо ҳамин умедҳои нек бори дигар  мардуми бонангу номус ва заҳматкашу ҳимматбаланди Исфараро ба ифтихори бистумин солгарди соҳибдавлативу соҳибистиқлолӣ самимона табрик гуфта, ба ҳар як хонадон ободиву осудагӣ ва саломативу хушбахтиҳо орзу менамоям.
Ҳамеша саломату сарбаланд бошед!


Баёни ақида (0)    Санаи нашр:    №:    Мутолиа карданд: 3319
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед