logo

сафарҳо

Боздиди Сарвари давлат аз ноҳияи Ховалинг

Субҳи рӯзи 9 август сафари кории Эмомалӣ Раҳмон, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, ба вилояти Хатлон дар ноҳияи Ховалинг бо зиёрати оромгоҳи ҳазрати Султон Увайси Қаранӣ оғоз ёфт.
Дар шаҳраки маркази ноҳияи Ховалинг бо иштироки Эмомалӣ Раҳмон, Президенти мамлакат, як толори варзишӣ мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифт, ки шароити машқу тамрини намудҳои гуногуни варзиш  ва 100 ҷойи нишаст барои тамошобинон дорад.
Тавре иттилоъ дода шуд, дар ин мавзеи хушбодуҳаво барои бунёди ин толори варзишӣ,  майдони калони варзишӣ,  майдони гӯштигирӣ ва ҳавзи шиноварӣ 6 гектар замин ҷудо карда шудааст.

Чунонки зикр гардид, ин иншооти боҳашамати варзишӣ дар доираи иҷрои супоришҳои Эмомалӣ Раҳмон, Сарвари давлат, ки дар мулоқот бо варзишгарони кишвар моҳи декабри соли 2010 дода буд, бунёд меёбанд.
Эмомалӣ Раҳмон, Сарвари давлат, дастур дод, ки шароити варзишӣ бо назардошти талаботи мусобиқаҳои ҷумҳуриявию минтақавӣ бунёду муҳайё карда шаванд, то ки дар фасли тобистон баъзе мусобиқаҳо дар ин ноҳияи салқин ва хушҳаво барпо гарданд.
Мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтани бинои дуошёнаи истиқоматӣ боиси хушҳолию сипоси аҳли 12 хонаводаи мутахассисони ҷавон ва ходимони давлатӣ гардида, ба симои маркази ноҳияи Ховалинг ҳусни дигар зам намуд.
Эмомалӣ Раҳмон, Президенти кишвар, ба масъулон дастур дод, ки минбаъд барои бо хонаҳои хизматӣ таъмин намудани оилаҳои кадрҳои ҷавон, дигар ходимони давлатӣ ва нафароне, ки як мӯҳлати муайян кор карда, ба шаҳру ноҳияҳои дигар мегузаранд, биноҳои 4 ва 5-ошёна бунёд намоянд.
Иншооти дигари ҷашнӣ, ки дар маркази ноҳияи Ховалинг бо иштироки Эмомалӣ Раҳмон, Сарвари давлат, ифтитоҳ ёфт, Қасри фарҳанги ноҳия аст, ки тӯҳфаи арзанда барои аҳли фарҳанг ва санъат арзёбӣ гардид.
Тавре аён гардид, толори калони қаср дорои 320 ҷойи нишаст ва шароити зарурӣ барои гузарондани чорабиниҳои гуногуни фарҳангӣ мебошад.
Дар толори дигари Қасри фарҳанг намунаҳои осори таърихи бостони ин минтақаи кӯҳистони Тоҷикистон ва маҳсули ҳунарҳои мардумӣ ба намоиш гузошта шуда буданд.
Дар ин ҷо миёни Эмомалӣ Раҳмон, Сарвари давлат ва аҳли фарҳанги ноҳияи Ховалинг, аз ҷумла бо бобои Усто Ғулом, ки устои чирадасти асбобҳои мардумии мусиқӣ аст, сӯҳбати ҷолибу хотирмон сурат гирифт.
Дар маркази ноҳияи Ховалинг Эмомалӣ Раҳмон, Президенти ҷумҳурӣ, бо роҳбарияту фаъолон ва намояндагони сершумори ноҳия мулоқоти озоду ошкоро ороста, барои ободу зебо намудани ин гӯшаи кӯҳистони Тоҷикистон, ки дорои табиати биҳиштосо аст, ба масъулон супоришҳои мушаххас дод. Аз ҷумла дастур дода шуд, ки барои омӯзиши амиқи ёдгориҳои таърихию фарҳангии ноҳия, тарғибу ташвиқи онҳо ва бунёду муҳайёсозии инфрасохтори сайёҳӣ тадбирҳои судбахш  андешида, амалӣ намоянд, то ки ин як манбаи хуби даромади мардум ва буҷети ноҳияи Ховалинг гардад.
Таъкид гардид, ки барои барқарорсозӣ ва инкишофи минбаъдаи шабакаҳои оби нӯшокӣ ва кишоварзӣ, аз худ намудани 400 гектар заминҳои нав, васеъ кардани майдони кишти картошка ва ҳамчунин баҳри ободонии бештари ноҳияи Ховалинг чораҳои зарурӣ амалӣ карда шаванд.
Тибқи супоришҳои Сарвари давлат, дар деҳаи Шехони ноҳия аз ҳисоби Фонди захиравии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон як мактаби замонавӣ бунёд ёфта, роҳҳои маҳаллӣ давра ба давра мавриди навсозӣ қарор мегиранд.


Баёни ақида (0)    Санаи нашр:    №:    Мутолиа карданд: 2144
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед