logo

маориф

Омӯзгорон ба кор тариқи озмун интихоб мешаванд

Субҳи барвақти 10 август сафари кории Эмомалӣ Раҳмон, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, ба вилояти Хатлон дар ноҳияи Бохтар ва шаҳри Қурғонтеппа идома ёфт.

Эмомалӣ Раҳмон, Сарвари давлат, нахуст дар ноҳияи Бохтар литсейи президентии хонандагони болаёқатро, ки дар мавзеи дилфиребу назаррабои соҳили дарёи Вахш ҷойгир аст, мавриди баҳрабардорӣ қарор дод.
 Ин мактаби боҳашамат, ки нахустин литсейи президентӣ дар ноҳияи Бохтар аст, дорои як бинои сеошёнаи таълимӣ барои 660 нафар хонандаи болаёқат дар як баст, ду хобгоҳи чор ошёна бо 660 ҷойи хоб яке барои духтарон ва дигар барои писарон пешбинишуда, як бинои истиқоматии панҷошёнаи дорои 20 хона барои омӯзгорон дар майдони 10 гектар замин доман паҳн кардааст.
 Эмомалӣ Раҳмон, Сарвари давлат, дастур дод, ки барои қабули омӯзгорони касбӣ ва хонандагони лаёқатманд тавассути телевизиону радио  ва дигар воситаҳои ахбори умум ҷиддӣ ва мутобиқ ба  талаботи замон озмун эълон карда шавад.
 Бинои таълимии литсейи президентӣ дорои 22 синфхонаи зебою муҷаҳҳаз,    чор  озмоишгоҳи фаннӣ, чор  устохонаи омӯзиши ҳунарҳои дуредгарӣ, моделсозӣ, дӯзандагӣ ва пухтани таому шириниҳо, чор  синфхонаи компютерӣ, китобхонаи электронӣ, ду синфхонаи лингофонӣ барои омӯзиши забонҳои хориҷӣ ва дигар шароити таълиму тадриси хонандагон аст.  Дар ин литсей хонандагони болаёқат аз рӯйи 5 тамоюл - ҷамъиятию гуманитарӣ, риёзӣ, технологияи ҳунаромӯзӣ, санъату ҳунарҳои зебо ва варзиш таълиму тарбия дода мешаванд.  Толори зебою дилнишини маҷлисии литсей, ки бо 320 ҷойи нишаст, дорои шароити зарурии  маҷлисороӣ ва чорабиниҳои илмию фарҳангӣ аст, бо сифати баланд бунёду муҷаҳҳаз гаштааст.  Толори барҳавои варзишии литсей дорои шароити машқу тамрин аз рӯйи намудҳои гуногуни  варзиш ва 450 ҷойи нишаст барои тамошобинон аст. Эмомалӣ Раҳмон, Сарвари давлат, дастур дод, ки дар толор 1000 ҷойи нишаст омода карда шавад ва минбаъд толорҳои варзишии мактабҳои калон боз ҳам васеътар сохта шаванд.
 Зимни боздиди Президенти кишвар дар майдончаи замонавии омӯзиши қоидаҳои ҳаракати роҳ, ки дар саҳни литсей қарор дорад, дастаи мактаббачагони ноҳияи Бохтар машғули машқ буданд. Тавре иттилоъ дода шуд, ин даста дар мусобиқоти Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил дар ин самт сазовори ҷойи дуюм гардидааст.
 Хобгоҳҳои литсейи президентӣ дорои беҳтарин шароити муосири зист, истироҳату фароғат ва дарстайёркунӣ мебошад.
 Тавре зикр гардид, дар ин литсей ҷараёни дарсҳо, гашту гузор ва ҳар як хонаи хобгоҳ тавассути камераҳои мушоҳидавӣ назорат карда мешавад.  Ошхонаи литсей низ, ки дорои 320 ҷойи нишаст мебошад, зебою муҷаҳҳаз ва мувофиқ ба талаботи олии зарурӣ аст.
 Эмомалӣ Раҳмон, Сарвари давлат, барои боз ҳам беҳтар кардани шароити таълиму тарбия ва ободонию кабудизоркунии ҳудуд ва атрофи литсей супоришҳои мушаххас дод.


Баёни ақида (0)    Санаи нашр:    №:    Мутолиа карданд: 5691
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед